casino malaysia
casino malaysia
Конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик»

wrapper

                                                                                                                                                                            Мактуби иттилоотӣ
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28 - сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик» баргузор менамояд.
  Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегирад:
 
-  саҳми А.М. Баҳоваддинов дар ташкили Шуъбаи Фалсафа дар сохтори Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (ҳоло ИФСҲ-и АМИТ) ва дар асоси он созмони Шуъбаи таърихи фалсафа;
 
- А.М. Баҳоваддинов – бунёдгузори мактаби таҳқиқоти илмҳои фалсафӣ дар Тоҷикистон;
 
- нақши А.М. Баҳоваддинов дар таъйини самтҳои асосии таҳқиқоти илмҳои фалсафии тоҷик;
 
- шогирдони А.М. Баҳоваддинов – такмилдиҳандагони бахшҳои асосии илмҳои фалсафӣ дар даврони Шӯравӣ ва бунёдгарони фалсафаи даврони Истиқлоли тоҷик.
 
  Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
  Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
  Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (формати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти  Тimes New Roman. Андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад.
  Мӯҳлати қабули мақолаҳо то 31- июни соли 2021.
  Нишона барои ирсоли мақолаҳо: Котиби илмии ИФСҲ ба номи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АМИТ ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33.
  Телефонҳо барои иртибот: 221-56-89, 93 399 57 57,
  Почтаи электронӣ: мustafo2209@mail.ru

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia