Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушд»
- Ҷумъа, Май 14 2021
- Навидҳо
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи ба А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки рӯзи 06 сентябри соли 2021 бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушд» баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
- Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахшу оқилонаи нерӯи барқ
- Роҳҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ
- Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат
- Масъалаҳои саноатикунонии босуръати кишвар
- Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар Тоҷикистон
- Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва худмуайянкунии касбии шаҳрвандони Тоҷикистон
- Алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилот дар Тоҷикистон
- Дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот
- Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақри шадид
- Масъалаҳои рушди синфи миёна дар Тоҷикистон
- Танзими раванди муҳоҷирати бурунмарзии меҳнатӣ дар Тоҷикистон
- Мубориза бар зидди коррупсия
Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Макони баргузории конференсия: Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ ва ё ҷузъи маҷаллаи Институт чоп мешавад. Ҳангоми омоданамоии матни мақолаҳои илмӣ бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- таҳриргарҳои MS WORD 2003-2007, ҳарфҳои шакли Times New Roman, Times New Roman Тj, ҳаҷми ҳарфҳо 14 кегл;
- фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
- рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;
- ҳаҷми матни маърўза бо формула, расм, ҷадвал ва рўйхати адабиёт набояд аз 10 саҳифа зиёд бошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаҳоро то 15 июни соли 2021 ба суроғаи мо равон ирсол намоед:
-
Суроғаи мо: 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи ба Баҳоваддинови АМИТ (Шоисматуллоев Ш. ва Саидов А.)
-
Телефон барои тамос: (+992) 93-508-68-78; 93-116-61-85.
-
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.