casino malaysia
casino malaysia
Паёми шодбошӣ ба муносибати 70-умин солгарди зодрӯзи Устод Акбаршо Искандаров!

wrapper

 
 Роҳбарият  ва ҳайати ходимони илмӣ, кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, арбоби сиёсии собиқадору соҳибтаҷриба, дипломати моҳир, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Акбаршо Искандаровро бо ҷашни фархунда – 70-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нави илмию эҷодиро орзуманд аст.
  Устод Акбаршо Искандаров 1 августи соли 1951 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Қалъаихумб (ҳоло Дарвоз)  ВМКБ ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
  Таҳсил: мактаби №9 деҳаи Кеврон (1958-1965), техникуми политехникии ш.Душанбе (1966-1973). Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1974-1979). Мактаби олии партиявии Тошкент (1986-1989). Аспирантураи Академияи дипломатии Москва (2000-2003). Доктурантураи Академияи хизмати давлатии Москва  дар назди Президенти Федератсияи Россия (2005-2008).
  Собиқаи корӣ: Хизмат дар сафҳои мусаллаҳ СССР (1970-1972), инженер, иқтисодчии хадамоти кишоварзии ноҳияи Қалъаихумб (1972-1980), нозири комитети  назароти  халқї (1980-1981), сардори идораи омор (1980-1982), инструктори кумитаи  ҳизбии партиявии ноҳия (1981-1984), инструктори кумитаи партиявии ВМКБ ҶШС Тоҷикистон (1984-1986),  раиси раёсати кишоварзии ноҳияи Ишкошим (1986-1987), котиби аввали ҳизбии ноҳияи Ванҷи ВМКБ ҶШС Тоҷикистон (1987-1990) ва ҷонишини раиси Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990-1992). Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷумҳури Тоҷикистон (1992); Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон (1993-2001),  Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Қазоқистон  (2001-2007), Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғилистон (2004-2007), Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус (2007-2019), мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносї  ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ(2019 то ҳол) .
Устод Акбаршо Искандаров диссертатсияи номзадиашонро дар мавзӯи “Интеграционные процессы в государствах Центральной Азии: На примере Республики Таджикистан и Туркменистана” соли 2002 дар ш. Москва дар Шӯрои диссертатсионии назди Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федеретсияи Россия дифоъ намудааст.
Диссертатсияи докториро бошад Устод А.Искандаров соли 2007 дар мавзӯи “Региональные интеграционные институты как фактор стабильного развития новых независимых государств Центральной Азии» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дифоъ намудааст.
Таҳти роҳбарии  ӯ даҳҳо нафар унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ бомуваффақият диссертатсияҳои худро  аз рӯи ихтисоси   сиёсатшиносӣ ҳимоя намуданд.
  Интишороти илмӣ:
  Родники дружбы: записки посла. Москва, 2000 г., 296 с.; Государства Центральной Азии в интеграционных процессах. -Душанбе, 2007 г., 452 с.; Интеграция в Центральной Азии: политические аспекты. Душанбе, Ирфон, 2007г., 344 с.;
Таджикистан-Казахстан: многовековая дружба – новые горизонты. Алматы, 2006 г.; Корвони умр.- Алматы, 2004 г., 112 с.;
 О вкладе русских ученых в становлении и развитии науки в Таджикистане. -Душанбе: Дониш, 2021 г.;
Шанхайская организация сотрудничества – Гарант безопасности и стабильности в Евразии. -Душанбе: 2021, 275 с.
А.Искандаров  инчунин  муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ мебошад,ки дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии  Федератсияи Россия, Қазоқистон ва кишварҳои хориҷи дур ба табъ расидаанд.


 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia