casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1040 солагии Абуалӣ ибни Сино

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов
Маркази синошиносӣ

 МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Муфассал ...
Хондан 1034 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Қадами хайру нияти нек

 
  Мақом ва манзалати як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми ҳастияш дигар созаду боиси ифтихори мардуми он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ҳоҷат ба такрор нест ва танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба қавли бузургҳо қадами хайру нияти неки як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад ва баръакс як қадами нохайру тинати нопок боиси нобудии баракат ва бадбахтии башар мегардад. Кишвари мо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ кулли бадбахтиву балоҳоро аз сар гузаронид ва мардуми Тоҷикистон ва сарзамини онро хатари сахте таҳдид мекард. Мардум дар баробари қурбониҳову сарсониву қашшоқӣ боз тарси бузургеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин зиндагии бесару сомон ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насиб мешуда бошад ва амсоли инҳо. Муфассал ...
Хондан 1004 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

«Уфуқҳои истиқлол» - сарчашмаи нодири худшиносӣ

    «Уфуқҳои истиқлол» - зери ин ном китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид, ки дар он аз бурду бохт ва дастовардҳои беназири  замони соҳибистиқлолӣ сухан меравад. Китоби мазкур фарогирандаи тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷомеа мебошад. Мавзӯи асосии он аз марҳилаи барқарорсозии сохтори конститутсионӣ дар Тоҷикистон оғоз гардида, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, рушди арзишҳои демократӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои онро дар сиёсати хориҷӣ дарбар мегирад. Дар асари мазкур дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар замони сохибистиқлолӣ нишон додашудааст. Махсусан, ҳадафҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба ояндаи дурахшони кишварамон хеле ҷолиб арзёбӣ ёфтааст. Муфассал ...
Хондан 1679 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Паём ҳамчун баёнгари манфиатҳои миллӣ ва идеяҳои созанда

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар он дастовардҳои миллии мо таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар ҳамеша таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Паёмҳо ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақсадҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии кишвар равона шуда, дар ҳалли мушкилоти гуногуни дохиливу берунии кишвар нақши муҳим доранд.
 Қайд кардан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию геополитикии ҷаҳони муосир, густариши терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин рў, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунад, дарҷ гардиданд. Муфассал ...
Хондан 1672 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia