casino malaysia
casino malaysia
Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1040 солагии Абуалӣ ибни Сино

wrapper

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов
Маркази синошиносӣ

 МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

  «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми ҷаҳонӣ, фалсафа ва фарҳанг»

 Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1040 солагии Абуалӣ ибни Сино, 8-10 октябри 2020, ш.Душанбе,Тоҷикистон

    Соли 2020 таҷлили 1040-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги тоҷику форс, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар доираҳои илмӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон сурат мегирад. Вобаста ба ин Академияи илмҳои ҶТ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи октябри соли 2020 бо иштироки мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми ҷаҳонӣ,фалсафа ва фарҳанг» баргузор намояд.

    Дар симпозиум масъалаҳои мақоми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи форсу тоҷик ва ҷаҳон, зарурати омӯзиши «Осор»-и Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, маълумоти бойгониҳову ҳуҷҷатҳои дастрас, саҳми ӯ дар рушди илму фарҳанги давраи Эҳёи мардумони тоҷику форс, ҷойгоҳи Ибни Сино дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳон, раванди ташаккули андешаи илмӣ-фалсафӣ дар Шарқи асримиёнагӣ, саҳми Абуалӣ ибни Сино дар таърихи илми тиб, таърихи фалсафа, табиатшиносӣ (ҳандаса, нуҷум, маъданшиносӣ ва ғ.), мантиқ, адабиёт, хусусият ва вижагиҳои эҳё, пайдоиш ва рушди андешаи фалсафӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Эрон, саҳми мутафаккир дар ташаккули манзараи илмии олам, аҳамияти тафаккури таҳлилӣ-интиқодии таълимоти ӯ барои рушди зеҳнии насли ҷавон; омузиш, тарҷума ва нашри осори ӯ мавриди муҳокима қарор мегиранд.  Номгӯи мухтасари масъалаҳое, ки баррасӣ мешаванд:  

  1. Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди фалсафаи ҷаҳонӣ
  • Омӯзиши осори Абу Али ибни Сино дар Тоҷикистон ва ҷаҳон;
  • Масъалаҳои ҳастишиносӣ (онтология). Ҳаёт ва марг;
  • Назарияи маърифат (эпистемология), масоили илми мантиқ,
  • Фалсафаи табиатшиносӣ;
  • Антропологияи фалсафӣ ва равоншиносии Абуалӣ ибни Сино;
  • Фалсафаи иҷтимоӣ ва ахлоқии Абуалӣ ибни Сино;
  • Андешаҳои сиёсӣ ва илми хитоба;
  • Ибни Сино ва фалсафаи Ғарб;
  • Абуалӣ ибни Сино ва фалсафаи замони муосир;
  1. Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва тиб
  • Масоили илмҳои риёзӣ, физикӣ ва нуҷум дар осори Абуалӣ ибни Сино;
  • Масоили заминшиносӣ(геология) ва маъданшиносӣ (минералогия);
  • Масоили биология, илми тиб, таъсири Ибни Сино дар рушди тибби ҷаҳонӣ;
  • Ибни Сино-асосгузори истилоҳоти илмиву фалсафӣ;
  1. Ибни Сино ва масоили фарҳанг, таърих ва тамаддун, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, рушди равонӣ ва ҷисмонии инсон
  • Масъалаҳои таърихшиносӣ, ҳуқуқ ва фарҳангшиносӣ; Замони Сомониён чун падидаи нодири таърихӣ ва фарҳангӣ;
  • Масъалаҳои мусиқишиносӣ;
  • Педагогикаи Ибни Сино;
  • Фалсафаи адабиёт. Поэтикаи Ибн Сино ва ашъори форсии ӯ;
  • Саргузашт-сафарноманависӣ чун манбаи омӯзиши таъриху фарҳанг;
  • Ирфони Абуалӣ ибни Сино;
  • Масъалаҳои варзиши бадан;
  1. Мавзӯи мизи мудаввар: Абуалӣ ибни Сино, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон.

   Аз муҳаққиқони  ташкилотҳои илмӣ ва   муассисаҳои олии таълимӣ хоҳиш карда мешавад, ки  мақолаву пешниҳодҳои худро дар ҳаҷми то 15 саҳ. дар шакли электронӣ бо шрифти 14 Times New Roman(Tj) то 10 майи 2020 бо нишон додани ному насаб, суроғаи электронӣ (e-mail), рақами телефон ба Кумитаи тадорукоти Симпозиуми илмӣ ба суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АИ ҶТ ирсол намоянд.

   Шахсони масъул:

Ҷонбобоев С. - телефон барои тамос : 93 447 0560;   суроғаи электронӣ:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Маҳмадҷонова М. Т. - телефон барои тамос : 918 877 009; суроғаи электронӣ:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Махшулов М. -  телефон барои тамос: 221 77 96; суроғаи электронӣ:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

   Нашри маҷмӯаи мақолаҳо дар назар аст. Симпозиум имкони ҷуброни хароҷоти  иштирокдоронро  надорад.

Кумитаи тадорукот

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia