casino malaysia
casino malaysia
Қадами хайру нияти нек

wrapper

 
  Мақом ва манзалати як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми ҳастияш дигар созаду боиси ифтихори мардуми он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ҳоҷат ба такрор нест ва танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба қавли бузургҳо қадами хайру нияти неки як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад ва баръакс як қадами нохайру тинати нопок боиси нобудии баракат ва бадбахтии башар мегардад. Кишвари мо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ кулли бадбахтиву балоҳоро аз сар гузаронид ва мардуми Тоҷикистон ва сарзамини онро хатари сахте таҳдид мекард. Мардум дар баробари қурбониҳову сарсониву қашшоқӣ боз тарси бузургеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин зиндагии бесару сомон ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насиб мешуда бошад ва амсоли инҳо.
 Шукри худованд, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон марди ҷасуру қавиирода бо қадами хайру устувор бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як нур ва умеде буд бар дили мардуми парешону нимароҳи тоҷик. Дар ҳақиқат ба сари давлат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабеҳи Хуршеде буд, ки дар як муддати кутоҳе ба сарзамин ва ҷисму ҷони шаҳрвандони кишварамон гармӣ бахшиду қоматҳои хамида аз нав шуруъ ба рушду камол карданд. Ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кучаҳои баҳам рехтаро биноҳои наву ҳозиразамон ва гулгашту чаманзорҳо гирифт. Шаҳру деҳотҳои солҳо аз назар дурмонда ва роҳҳои калетаву фарсудаи нообод аз нав рӯ ба беҳбудӣ карданд ва мактабҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуд….Махсусан Неругоҳи барқии обии Роғун, ки бепарастору нообод монда буд бо талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат аз нав ба кор андохта, танзим карда шуд ва инак ду агрегати он ба кор даромада боиси ифтихору сарбаландии кишвару миллатамон шуд. Ин буд мухтасари аввалин талош ва шоҳкориҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз торикоту зулмот наҷот бахшид ва Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқ табдил дод ва ба тамоми дунё муаррифӣ кард.  Дигар аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ташаббуси оқилонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Президенти кишварамон буд. Тавассути ин фаъолияти хирадмандонаи хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Пешвои миллат боис гардид, ки  мардум ва кишвари азизамон соҳиби Пешво ва Лидери ягонаи миллӣ гаштанд. Маҳз ба қадами хайру нияти неки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шинохтанд.
  Қалбан мегӯям, ки мефахрам бо чунин шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣ ва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд. Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ӯ на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати миллати тоҷикро бо тамоми фарҳангу тамаддун ва суннату таърихаш мебинем.
  Бояд гуфт, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар кардаанд, ҳарчи қадар гӯем кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарам мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи ҳар яки мост.
  Аз рӯи инсоф ва адолат аст, ки дар бораи фаъолияту хизматҳои Раиси ҷавону хушсалиқаи шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чанд сухане  гӯем, ки ӯ бо қадами хайру маънавиёти баланди худ шаҳрро ободу нурафшон кард. Дар ибтидо дар бораи  шаҳрдорӣ як назаре ба таърихи халқи тоҷик намуда, барои мисол метавонем аз мутафаккири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ, ки дар замони сахтарин зиндагии вазнину қашшоқонаеро аз сар гузаронида буд,  як намунае биёрем. Ӯ дар достони «Дар бораи ҳазрати Абдуллохон шаҳри Бухороро оин бастан» навиштааст, ки баъд аз рӯзгоре ба рӯи тахт омад шаҳриёре, чи шаҳи фархундаиқбол ва чи шоҳи шаҳзодаи тимсоли хуршед буд ба исми Абдуллохон, ки тамоми зулму истебъдод ва харобазорҳоро аз байн бурд:
          Ба аҳдаш золимон гаштанд ранҷур,
          Гурезон гашта чун тир аз камон дур. 
          Бухоро пир буд, акнун ҷавон шуд,
          Ба даврон Абдуллохон шуд.
  Мувофиқи навиштаи Сайидо, маҳз ба баракати қадами хайри ин ҳоким даврон, аз кавкаби ӯ шаҳри Бухоро чароғон гашта, ба зеботарин ва тозатарин шаҳр табдил шуд:
          Мунаввар шуд чун субҳи наврӯз,
          Баробар шуд ба аҳди ӯ шабу рӯз.
          Зи ҳукмаш кучаҳо гардида равшан,
          Зи шаб то рӯз натавон фарқ кардан.
  Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-е, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми шаҳрро ба ҳам рехта, мардумро дар вазъияти сахту бесару сомонӣ қарор дод. Махсусан аҳли илму адаб дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, рӯ ба деҳоту руфтани кучаҳо оварданд. Шаҳр харобазору бозору дуконҳо холӣ . Хулоса қисса кутоҳ ҳамон замони Сайидои Насафӣ баргашт бар сари мардуми тоҷик.
  Бо ба майдон омадани Ҳокими ҷавон чун ахтар нурафшон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳр дар муддати кутоҳе ба як шаҳри афсонавии мутараққии мутамаддин, ки мардум тасаввур ҳам карда наметавонист табдил ёфт. Шаҳр бо тамоми ҳастияш дар айни ҳол шукуфону сабзу хуррам шуд: сохтумонҳои баланду зебои дунявӣ бо фарҳангҳои омехта қомат баланд карданд. Гулгашту чаманзорҳо, боғу боғчаҳо, варзишгоҳу майдончаҳои бозӣ, роҳҳои аз нав ислоҳшуда бо истгоҳҳои ҳозиразамон, бозору мағозаҳои замонавӣ, бемористону шифохонаҳои ба замони муосир ҷавобгу, тарабхонаву қаҳвахонаи барҳавою рӯҳбахш, хонаҳои фарҳангӣ-варзишӣ, ороишгоҳҳо ва амсоли инҳо қомат рост карда, ба кору фаъолият шурӯъ намуданд.
  Ин ҳама ҳама гулгулшукуфиҳо ва зебоиҳои шаҳрамон аз қадами хайру нияти поки ин ҳокими ҷавони гуногунандеш, эҷодкору бо фарҳанг ва ватандӯсту поктинат Рустами Эмомалӣ мебошад, ки бигузор ҳамеша солиму бардам, қавию устувор ва ба иродаи матин аз Пешвои миллатамон пайравӣ намоянд ва бо нури гарму хуррамиҳои худ ба рӯҳу равони шаҳрвандон оромишу осудагӣ бахшад. Шаҳрвандон низ дар навбати худ бояд заҳмату талошҳои ин Ҳокими ҷавонро надида нагиранд ва ба ҳифзу тозагию ободии шаҳри хеш ва баҳри истифодаи солим аз ин нематҳои фаровони табиию маънавӣ саъю кушиш намоянд ва шукргузор бошанд.         
 
Муродова Тоҷинисо
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии Шуъбаи
таърихи фалсафаи  Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқии ба
номи А.Баҳоваддинови
Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia