casino malaysia
casino malaysia
«Уфуқҳои истиқлол» - сарчашмаи нодири худшиносӣ

wrapper

    «Уфуқҳои истиқлол» - зери ин ном китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид, ки дар он аз бурду бохт ва дастовардҳои беназири  замони соҳибистиқлолӣ сухан меравад. Китоби мазкур фарогирандаи тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷомеа мебошад. Мавзӯи асосии он аз марҳилаи барқарорсозии сохтори конститутсионӣ дар Тоҷикистон оғоз гардида, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, рушди арзишҳои демократӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои онро дар сиёсати хориҷӣ дарбар мегирад. Дар асари мазкур дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар замони сохибистиқлолӣ нишон додашудааст. Махсусан, ҳадафҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба ояндаи дурахшони кишварамон хеле ҷолиб арзёбӣ ёфтааст.
   Муаллиф дар боби аввали китоб аз оқибатҳои сангини давраи ҷанги шаҳрвандӣ мисол оварда,  паст будани маърифати сиёсии тарафҳои даргирро сабаби асосии авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ медонад. Алалхусус, қайд менамояд, ки бадхоҳони миллат ба эътибор нагирифтанд, ки идеологияи онҳо ба воқеияти имрӯзаи ҷамъиятӣ ва геополитикии давр созгор нест.
   Дигар масъалае, ки дар китоб ба таври мукаммал нишон дода шудааст, рушди иқтисодӣ ва дурнамои стратегии инкишофи он мебошад. Муаллиф баҳри пешрафти иқтисодии кишвар роҳу воситаҳоро нишон дода, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро баррасӣ намудааст. Дар баробари ин, муаллиф барои ноил шудан ба чунин ҳадафи стратегӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, саноаткунонӣ ва пешбурди сиёсати минтақавии кишварро дар ин самт афзал медонад.
   Бояд гуфт, ки пешрафти ҳеҷ як давлатро бе рушди соҳаи иҷтимоии он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ин масъаларо бисёр даққиқ баён намуда, оид ба сатҳи некуаҳволӣ ва солимии миллат, муҳоҷирати меҳнатӣ  ва танзими он, инчунин оид ба  пешрафти  илму маорифи кишвар ибрози андеша намудааст. Муаллиф илмро калиди кушоиши ҳамаи мушкилоти ҷомеа медонад. Воқеан, илм қудрат буда,  инкишофдиҳандаи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа аст.
   Муаллиф дар китоби мазкур масъалаи баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва сиёсии шаҳрвандонро низ ба таври васеъ шарҳу баён намудааст. Махсусан, дар раванди баланд бардоштани маданияти сиёсии мардум нақши арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро махсус қайд мекунад. Алалхусус, ҷойгоҳи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро дар устувор кардани низоми сиёсӣ муайян намуда, нақши онҳоро дар мустаҳкам намудани равандҳои иҷтимоию сиёсӣ баррасӣ намудааст. Аҳамияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои давлатдории миллӣ аз он иборат медонад, ки метавонанд дар муттаҳид ва сафарбар кардани шаҳрвандон саҳм гузоранд.       
   Пешвои миллат дар китоби мазкур неруи созандаи созмонҳои ҷамъиятиро барои давлатдории миллӣ қайд намуда, чунин ибрози андеша намудааст: «Дар самти мазкур бисёр муҳим аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ мавқеи давлатмеҳварӣ дошта бошанд ва ба арзишҳои умумии соҳибихтиёрии давлатӣ эҳтиром гузоранд. Дар акси ҳол, онҳо метавонанд ба сифати «неруи нарм» - и кишварҳои хориҷӣ баромад намуда, ҳамчун пешбарандаи арзиш ва анъанаҳои бегона фаъолият кунанд». Дарвоқеъ, барои устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳисси худогоҳии шаҳрвандон нақши маданияти сиёсӣ барҷаста аст. Ҳар қадаре, ки сатҳи маърифатнокии мардум баланд бардошта шавад, ҳамон миқдор рушду инкишофи ҷомеа таъмин карда мешавад. Дар ин самт, Пешвои миллат нақши ҷавононро қайд намуда, огоҳ будани онҳоро аз равандҳои  сиёсии ҷаҳонӣ бисёр муҳим арзёбӣ менамояд. Ба андешаи муаллиф ин барои  баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон  муҳиммияти махсус дорад.
   Дар китоби мазкур таъмини ваҳдат ва суботи ҷомеа бисёр ба таври муфассал баррасӣ шудааст. Омилҳои хатарзои  амнияти миллии кишвар нишон дода шуда, баҳри танзим ва пешгири  намудани онҳо дастурҳои муҳим пешниҳод гардидааст.  Дар ин самт, Пешвои миллат таъмини амнияти иттилоотиро хеле  зарур мешуморад. Зеро дар раванди ҷахонишавӣ ҳар гуна ахборотро дастрас намудан мумкин  аст, ки баҳри амалишавии ғаразҳои бегонагон омода шудаанд. Ба андешаи Ҷаноби Олӣ «Манфиат ва арзишҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамояд,ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлатӣ ва ҷомеа хидмат намоянд». Дарвоқеъ, имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои пасипардагии манфиатхоҳ шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионии махсус ташкил карда шудааст, ки баҳри сарнагун кардани сохторҳои сиёсии кишварҳо кор мекунанд.
   Дар охирсухани китоб муаллиф ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сиёсати байналмилалӣ баррасӣ намуда,  равобити дипломатии онро бо кишварҳои ҷаҳонӣ нишон додаст. Ҳамчунин, аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ мисолҳо оварда, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ намудааст. Дарвоқеъ, китоби «Уфуқҳои истиқлол» - и Пешвои миллат мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон сарчашмаи нодири маълумот оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Муаллиф дар он мушкилот ва дастовардҳои тамоми самтҳои ҷомеаро мавриди омӯзиши амиқ карор додаст. Махсусан, чаҳор ҳадафи стратегии кишвар хеле муфассал муфассал баён ёфтааст.
   Ҳамин тавр, китоби «Уфуқҳои истиқлол» ҳамчун дастури пурарзиш барои шинохти арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ алалхусус, барои  ҷавонон аз аҳамияти хоса дорад, ки бояд дар мактабҳои олии кишвар мавриди омӯзиш қарор ёбад.

Фазилат Саидова
ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia