casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Таъзиянома

  Мусаллам аст, ки ҳакимону донишмандон раҳнамои миллат дар тамоми умури ҳаётии он буда, мардумро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ҳидоят мекунанд. Маҳз арбоби илм инсониятро рӯҳу тавони тоза бахшида, зина ба зина зиндагиро ба фатҳи қуллаҳои нав раҳбарӣ менамоянд.
  Дар тӯли соли равон на танҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, балки илми шарафманди миллати азизамон талафоти калон дод. Яку якбора якчанд ҳакимону донишмандони забардасти миллат – Ашӯров Ғ. А., Самиев А. Ҳ., Диноршоев М. Д. ва Ҳазратқулов М. Ҳ. ҷаҳонро падруд гуфтанд ва моро пешорӯи душвориҳои зиёди илмӣ гузоштанд. Онҳо барои миллати шарифамон хидмати шоёни таҳсин кардаанд. Пеш аз ҳама, дар таҳқиқу эҳёи осори гаронмояи фалсафии ниёгонамон ва инкишофи фалсафа саҳми бениҳоят бузург гузоштаанд. Ҳар кадоми ин устодони забардаст даҳҳо шогирдон – докторони илми фалсафа ва номзадҳои илм тарбия кардаанд, ки давомдиҳандаи кори эшон ҳастанд. Аз ин рӯ, бо боварии том метавон гуфт, ки ин Устодони арҷманди мо рисолати инсонӣ ва донишмандии худро бо сари баланд иҷро кардаанд; равонашон шод ва охираташон обод бод. Муфассал ...
Хондан 1048 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Аксари мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон барои субот, тараққиёт ва ояндаи боз ҳам беҳтари кишвари худ овоз доданд

  Тавре қаблан хабар додем, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки дирӯз, 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо  ғалаба ба даст оварданд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҷамъбаст ва баъдтар эълон карда мешаванд, аммо аллакай маълумоти аввалине, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тотористон эълон кард, пирӯзии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод.

Муфассал ...
Хондан 802 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Интихобот ва масъулияти шахсии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон

  То давраи интихобот замони зиёде намондааст. Интихобот имрӯз як ҷузъи муҳими ҳаёти сиёсӣ мебошад, ки ба раванди ояндаи тамоми соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа ва рушди шахсият хусусият мебахшад. Интихобот яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти давлат, шахс ва ҷомеа мебошад: ҳангоми овоздиҳӣ ба ягон номзад, мардум ба умедҳои худ овоз медиҳанд. Ҳаёти ҳар як шахс маҷмӯи умедуорзуҳоест, ки бо тавассути қарорҳо ва амалҳо вай ба ҳадафҳои ҳаётӣ ва усулҳои татбиқи онҳо мерасад. Интихобот маъракаест, ки ҳар шаҳрванди мамлакатро ба қабули  қарори муҳим водор месозад. Онҳое, ки аз интихоби худ наметарсанд, зуд ба камол мерасанд. Муфассал ...
Хондан 965 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мукофоти давлатӣ ба муовини директори Инситути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ муборак бошад!

  Дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муовини Директор  оид ба илм ва таълими  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ  сарфароз гаштанд, ки боиси шодӣ, ифтихор ва сарфарозии ҳайати кормандон, ходимони илмӣ, унвонҷӯен, магистрони институтамон гардид. Муфассал ...
Хондан 1008 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(52 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia