casino malaysia
casino malaysia
Таъзиянома

wrapper

  Мусаллам аст, ки ҳакимону донишмандон раҳнамои миллат дар тамоми умури ҳаётии он буда, мардумро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ҳидоят мекунанд. Маҳз арбоби илм инсониятро рӯҳу тавони тоза бахшида, зина ба зина зиндагиро ба фатҳи қуллаҳои нав раҳбарӣ менамоянд.
  Дар тӯли соли равон на танҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, балки илми шарафманди миллати азизамон талафоти калон дод. Яку якбора якчанд ҳакимону донишмандони забардасти миллат – Ашӯров Ғ. А., Самиев А. Ҳ., Диноршоев М. Д. ва Ҳазратқулов М. Ҳ. ҷаҳонро падруд гуфтанд ва моро пешорӯи душвориҳои зиёди илмӣ гузоштанд. Онҳо барои миллати шарифамон хидмати шоёни таҳсин кардаанд. Пеш аз ҳама, дар таҳқиқу эҳёи осори гаронмояи фалсафии ниёгонамон ва инкишофи фалсафа саҳми бениҳоят бузург гузоштаанд. Ҳар кадоми ин устодони забардаст даҳҳо шогирдон – докторони илми фалсафа ва номзадҳои илм тарбия кардаанд, ки давомдиҳандаи кори эшон ҳастанд. Аз ин рӯ, бо боварии том метавон гуфт, ки ин Устодони арҷманди мо рисолати инсонӣ ва донишмандии худро бо сари баланд иҷро кардаанд; равонашон шод ва охираташон обод бод.
 
 

  Ғаффор Ашӯров (5.03.1930–5.05.2020) яке аз аввалинҳо шуда, ба фалсафаи Носири Хусрав рӯ оварда, нукоти асосии фалсафаи ин мутафаккир ва дар ин замина андеша ва ақоиди Абуҳотими Розиро мавриди баррасӣ қарор дод. Асарҳои фалсафии Носири Хусрав «Зоду-л-мусофирин», «Ҷомеъу-л-ҳикматайн», «Кӯшоиш ва раҳоиш» ва ғ.-ро ба доираи илмӣ ворид намуда, дастраси хонандагон гардонид. Солҳои баъдина Ғ. Ашӯров ба масоили маорифпарварӣ рӯ оварда, дар ин самт мақолаҳои зиёди пурарзиш ба чоп расониданд. Китоби Ғ. Ашӯров «Фалсафаи аҳди Сомониён» китоби ҷамъбастиест доир ба андешаҳои фалсафии даврони ташаккули халқияти тоҷик.



  Самиев Абдусамад (22.04.1948 - 28.07.2020) дар таҳкиқи осору афкори иҷтимоии миллати тоҷик саҳми шоиста гузоштаанд. Асарҳои шодравон «Генезис и развития исторического сознания», «Культура как фактор национального единства», «Национальная идея как философия национального единства», «Историческое сознание как самопознание общества» ва «История и философия науки» ва ғ. дар ташаккули афкори иҷтимоии тоҷик бисёр бузург аст.


  Диноршоев Мӯсо (7.11.1934–29.09.2020) яке аз муҳақиқони варзидаи тоҷик эътироф шудаанд. Таълифоти Диноршоев М. «Фалсафаи Насируддини Тӯсӣ», «Фалсафаи табиии Ибни Сино», «Аз таърихи фалсафаи тоҷик», «Матолиби фалсафии Ибни Сино», «Фалсафаи касратгароии Абубакри Розӣ», «Ҷӯсторҳо дар фалсафаи Ибни Сино», «Фалсафаи Ибни Сино» ва рисолаву мақолоти сершумор ба чоп расонидаанд. Устод Мусо Диноршоев барои ба чоп омода намудани осори Ибни Сино ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ саҳми шоистаи таҳсин доранд. Дар тарҷумаи асарҳои Носири Хусрав, Абуҳомиди Ғаззолӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ нақши устод бисёр бузург аст. Дар таъсис ва ташаккули Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, дар тарбияи шогирдони зиёд ва пешрафти илму фалсафаи тоҷик мақоми бориз доранд.

  Доктори илмҳои фалсафа, устод Муҳаммадқул Ҳазратқулов (5.11.1944–8.10.2020) яке аз муҳаққиқони маъруфу шинохтаи таърихи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқи форс-тоҷик аз замонҳои қадим то даврони муосир ба шумор меравад. Ба қалами ӯ бештар аз 8 китобу монографияҳои калонҳаҷм тааллуқ доранд.

Мо - кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба аҳли хонаводаи арҷманди Устодони гиромиамон тассаллият арз мекунем ва сабри ҷамил хоҳонем.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia