casino malaysia
casino malaysia
Конференсияи илмӣ-амалӣ «Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муқовимат ба экстремизми сиёсӣ-динӣ ва терроризми байналмилалӣ»

wrapper

ПРЕСС-РЕЛИЗ
 
Конференсияи илмӣ-амалӣ
 
«Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муқовимат ба экстремизми сиёсӣ-динӣ ва терроризми байналмилалӣ»
13 ноябри соли 2020
ДУШАНБЕ

  Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ рузи 13 ноябри соли 2020, соати 09:00 то 16:00 конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муқовимат ба экстремизми сиёсӣ-динӣ ва терроризми байналмилалӣ» баргузор мегардад.

Сабти ном аз соати 08:30-09:00.

 Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегирад:

  • Ҷаҳоншавӣ ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ аз ҷониби терроризми байналмилалӣ
  • Ҳолат ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм. (Ҳолат ва дурнамо)
  • Ҳамкории ҶТ дар мубориза  ба зидди радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар доираи  СААД
  • Таҷрибаи ташаккули муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷкистон ва кишварҳои ИДМ дар мубориза бо радикализми сиёсӣ
  • Ҳамкории ҶТ бо Федератсияи Россия дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ
  • Тоҷикистон ва ИМА: муносибатҳо дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ
  • Ҳамкории ҶТ  бо  Ҳиндустон ва Покистон  дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм
  • Ҳамкории ҶТ бо ҶХЧин дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ               

 

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Маводҳои дигар дар ин бахш: « Таъзиянома Табрикот »

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia