casino malaysia
casino malaysia
Табрикот

wrapper

   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри 2020, ба муносибати ҷашни Рӯзи байналмилалии фалсафа, як қатор муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ) бо мукофот сарфароз гардонид. Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон” олимони зерин қадр карда шуданд:
 Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич- муовини Директори ИФСҲ, доктори илмҳои фалсафа;
Саидҷаъфарова Парвина - котиби илмии ИФСҲ, номзади илмҳои фалсафа;
Мирзоев Ғаффор - мудири шуъбаи масоили фалсафии дини ИФСҲ, доктори илмҳои фалсафа;
Ҷонбобоев Сунатулло- мудири Маркази синошиносии ИФСҲ, номзади илмҳои фалсафа;
Нематов Акмал- сарходими илмии шуъбаи  масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири ИФСҲ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
Абдуллоев Шерзот - ходими пешбари илмии шуъбаи  масоили фалсафии дини ИФСҲ, номзади илмҳои фалсафа;   
Бо  “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофотонида шуданд:
Муродова Тоҷинисо - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ, номзади илмҳои фалсафа;   
Бандалиева Шодигул - ходими илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ, номзади илмҳои фалсафа;   
  Маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимони дар болозикр гардидаро бо ин рӯзи ба онҳо саодатманд табрик намуда ба онҳо комёбиҳои нави илмӣ - эҷодӣ дар фаъолияти меҳнатиашон орзуманд аст.
Маъмурият
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia