casino malaysia
casino malaysia
Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирят

wrapper

  Дар аввали  моҳи  сентябри соли 2020  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои Тоҷикистон    монографияи  Сарходими  илмии Шуъбаи    фалсафаи иҷтимоии  Институт, аъзои вобастаи АМИТ, доктори илмҳои  фалсафа, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон таҳти унвони “ Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирят”  ба нашр расид.
  Дар монографияи мазкур паҳлӯҳои умдаи масоили марбут ба  зуҳур ва ҳузури муосирият дар амалияи ҷомеасозии  кишварҳои дорои низомҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таҳлили ин масаъалаҳо  аз диду равиши хоси равишшинохтии фалсафаи иҷтимоӣ бархӯрдор буда, усулҳои пешбининамоӣ ва идораи мақсадноки падидаҳои навзуҳури  ҳаёти  имрузаи ҷамъиятиро пешниҳод менамояд 
 Асари мазкур барои мутахассисони илмҳои ҷомеашиносӣ ва онҳое, ки  масъалаҳои мубрами рушди ҷомеаҳои муосир  таваҷҷӯҳ доранд, пешниҳод мегардад.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia