casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Тоҷикистон - пешоҳанги мубориза бар зидди ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терроризм

  Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати  ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ба сифати яке аз иштирокчиёни вохўрӣ бо олимони кишвар, ки 18 марти соли 2020  доир гардид,  суханони зерини Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Э.Раҳмон ба ман таъсирбахш буд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад». Муфассал ...
Хондан 965 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ва олимони кишвар

  Санаи 18 марти соли 2020 мулоқоти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва зиёиёни эҷодкор баргузор гардид. Президент кишвари маҳбубамон оид ба бурду бохти илми муосири ватанӣ суханронӣ карда, доир ба дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик ва камбудиҳои ҷойдоштаи илм ибрози ақида намуданд, ки он як таҳлили мукаммали воқеъбинонаи илмии ҳолати имрузаи илмро дар бар мегирад. Муфассал ...
Хондан 998 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ - роҳнамои фаъолияти ҷомеашиносони тоҷик

  Ҳайати кормандони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъи муассиса   суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, ки  18 марти соли 2020 дар ш. Душанбе баргузор гашт,  мавриди  таҳлил ва муҳокима қарор доданд. Нуктаҳои гуногуни ин суханронии Пешвои миллат  аз ҷониби директори муассиса  Назар Муъмин Абдуҷалол  ва муовини Директор оид ба илм ва таълими  институт Ҳайдаров Рустам, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи муассиса  Буризода Эмомалӣ баррасӣ гардиданд. Доктори илмҳои фалсафа  Ҳайдаров Р. қайд карданд, ки дар мулоқоти баргузоршуда Сарвари давлат андешаҳои пурарзиши худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти  институтҳои Академияи миллии илмҳо, сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён карданд. Муфассал ...
Хондан 951 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(4 Овозҳо)

Вохурии тақдирсоз

 Зиёиён табақаи пешқадами ҳар як ҷомеа буда, бо кору фаъолият ва ҷидду ҷаҳди онҳо пешравиҳои илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад. Нақши зиёиён дар рушди ҷомеаи тоҷикон низ хеле муассир ба назар мерасад. Ин аксиома аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо дода, дар назди ҳар як зиёии миллат вазифаҳои пурмасъулиятро мегузорад.
Махсусан дар вохурии  тақдирсози Пешвои миллат  аз 18 марти соли 2020 дар муайян намудани ҷойгоҳи зиёиён, илм ва муассисаи ҷавҳарии илмии кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар академияҳои соҳавӣ андешаҳои Пешвои миллат хеле воқеъбинона, самимӣ ва бо далелҳо пешниҳод гардида, тағйироти муҳимро дар тафаккури онҳое, ки ба илм сарукор доранд, ворид намуд. Муфассал ...
Хондан 938 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia