casino malaysia
casino malaysia
Ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ва олимони кишвар

wrapper

  Санаи 18 марти соли 2020 мулоқоти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва зиёиёни эҷодкор баргузор гардид. Президент кишвари маҳбубамон оид ба бурду бохти илми муосири ватанӣ суханронӣ карда, доир ба дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик ва камбудиҳои ҷойдоштаи илм ибрози ақида намуданд, ки он як таҳлили мукаммали воқеъбинонаи илмии ҳолати имрузаи илмро дар бар мегирад.
  Дар маърузаи Пешвои миллат қайд карда шуд, ки рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин дар  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба   масоили сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад[1].
  Инчунин дар суханронии Сарвари давлат ба ҳамаи самтҳои илми ватанӣ, хусусан илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ диққати махсус дода шуд ва  ҳамзамон  рушди илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардид. Пайваста ба ин, ба андешаи мо, рушду нумуи илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар назар аст ва ҳамаи он вазифагузориҳое, ки Президенти мамлакат назди илм ва олимон гузоштанд, пеш аз ҳама ба олимони ҳуқуқшинос низ дахл доранд. Зеро инкишофи минбаъдаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ бе кашфиётҳои фундаменталии соҳаҳои мухталифи илми ҳуқуқшиносӣ ғайриимкон мебошад. Дар ҳамин радиф, ба инкишофи илмҳои ҳуқуқи давлатӣ, аз ҷумла: ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ (бо зерсоҳаҳои ҳуқуқи буҷавӣ, ҳуқуқи андоз), ҳуқуқи иттилоотӣ ва дигарҳо диққати махсус бояд дода шавад.  Дар ҳамин асос ва вобаста ба супориши Сарвари давлат дар бораи бо дарназардошти дурнамои рушди илми ватанӣ  таҷдиди назар кардани сохтори   Институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мутобиқ гардонандии онҳо ба шароити муосир, ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки баҳри амалигардонии Нақша-чорабиниҳои Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, сохтори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таҷдиди назар шавад ва масъалаи таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ ҳалли худро пайдо намояд.
  Баҳри иҷро намудани супориши Президенти кишвар дар бораи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ зарур аст, ки падидаи аспирантура аз нав эҳё карда шавад. Зеро падидаи мавҷудаи унвонҷӯӣ дар илми имруза ба монанди аспирантура самара дода наметавонад. Сониян, Академияи миллии илмҳоро бе бахши аспирантура тасаввур кардан хело душвор аст. Ҳамаи давлатҳои собиқ шуравӣ дар сохтори Академияи илмҳои худ бахши устувори аспирантураро доранд ва онҳо бомуваффақият фаъолият менамоянд. Масалан, Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Федератсияи Руссия (ш.Москва), ки дар он чандин ҳамватанони мо бахши аспирантураро гузашта, бомуваффақият рисолаҳои худро дифо намудаанд.
   Бояд қайд намоям, ки дар суханронии Президенти мамлакат ғамхории зиёд нисбат ба илм ва олимон ҷой дошт, аз ҷумла: таъсис додани ҷоизаи давлатии ҳарсола ба 15 нафар олимони лаёқатманд; ҳавасмандгардонии олимоне, ки шогирдони онҳо ба дастовардҳои илмии ҷоизавӣ ноил гаштаанд; ҳамасола тадриҷан зиёд намудани маоши олимон ва кормандони илм; фароҳам овардани шароити хуби кори барои олимон; сохтани бинои нави Академияи милли илмҳо ва ғайра.
Олимони шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон рӯҳбаланд шуда, баҳри иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда саҳми арзанда мегиранд.
 
 
Солеҳ  Иброҳимзода
 
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia