casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Меҳргон- сафири меҳру садоқат дар рӯи замин

Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки нуксанҷона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз  ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем. Муфассал ...

Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз дидгоҳи нав

Ба гуфтаи яке аз фардони ҳикмадўст

 ҳамаи мо дар киштии ба номи Замин
 дар фазои коинот шино мекунем.
Дар маҷмўъ қисмати ҳар кадоми мо
 ба ҳолати ин киштї вобаста мебошад.
Нашояд, ки мо бо амалиёти ношоями хеш
онро баҳолати нестї биоваем.
 
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи январ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашни Сада ва намоиши зироати кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ таҷлил мегардид. Баҳси мо дар поён робита ба ҳамин ҷашни қадимаи аҷдодон хоҳад буд. Муфассал ...

Симпозиуми байналмилалии «саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон»

         16 октябри соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

  Симпозиумро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Абунасри Форобӣ аз бузургони фалсафа ва донишмандони асримиёнагӣ, намояндаи мактаби машшоияи шарқӣ буда, ақидаҳо, назарияҳо ва консепсияҳои илмии ӯ гуногунҷанбаанд.  Бо вуҷуди ин, донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати таҳқиқи масъалаҳо ва нуктаҳои норавшани таълимоти Форобӣ таҳқиқоти бунёдӣ анҷом медиҳанд ва ба ин васила, аз як тараф, дар рушди илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ва инсоншиносию ҷомеашиносӣ саҳм мегузоранд ва аз тарафи дигар, насли имрӯзаро аз афкори пешқадами мутафаккироне ба мисли Абунасри  Форобӣ воқиф мегардонанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории Симпозиуми байналмилалии ин аст, ки афкору ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоию фарҳангии файласуфи нобиға - Абунасри Форобиро, ки дархури талаботи даврони мост, ҷустуҷӯ ва пайдо кунем, онҳоро дар хизмати тамоми мардуми сокини минтақаи хеле фароху гуногунфарҳанги Осиёи Марказӣ гузорем.

Симпозиум кори худро дар ду бахш – “Даврон ва муҳити маънавии Абунасри Форобӣ” ва “Саҳми  Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ. Абунасри Форобӣ ва даврони муосир” гузаронида, дар он зиёда аз 60 маъруза баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар Симпозиум муҳаққиқон аз 5 давлати хориҷии дуру наздик, аз ҷумла, Фаронса, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар доираи Симопозиуми мазкур тибқи муқаррароти амалкунанда созишномаи ҳамкорӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урганҷ (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба имзо расонида шуд.

 

 

Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia