Институт
- Чоршанбе, 13 Ноябр 2024
Конститутсия ва ташаккули институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ва ташаккулёбии унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро комилан ба конститутсия алоқаманд намуда, махсус қайд менамояд, ки «Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид».
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи вайрон шудани системаҳои сиёсии ҷомеаи шӯравӣ ва ҳамроҳ шудан ба таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омад. Чуноне ки маълум аст, ҳамаи унсурҳои системаҳои сиёсии шӯравӣ бо сохтори умумии системаи тоталитарӣ алоқамандии зич дошт, ки берун аз ин системаҳо ба ҳаёти ҷомеа таъсир расонида намешуд. Бавуҷудоии элементҳои нави ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тадриҷан ташаккул ёфтани онҳо боиси инкор гардидани сохтори системаҳои сиёсии шӯравӣ гардид.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 13 Ноябр 2024
Парчами миллӣ – рамзи ифтихор ва ягонагӣ
Парчами миллӣ – рамзи ифтихор ва ягонагӣ
“Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Парчами Миллӣ нишонест аз соҳибихтиёрии давлат, соҳибватану пирӯз ва соҳибҳуқуқу озод будани миллат, ваҳдати миллӣ ва пойдорию устувории кишвар. Барои ҳар як миллат Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва муҳимтарин арзиши фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки барои ҳар як муваффақияти байналмиллалии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мамолики хориҷа ҳамчун эҳтиром Парчами миллӣ боло бардошта мешавад ва дар тамоми биноҳо ва қароргоҳҳои расмии муассисаҳои давлатӣ, хиёбону гулгаштҳо, утоқҳои кории мансабдорони давлатӣ, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ, коргоҳ, нақлиёт ва манзилҳои истиқоматии ашхоси ватандӯст Парчами миллӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ кишвар, мардум, фарҳанг, таърих, ҳувият ва арзишҳои иҷтимоии онро муаррифӣ мекунад, барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун рамзи мансубият ба давлати муайян аҳамияти амиқи таърихию фарҳангӣ дорад ва шаҳрвандонро дар атрофи ғояҳо ва ҳадафҳои умумӣ муттаҳид менамояд. Он рамзи ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва озодию истиқлоли халқ мебошад.
Имрӯз Парчами миллӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷой дода шудааст, ки аз устувории истиқлоли миллӣ, бақои миллат ва эътирофи ҷаҳонии истиқлол, таърих ва фарҳанги миллии кишварамон гувоҳӣ медиҳад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.
Ниёгони мо аз гузашта парчамдору парчамбардор буданд, нахустпарчами мардумии мо – Диравши ковиёни далели барҷастаи соҳибтамаддун, соҳибдавлат, соҳибихтиёр ва озодидӯст будани гузаштагони мост. Имрӯз низ Парчами Миллӣ таҷассумгари ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба Парчами Миллӣ тавассути тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Инчунин, бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии рекордии 165 м сохта шуда, парафшон гардид.
Ҳамчун санаи ҷашнӣ эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми мардуми кишварамонро ба ин муқаддасоти миллӣ ба маротиб зиёд менамояд, зеро дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва тарғиботӣ баргузор гардида, мардуми кишварамон бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватандорӣ ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд.
Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2023) гузаронида шуд, аксарияти кулли шаҳрвандон ба тамоми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами Миллӣ таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса доранд. Аксарияти мусоҳибони пурсиши сотсиологӣ қайд кардаанд, ки ҳангоми дидани Парчами Миллӣ ё шунидани Суруди Миллӣ онҳоро эҳсоси фахру ҳаяҷон (73,6%) ва қаноатмандӣ (20,7%) фаро мегирад.
Умуман, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Парчами миллиро эҳтиром намояд, мазмуну муҳтавои Парчами миллиро ба хубӣ донад, Парчами миллиро дар манзил, коргоҳ ва дигар мавзеҳои фаъолияти худ ҷой диҳад, бо Парчами Миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ боэҳтиёт ва бо самимияти хос муносибат намояд.
Дар охир, тамоми ҳамватанони ватандӯсти Тоҷикистони азизамонро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, орзуманди он ҳастам, ки Парчами Миллӣ дар фазои орому осуда ва озоди кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад!
Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Муфассал ...
- Сешанбе, 12 Ноябр 2024
Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти иҷтимоии дигар, куллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа, зарурияти мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимии он ба шароити нави давлатдорӣ ба миён омад. Зеро, тарзҳои пешинаи давлатдорӣ дигар самаранок буда наметавонистанд. Вале вазъияти сиёсии бамиёномадаи аввали солҳои 90-ум ба такмили механизми нави идоракунии он имконият намедод. Ба ин мураккабшавии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муқовимати дохилӣ, фалаҷшавии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кандашавии алоқаҳои байнидавлатӣ ва шартномавӣ, номукаммалӣ ва мухолифати дохилии қонунҳои қабулкардашуда ва ғайраҳо сабаб мешуд. Дар чунин шароити душвор пеш аз ҳама, зарурияти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллату давлат ниҳоят зарур буд. Руйдоди муҳим барои ба эътидол овардани вазъӣ бамиёномада барпошавии Иҷлосияи ХY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба баргузори он имсол 30-сол мешавад. Баргузории Иҷлосия рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар таърихи давлати муосири мо яке аз руйдодҳои муҳим башумор меравад. Ва, маҳз баргузории Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну қарорҳои дар он қабул кардашуда барои барқарорнамудани сохти конститутсионӣ ва таҳким давлатдорӣ ва қонунгузории миллии мо мусоидат намуд. Вақт ва таҷрибаи таърихии 32 соли баъди Иҷлосия исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Иҷлосияи ХV1 алтернативаи дигар надошт.
Муфассал ...