casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

«Шоҳнома» –  қомуси фарҳангу тамаддуни ориёӣ  (Дар партави иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати нашру тақдими «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як хонавода дар Тоҷикистон)  

 Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.

Абулқосим Фирдавсӣ

 Пешвои миллат санаи 5-уми ноябри соли гузашта дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуданд, ки бо кӯмаку ташаббуси бевоситаи Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

Вобаста ба ин таъкид намуданд, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад.

Муфассал ...

Мактаби идоракунии Пешвои миллат таъмингари принсипҳои ҷомеаи демократӣ

Давлат ҳимоякунандаи манфатҳои миллӣ, идоракунандаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмингари амнияту субот дар ҳар як кишвар аст. Пас, агар давлат ҳамаи ҳуқуқ ва имкониятҳои худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъмини ҳаёти арзанда равона кунад, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон харкатери иҷтимоӣ касб мекунад. Аз мазмуни мафҳуми «иҷтимоӣ» ибораҳои «сиёсати иҷтимоӣ», «алоқаҳои иҷтимоӣ», «давлати иҷтимоӣ» ва ѓайра ташаккул меёбанд. Бинобар ин, аз фаҳмиши илмӣ давлати иҷтимоӣ - тартиби ташкили ҳамкориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, баробарии тарафҳоро тавсиф менамояд. Муфассал ...

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фархундаи миллати тоҷик

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик баҳри пойдории давлатдории навини хеш шакли идоракунии Президентиро ҳамчун намуди беҳтари идоракунии давлатӣ мақбул дониста, бо амали сохтани   он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон шакли идоракунии Президенти ин ниҳоди ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент ҳам сарвари давлат ва ҳокимяти иҷроия эътироф мешавад. Истилоҳи президент, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода  мешавад ба шакли классикии ин ниҳоди мувофиқ аст. Таъсиси  ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо назардошти маҳсули  сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia