Мактаби идоракунии Пешвои миллат таъмингари принсипҳои ҷомеаи демократӣ
- Ҷумъа, Ноя 15 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Давлат ҳимоякунандаи манфатҳои миллӣ, идоракунандаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмингари амнияту субот дар ҳар як кишвар аст. Пас, агар давлат ҳамаи ҳуқуқ ва имкониятҳои худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъмини ҳаёти арзанда равона кунад, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон харкатери иҷтимоӣ касб мекунад. Аз мазмуни мафҳуми «иҷтимоӣ» ибораҳои «сиёсати иҷтимоӣ», «алоқаҳои иҷтимоӣ», «давлати иҷтимоӣ» ва ѓайра ташаккул меёбанд. Бинобар ин, аз фаҳмиши илмӣ давлати иҷтимоӣ - тартиби ташкили ҳамкориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, баробарии тарафҳоро тавсиф менамояд.
Агар ба сарчашмаҳои аслӣ таваҷҷуҳ диҳем маълум карда мешавад, ки ѓояи давлати иҷтимоӣ ҳанўз аз охирҳои асри XIX ва ибтидои қарни XX дар натиҷаи равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар ҷомеаи инсонӣ ба вуқўъ омаданд, мавриди истифода қарор гирифт. Пеш аз ҳама мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» - ро иқтисодчии немис Лоренц фон Штейн (1815-1890) дар илм ворид кард. Муҳаққиқ идеяҳои худро дар фаҳмиши мафҳуми “давлати иҷтимоӣ”бо чанд нукта ҷамъбаст намуд: давлати иҷтимоӣ бояд манфиатҳои халқро ҳимоя намояд; шароити зиндагии қишри камбизоат ва эҳтиёҷдоштаи аҳолиро баланд бардорад; баробарии манфиатҳои байни қишрҳои гуногуни аҳолиро таъмин намояд ва ба пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамаи шаҳрвандон аҳамият диҳад. (Википедия социальное государство.) Назария ва амалияи давлати иҷтимоиро баъдан дар радифи донишмандони немис А.Вагнер, Ф.Науман, Ю.Оффнер, инчунин Франклин Делано Рузвелт гузошт.
Дар заминаи ақидаи донишмандон метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки давлати иҷтимоӣ навъи рушдёфтаи давлат аст, ки дар он сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда мешавад, соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ба танзим дароварда шуда, меъёрҳои адолати иҷтимоӣ ва принсипи ҳамдилӣ риоя карда мешавад.
Умуман, имрўз дар илмҳои иҷтимоӣ се модели тавсифи давлати иҷтимоӣ маъмул гаштааст. Якум, молели либералӣ, ки асоси онро принсипи индивидуалӣ ташкил медиҳад, ки ҳар як аъзои ҷомеа барои тақдири худ ва оилааш ҷавобгар мебошад. Дуюм, модели корпоративӣ, ки муассиса ва ё ташкилот оид ба вазъи моддӣ ва сарнавишти коргарони худ ҷавобгариро ба уҳда дорад. Сеюм, модели бештар эътирофшуда ин ба уҳдаи давлат вогузор гаштани таъмини ҳаматарафаи аъзои ҷомеа мебошад.
Дар шароити кунунӣ дар низоми идоракунии мактаби таҳаммулгароии Пешвои миллат модели сеюми тавзеҳдода мавриди татбиқ қарор дорад. Далели ин гуфтаро моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодонаро, ки бевосита аз принсипҳои асосии давлати иҷтимоӣ мебошанд, таъмин мекунад, исбот менамояд.
Табиист, ки дар ҳар як ҷомеае, ки тибқи риояи принсипҳои демократия бунёд мегардад тарзи ягонаи ҳаллу баррасии масъалаҳои марбут ба низоми идоракунии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надорад. Аз ин рў, сиёсати низоми идоракунии ҷомеа бояд дар асоси ба эътибор гирифтани манфиати тамоми қишрҳои аҳолӣ, гурўҳҳои иҷтимоӣ ташаккул ёбад. Дар ин сурат зарурати ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ҷиҳати рушди ҳаёти сиёсии ҷомеа пеш меояд. Чунки донишҳои соҳавӣ, маҳорату малакаи корбарии онҳо барои таҳия ва мукаммал гардидани қонунҳо, таҳия намудани барномаҳои амалии ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар рушди низоми идоракунӣ нақши муҳим мебозанд, аз аҳамият холӣ намебошанд. Дар ин росто яке аз иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад, ҳизби сиёсӣ аст. Ба андешаи сиёсатшиноси тоҷик А.Муҳаббатов ҳизб ин ташкилоти мустақили ҷамъиятӣ буда, кўшиш менамояд, ки ҳокимияти давлатиро ба манфиати худ истифода барад ва масъалаҳои сиёсиро мувофиқи идея ва таълимотҳояш дигаргун созад. (Муҳаббатов А. Ҳизбҳои сиёсӣ: воқеъият ва дурнамо (таҳлили сиёсию иҷтимоӣ). - Душанбе, «Истеъдод», 2011. - С. 4-6.)
Аз ин рў, ҳизби сиёсӣ дар ҳар як ҷомеа мақоми махсус дошта, ба раванди инкишофи ҳаёти сиёсӣ таъсири ҳалкунанда мерасонад, аммо фаъолияти қонунии он аз шарти зарурии ташаккули ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолияташон ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар доираи муқаррароти оинномавӣ ва гузаштан аз қайди давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ташкилотҳои ибтидоии худро таъсис диҳанд. Ҳадаф аз таъсиси иттиҳодияҳои ибтидоии ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар иҷрои вазифаҳои зерин ба шумор мерафтанд: тарѓиб, фаҳмонидани моҳияти барномаҳои амал, ҳадафҳои ҳизбҳои сиёсӣ; муҳтавои қонун ва қарорҳои ҳукумат ҷиҳати зиёд кардани теъдоди аъзоён; ошкор кардани камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳо ва ҷустуҷў кардани роҳҳои бартараф кардани онҳо; баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ѓайра иборат буд. Аз ин рў, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумони доимамалкунанда ва касбӣ - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии ҳокимият давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба сифати аъзо интихоб шуда, барои татбиқи ҳадафҳои худ дар доираи қонунҳои амалкунанда талош меварзиданд, ки риояи ин талабот аз нишонаи аввалини ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз низоми идоракунии мактаби созандаву банёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Ба ҳайси аъзо шомил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба таври маҷбурӣ не, балки озодона ба роҳ монда шудааст, ки ин нишонаи дуюми низоми бисёрҳизбии идоракунии ҷомеаи демократӣ ва дар пояи риояи рукнҳои адолати иҷтимоӣ барқарор гаштани ҳокимияти сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон аст. Нишонаи сеюми идоракунии ҷомеаи демократӣ аз доираи низоми бисёрҳизбӣ - ин роҳ надодан ба амалҳои зўран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба ҳисоб меравад. Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо фаъолияти ҳизб қатъ гардонида мешавад.
Тамоюли демократидоштаи низоми идоракунии бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон шаклҳои назорат ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳад, ки ифодакунандаи нишонаи панҷум аст. Нишонаи шашум - ин ҳуқуқи ёрии моддӣ талаб кардани ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли амвол ва маблаѓ аз ашхоси воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар ашхоси ҳуқуқии ѓайридавлатӣ мебошад. Аз давлат, ташкилотҳои хайриявӣ ва динӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатию хориҷӣ, корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм доранд, талаб кардани ёрии моддӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ манъ мебошад.
Умуман, таҳлили барномаҳои амал, мақсад ва вазифаҳои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки кўшиши онҳо муттаҳид кардани неруҳои солими ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ; тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлат равона карда шудааст.
Дар маҷмуъ, аз байни 8 ҳизби амалкунанда Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки бевосита зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад тибқи амалӣ кардани сиёсати бунёдкорона ва татбиқи барномаҳои худ дар ҳамкорӣ бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои бартараф кардани низоъҳои дохилӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши демократия ва бахусус, ташаккули худшиносии миллӣ, ки арзиши нотакрор ва мондагор аст, саҳми беназир гузошт. Барои таҳким ва ташаккули донишҳои сиёсии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар талош варзида, ба муваффақиятҳои назаррас нойил гардид.
Дар баробари ин, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, эҳё, густариш ва муаррифии арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба сифати роҳбар таъйин намудани занони фаъол ва сарвар дар мақомоти гуногуни идоракунии ҷомеа нақши хосса гузошт. Инчунин, дастгирӣ ва ҷалб кардани ҷавонон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, омўзиши забонҳои хориҷӣ, азбар кардани воситаҳои навини технологӣ аз ҳадафҳои дигари ҳизб ба маҳсуб меёбанд. Ҳизб давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро эътироф кард. Дар ин замина ѓамхориҳои зиёд ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ - ятимон, пирону барҷомондагон карда, дар бунёди мактабҳо, шифохонаҳо, бунёди неругоҳҳо, роҳҳо ва таъмири онҳо саҳм гузошт, ки бешак, ба рушди низоми иҷтимоии ҷомеа муҳим мебошанд.
Аз оѓози фаъолияти мактаби идоракунии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳизбҳои сиёсӣ мақоми хосаро ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ бозиданд. Аммо дар тафовут аз ҳизбҳои сиёсӣ кўшиши ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро надоштанд. Мақсади асосии онҳо муаррифии фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ, рушди устувори соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб мерафт.
Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ ҳанўз аз охири солҳои 80-уми асри XX ба фаъолият шуруъ намуданд. Ба ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ: «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Дирафши Ковиён», «Таҷдид» дохил гардида, маҳфилҳои сиёсию фарҳангӣ, инчунин ҷунбишҳо ва созмонҳои нуфуздоштаро «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ташкил медоданд.
Масъалаҳои асосии барномаҳои ҳаракатҳои оммавию сиёсиро масоили марбут ба фарҳанг ва забон ташкил медоданд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ пайравони онҳо кушиш мекарданд, ки ба кишварҳои ҳамзабони худ ҳамбастагӣ пайдо карда, забони миллиро мақоми давлатӣ диҳанд. Ниҳоят, 22 июли соли 1989 онҳо ба мақсади худ расида, ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Воқеан, ин рўйдод ҳамчун санаи таърихӣ, ки рўшанӣ аз забони расмию давлатдорӣ гаштани забони тоҷикӣ медиҳад, нақши меҳварии худро дар рушди фарҳанг ва ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистони муосир гузошт. Аммо як нуктаро набояд фаромўш кард, ки барои дар амал татбиқ кардан ва ба забони расмию давлатдорӣ табдил додани забони тоҷикӣ корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Зеро бо ибтикор ва ташаббуси мондагорашон баъдан 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ба имзо расонида шуд, ки ин рўйдоди таърихӣ дар кишвар ҳамасола ҳамчун «Рўзи забон» таҷлил карда мешавад.
Сабаби зиёд шудани созмону ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ ин ба гуногунандешии сиёсӣ эҳтиёҷ доштани ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумла, таъсиси созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Самарқанд», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон» ва «Носири Хусрав» аз майлу хоҳиши шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни кишвар вобастагӣ доштанд. Яъне «Ҳарчанд ҳадафи ин созмонҳо ҳимоя ва пуштибонии манфиатҳои шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни мамлакатро ташкил медоданд, вале бо баробари дигаргун шудани вазъи сиёсии ҷомеа баъзе аз ин созмонҳо барои халал ворид кардан ба низоми қонунии идоракунӣ, сарҷамъӣ ва устувор нигоҳ доштани якпорчагии миллӣ падидаи маҳалгароиро ташвиқ карданд. Дар натиҷа онҳо ба як ҳаракати хатарнок ҷиҳати пароканда кардани миллат, ба қисмҳои алоҳида ҷудо намудани воҳиди ягонаи маъмурӣ табдил ёфтанд.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хатари ин созмонҳо ҷиҳати пароканда кардани миллат ва ба қисмҳои алоҳида тақсим намудани Тоҷикистон ба маврид ва бо далели воқеӣ собит карданд, ки «Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» сарфи назар аз ниятҳои неки худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд». ( Э.Ш. Раҳмонов. «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолияти ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ». Ҷ.1. Душанбе, 2001. - С.19.) Умуман, ҳизбҳои сиёсӣ, созмону ҳаракатҳои оммавию сиёсии дар оѓози солҳои 90-уми асри XX, ки дар Тоҷикистон амал мекарданд оқибат Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Ба назари мо, дастоварди арзишманду мондагоре, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди мактаби давлатдавлатдории миллӣ ба он муваффақ гашта, Тоҷикистонро аз нобудӣ наҷот бахшид - тарҳрезӣ кардани модели сулҳофарӣ, ба сулҳ даъват кардани мухолифин, тавассути музокира ҳал кардани низоъҳои миллӣ ва дар маҷмўъ худро ҳамчун кафили сулҳу амнияти кишвар эълон намудан, мебошад. Маҳз, дар натиҷаи ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон Созишмномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, модели сулҳофарии ў ҳамчун мактаби омўзанда дар тамоми ҷаҳон дастгирии худро пайдо кард.
Фарҳанги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон «дар миёни мардум ва дар паҳнои ҷаҳон ба масобаи низоми матину қавианосирӣ ва комилиёри сиёсӣ шинохта шуд, ки боризтарин далели он ба сулҳу салоҳ расидани тоҷикон, ба ҳам омадани ҷамъи парешон ва обҳои порагашта буд, ки дар авроқи таърихи ҷаҳони муосир ба ҳукми падидаи нодири сиёсӣ арзёбӣ гардид. Ва ин издиҳоми ҷамъияти тоҷикон, ки акнун хатари нобудиро паси сар гузошта ва амнияти хешро дар иқтидор ва дар сидқу сафои Сарвари худ дарёфта буданд, бар пояи ҳадафи олии Президент ва барномаи амали эшон устувор буд. Дар шуури ҷомеа бар мабнои ҳадаф ва марому мақсади Президент мафкураи ваҳдатсиришти миллӣ ба вуҷуд омад ва ормонҳои миллии мардум дар шахсият ва сиёсати Эмомалӣ Раҳмон мисдоқи воқеии худро пайдо намуд». (Салимӣ Н. Ганҷҳои ихлосу муҳаббат (Андар фазилат ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон - пешвои ормонии миллати тоҷик). Эмомалӣ Раҳмон «Дин ва ҷомеа», маҷмуи суханрониҳо, очерку мақолаҳо, табрикномаҳо. – Душанбе: «Шарқи озод», 2013.- С.395.)
Ниҳоят, дар таърихи давлатдории миллӣ Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи баргузидаи сиёсӣ, эҳёкунандаи миллати тоҷик, бунёдгузори давлати муосири тоҷикон, наҷотбахши тамомияти арзӣ, таъминкунандаи амнияту суботи ҷомеа, муаррификунандаи забон, арзиш, муқаддасот, мардонагӣ, футуват ва фазилати шоистаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст. Инчунин, дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мондагор мебошад ва ин марҳилаи таърихии давлатдориро месазад давраи «Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ё худ «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон» унвон дод.
Агар ба таври мушаххас арзёбӣ намоем хусусиятҳои муҳими сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ибтикороти зерин ташкил медиҳанд:
- фароҳам овардани фазои амну солим барои рушди фаъолияти созанда;
- ҷонибдорӣ аз принсипҳои демократии идоракунии давлат бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ;
- муҳайё кардани фазои гуногунандешагӣ, озодии виҷдон ва матбуот;
- тақвияти таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;
- муҳайё кардани шароит барои фаъолияти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифротгароӣ ва тундагароидошта;
- нигаҳдории принсипи дунявияти давлат;
- ба роҳ мондани равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;
- пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дўстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;
- давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
- ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо;
- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он;
- танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;
- самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;
- ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;
- танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон.
- ҳимояи ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати мусоиди шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ - этникӣ (табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии тараққикардаи озод, соҳибихтиёр ва ҷолиби сайёҳӣ) ва ѓайра.
Назаров С. Котиби илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ