casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Меҳргон – мероси ниёгон

Тақвими ниёгони фарзонаамон моломоли ҷашну маросимҳои гуногуни сунатию динию табиӣ мебошад. Фарзи мисол ғайри  Гоҳанборҳо – 6 ҷашни сол, Наврӯзу Тиргон ва Сада боз ҳар моҳ, яъне 12 ҷашни дигар таҷлил мешуд. Тартиби ин ҷашнҳо чунин буд:  тақвими мазкур аз 12 моҳи сирӯзӣ иборат буд, дар қатори моҳҳо: Фарвардин, Урдибиҳшт, Хурдод, Шаҳривар, Меҳр... рӯзҳо ҳам номи алоҳида  доштанд:  Ҳурмуз, Баҳман, Урдибишт...Меҳр ва ғайра. Дар сурати номи моҳ ва номи рӯз бо ҳам омадан ҷашн меоростанд.
Мергон низ яке аз зеботарин ҷашнҳои ориёӣ маҳсуб меёфт ва рӯзи Меҳри моҳи Меҳр (дар таърихи 14-ум) ҷашн гирифта мешуд. Агар ба тақвими имрӯза қиёс кунем ба 8-уми октябр рост меояд.. Меҳргон аслан ҷашни фасли поиз ё тирамоҳ буду ҳаст. Аҷдоди фарҳангпарварамон баъди ғундоштани ҳосил ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз табиати афсункор гирди ҳам омада, ҷашн ороставу  ниёишу арҷгузорӣ аз Офаридгору неъматҳои волояш мекарданд. Муфассал ...

Тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи Конститутсия   Конститутсия сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва низоми ҳуқуқӣ.

 
Сарфи назар аз сафбандии низоми қонунгузорӣ ва мартаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мазмун, таъиноту вазифаҳо, хислатҳои онҳо тибқи мувофиқати онҳо бо Конститутсия муайян мегардад. Низоми қонунгузории миллӣ ва усулҳои асосии ташкилёбии он дар  Конститутсия муқаррар гардида, дар қонуни махсус  дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муфассал танзим карда мешавад.     Ҳамаи онҳо бояд дар танзими муносибатҳои мушахаси ҷамъиятӣ рӯҳи Конститутсияро ба асос гиранд. Ҳамзамон Конститутсия зарурияти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро пешбинӣ карда метавонад, ки ҳолатҳои онро ривоҷ дода тавонанд. Масалан, Конститутсияи ҶТ масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд тавассути қонунҳои конститутсионӣ ё қонунҳои ҷорӣ танзим карда шаванд. Муфассал ...

Меҳргон – ҷашне дар фарҳанги ориёӣ андар гиромидошти фазилатҳои инсонии меҳру паймон

Дар солшумории куҳани мардумони ориёитабор моҳи Меҳр баъд аз моҳи Шаҳривар ояд. Шаҳривар - аз вожаи авестоии хшасара - маънои подшоҳӣ, шаҳриёрӣ ва ваирия – орзушуда, хосташударо дошта, яке аз фариштагонест, ки бахшандаи неру ва тавоноӣ мебошад.
Шаҳриваргон бошад, дар фарҳанги ориёӣ ҷашни хоссаи моҳи Шаҳривар, ҷашни оташ дар ситоиш ва сутудани шаҳриёри орзушуда ва кишвари хосташуда, ки ҷорикунандаи адолат ва таъмингари баробарии иҷтимоӣ дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ маҳсуб меёбад, мебошад.
 Донишманди варзида ва маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва таърихнигор Гардезӣ шаҳриваргонро Озарҷашн унвон медиҳанд. Ба он хотир, ки ҷашн ба охирҳои рӯзҳои тобистон, давраи тағйир ёфтани боду ҳаво, фаро расидани фасли сармо (мавсиме, ки ба одамон барои оташ афрӯхтан майл пайдо мешавад) рост меояд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia