casino malaysia
casino malaysia
Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо дарназардошти  гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти иҷтимоии дигар, куллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа, зарурияти  мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимии он ба шароити нави давлатдорӣ ба миён омад.  Зеро, тарзҳои пешинаи давлатдорӣ дигар самаранок буда наметавонистанд. Вале вазъияти сиёсии бамиёномадаи аввали солҳои 90-ум ба такмили механизми нави идоракунии он имконият намедод.  Ба ин мураккабшавии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муқовимати дохилӣ, фалаҷшавии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кандашавии алоқаҳои байнидавлатӣ ва шартномавӣ,  номукаммалӣ ва мухолифати дохилии қонунҳои қабулкардашуда ва ғайраҳо сабаб мешуд. Дар чунин шароити душвор пеш аз ҳама, зарурияти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллату давлат ниҳоят зарур буд. Руйдоди муҳим барои ба эътидол овардани вазъӣ бамиёномада  барпошавии Иҷлосияи ХY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба баргузори он имсол 30-сол мешавад. Баргузории Иҷлосия рӯзи 16 ноябри соли 1992  дар таърихи давлати муосири мо яке аз руйдодҳои муҳим башумор меравад. Ва, маҳз баргузории Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну қарорҳои дар он қабул кардашуда барои барқарорнамудани сохти конститутсионӣ ва таҳким давлатдорӣ ва қонунгузории миллии мо мусоидат намуд. Вақт ва таҷрибаи таърихии 32 соли баъди Иҷлосия исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Иҷлосияи ХV1 алтернативаи дигар надошт.
 Ҳар қадар, ки вақт аз баргузории Иҷлосия дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияти бузурги таърихию сарнавиштсози он барои давлату миллати тоҷик бештар аён мегардад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки рушд ва таҳкими давлатдории муосир ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон, амали кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд аз Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Тоҷикистон ибтидо мегирад. Мақсад аз баргузори Иҷлосия таъмин намудани сулҳу суботи комил дар тамоми кишвар ва ба ҳамин восита хотима гузоштан ба низоҳои дохилӣ, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, барқарор намудани рукнҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим буд, ки дар ташаккули минбаъдаи низоми давлатӣ ва ҳуқуқи, инчунин аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баровардани кишвар мусоидат намуд[1]. Баргузории Иҷлосия ва санадҳои ҳуқуқии дар он қабулкардашуда барои таҳкими давлатӣ тоҷикон ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар он омили муайянкунанда гардид.  Чи тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Иҷлосияи таърихии  ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлатдории миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳакам намудани низоми  ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат саҳми арзанда гузошт.  Аз инҷо баргузоршавии Иҷлосия дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо боз намуда, воқеаӣ муҳим баъди бадаст овардани соҳибистиқлолият мебошад.
Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд, ки минбаъд дар ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, барқарор намудани сохти конститутсионии он,  рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими ҳуқуқии онҳо мусоидат намуданд. Масъалаи муҳимтарини Иҷлосия таҳкими сохти конститутсионии кишвар ба шумор мерафт. Барои ҳамин ҳам аксарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Иҷлосия қабулкардашуда барои такомули сохти конститутсионӣ равона карда шуда буданд.
Аввало, дар Иҷлосия як зумра  қонуну қарорҳо барои барқарор кардани фаъолияти худи Шӯрои Олӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамин замина такмили сохтори конститутсионии кишвар равона карда шуда буданд. Аз ҷумла, Қонуни ҶТ аз 27 ноябри соли 1992 «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни Асосӣ)»[2]  дар Иҷлосия  қабул карда шуд. Тибқи  қонуни мазкур дастгоҳи идоракунии президенти бекор карда шуда,  ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зиммаи Раёсати Шўрои Олӣ, Раиси Шўрои Олӣ ва Шўрои Вазирон гузошта шуда, ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд. Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид. Ба фаъолияти Шӯрои Олӣ ва Раёсати он Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин мансаб муҳтарам Э. Раҳмонов тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1992 интихоб шуда буд роҳбари менамуд. Ҳамин тавр, бо дарназардошти хусусияти замон ва вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии бавуҷудомада, пайвастшавии нисбии мақоми қонунгузор ва яке аз унсури асосии ҳокимияти иҷроия-Сарвари давлат сурат гирифт[3]. Қонуни мазкур мустақилияти Сардори давлатро муқаррар намуда, ба ӯҳдаи Ӯ таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро вогузор намуд. Ба салоҳиятҳои Сардори давлат дар якҷоягӣ бо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани стратегияи муҳофизати созмони давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ, амният ва тақсимнопазирии ҳудудӣ Тоҷикистон, намояндаги кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакат ва дар муносибатҳои байналмилалӣ, гуфтушунид кардан ва ба шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон имзо гузоштан, инчунин ваколатномаи бозхонди намояндагии дипломатии дигар давлатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодашударо қабул кардан, дохил мешуд. Боло шудани мақоми Шӯрои Олӣ ва салоҳияти Раиси он барои ислоҳи вазъияти бамиёномада бояд мусоидат менамуд. Зеро, дастнорасӣ, тасарруфнопазири,  хислати коллективӣ доштан ва дар муқовимат ба идораи Президенти   қарор надоштани Шӯрои Оли имконият медод, ки Қонуну қарорҳои қабулкардаи он то дараҷае амалӣ гарданд.
Бояд қайд намоем, ки дар шароити Тоҷикистон дастгоҳи ноозмудаи  идораи Президентӣ дар заминаи низоми афсурдаи сиёсии он айём реша нагирифт ва бо он ки ду маротиба: аввал дар Шӯрои Олӣ ва минбаъд бо овоздиҳии умуми халқӣ президенти ҷумҳурӣ интихоб гардид, вазъияти кишвар ба эътидол наёмад. Ва ҳарчанд, ки дар ҳарду маврид президентҳо на бо майли худ аз идораи давлат дур карда шуданд, ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки дастгоҳи идораи президентӣ дар шароити ҳамонвақта қобилияти қудрату тавонои дар идракунии давлат намебошад[4]. Ба ақидаи Х. Ҳомидов аз он ҷое, ки роҳбарони мақоми аввали давлат натавонистанд аз имконияти нави низоми давлатдорӣ истифода кунанд  ва яко-як мавқею ибтикорро аз даст медоданд ва кор то ба сатҳи таъсисӣ ҳукумати “мусолиҳаи миллӣ” расид ва ҳатто Раиси Ҷумҳурӣ аз ҷониби мардум интихобшуда ҳам амалан аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояш намебаромад ва дар назди мардуми кишвар нақш ва мавқеӣ мақоми Президент хеле коста шуда буд, бинобар ин Иҷлосияи ХV1 ба хулоса омад, то як замони муайян аз риштаи конститутсионии Президент даст кашида шавад[5]. Ҳамзамон, тибқи тағйирот ба Конститутсия унсури дигари ҳокимияти иҷроия-Шӯрои Вазирони ҶТ ба сифати мақоми олии иҷроияю амрдиҳандаи кишвар муқаррар карда шуд. Тибқи тағйироти ба Конститутсия воридкардашуда Шӯрои Вазирон дар назди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва ҳисобдиҳанда буд. Навоварии дигаре, ки тибқи тағйироту иловаҳои ба Конститутсия воридкардашуда буд, ин пешниҳоди барномаи фаъолияти Шӯрои Вазирони навташкил ба баррасии Шӯрои Олӣ ба ҳисоб мерафт. Бояд гуфт, ки Шӯрои Вазирони Тоҷикистон метавонист ба истиснои масъалаҳои Конститутсияи ҳамон вақт амалкунанда ба салоҳияти Шӯрои Олӣ ва Раёсати он гузошта, ҳамаи масъалаҳои идораи давлатиро  ҳал намояд. Роҳбарии фаъолияти Шӯрои Вазирон   ба зиммаи Раиси Шӯрои Вазирон гузошта шуда, вай ҳамкории мақомоти идоракунии давлатиро ба мақомоти олии ҳокимияти далатӣ таъмин мекард.
Ҳамзамон, як қатор қарорҳои Шӯрои Олии ҶТ дар бораи қатъ гардонидани фаъолияти намояндагони халқ бо сабабҳои гуногун қабул карда шуд. Дар Иҷлосия инчунин ба Конститутсия тағйиру иловаҳо оид ба рамзҳои давлатӣ, аз қабили Парчам ва Нишони давлатӣ ворид карда шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд. Ҳамзамон,  Қарори Шӯрои Олии ҶТ  аз 19 ноябри соли 1992  оид ба Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб намудани Э.Ш. Раҳмон  ва ғ. барои таҳкими сохти конститутсионӣ равона карда шуда буданд.
       Бо мақсади хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, пешгирии фоҷеаӣ миллӣ, ва харобшавии асосҳои сохтӣ иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, таъминӣ фаъолияти мунтазамӣ мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати  мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содиркарда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд. Ба ҳамин хотир Қонуни ҶТ «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати  мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содиркардаанд”[6] қабул карда шуд. Бо Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо», ки асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба гурезаҳои ба макони доимии зисташон баргардонидашуда, интиқоли ройгони аҳли оила ва молу молумулки онҳо кафолат дода шуд.Ба қонуну қарорҳое, ки барои устуворгардонии сохти конститутсионӣ равона карда шуда буданд,  инчунин Қонуни ҶТ “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”; Қонуни ҶТ  «Дар бораи бекор кардани андози арзиши иловагии роҳхатҳо барои табобат, истироҳат дар  осоишгоҳҳо, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳои тобистона»;  қарори  Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд»; Қарори Шӯрои Олии ҶТ оиди фармоиши и. в. Президенти ҶТ “Дар бораи ҷорӣ намудани вазъияти фавқуллода, вақти комендантӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе” аз 27 ноябри соли 1997 дохил мешаванд. Қабули қонуну қарорҳои зикршуда барои таҳкими сохти ҳокимияти давлатӣ ва фаъол намудани кори он асос гузошта, кишварро ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамин замина устувор кардани истиқлолияти давлатӣ равона сохт ва халқро ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намуд.
Натиҷаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи Иҷлосия буд, ки қувваҳои мухталифи сиёси ба ҳам оварда шуд, ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат барқарор гардид, барои фаъолияти мӯтаъдили рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ва рушди пайгиронаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба марҳилаи нави инкишоф заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошта шуда, роҳ ба сӯи расидан ба истиқлолияти комил кушода шуд.Чи тавре, ки Президенти ҶТ, муҳтарам Э. Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 қайд намуданд “Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард”[7]. Ҳамин тавр, Иҷлосияи ХY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барпо намудани заминаҳои устуворӣ давлатдории тоҷикон  шароити зеринро муҳайё намуд:
1.Сохти конститутсионии кишварро барқарор намуд.
2.Вазъӣ сиёсии кишваро нисбатан  ба эътидол оварда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шароит муҳайё намуд, 
3.Барои  муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат шароит муҳайё намуд.
4.Барои таҳия намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит бавуҷуд оварда, ва бо қабули он заминаи ҳуқуқии рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғ. муайян намуд.
5.Барои таъмини волоияти қонун дар кишвар мусоидат  намуд.
Бояд қайд намоем, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну қарорҳои дар он қабулкарда барои устувор намудани сохти конститутсионии кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи далатдории навини мо воқеан бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустанӣ дорад. Ба эътирофи муаррихони имрӯзи дохилу хориҷи кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бе ягон  шакку шубҳа, воқеан бозёфти Иҷлосияи шонздаҳум маҳсуб мешавад. Ӯ савганд ёд намуда гуфта буд: “... Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то инки вазъиятро ором намоем...”[8].
Имрӯз мо, бо ифтихор гуфта метавонем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гирифт, маҳз дар натиҷаи ҳамбастагӣ ва азму талошҳои фарзандони содиқи халқи азизамон дар атрофи пешвои миллат, муҳтарам Президенти ҶТ Э. Раҳмон муяссар гардид.
Бояд қайд намоем, ки баъди Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи  нави устуворкунии ҳайёти ҷамъиятӣ фаро расид.  Дар натиҷаи кушишу талошҳои зиёди роҳбарияти сиёсии кишвар 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд. Метавон гуфт, ки ба имзо расидани Созишномаи мазкур дар таърихи Тоҷикистон оғози марҳилаи ҳаёти нав-ҳаёти осоишта, оғози ҳама пешрафту бунёдкориҳо, заминаи ваҳдати милати тоҷик, халқи Тоҷикистон ва якпорчагии кишвар фаро расид[9]. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи муосири Тоҷикистон оғоз гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои дигари давлати мо, аз ҷумла барқарор кардани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ташкили артиши миллӣ, қўшунҳои сарҳадӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, рушди иқтисодиёт ва дигар самтҳои асосии фаъолияти давлат шароит муҳайё намуд[10].
Қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва минбаъд ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он (1999, 2003, 2016) зарурияти  танзим ва такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба миён оварда, марҳилаи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо оғоз намуд. Конститутсия давлатӣ демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро эътироф намуда, асосҳои  сохтори конститутсионӣ, ваколати маҷлиси олӣ (парламент), Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд ва прокуратураро муайян намуд. Дар асоси ислоҳоти  конститутсионӣ барои таҷзияти рукнҳои давлат ва ташаккули давлати соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамзамон, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян гардида, нақши мақомоти қонунгузор дар қабул ва такмили қонунгузорӣ муайян карда шуд. Ҷиҳати фаъолияти парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда заминаи қонуни ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи чунин ислоҳоти конститутсионӣ ҷиҳати таъсиси Парламенти дупалатагӣ асос гузошта шуда, салоҳияти якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва ҳамзамон, салоҳияти ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ муайян гардид. Бахусус, дар самти ҷараёни баррасии лоиҳаи қонунҳо тартиби комилан нав ба роҳ монда шуд, ки аз принсипҳои фаъолияти сохторҳои парламенти пешина тафовути ҷиддӣ дошт.
Бо назардошти дурнамоии инкишофи кишвар  Конститутсияи Тоҷикистон шаклҳои  гуногуни моликиятро ба сифати асоси иқтисодиёти кишвар эътироф намуда, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дод. Конститутсия  арзиши оли доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, далнопазирии ҳуқуқи фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсониро эълон карда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.  Инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ  Конститутсия эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд. Аз ин ҷо, зарурияти такмили қонунгузорӣ дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба миён омад[11].
 
 
Раҳимзода М. З.                                      
узви вобастаи АМИТ,
 доктори илми ҳуқуқ, профессор,
 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
 
 
[1] Ниг. : Бунёди давлатдории навин.  - Душанбе,  2001. -С. 3-7.
[2] Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992, №21-22.  м. 24.
[3] Ниг.:Ҳамидов Х. Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такомули ҳокимияти иҷроия /Материалҳои конференсияи илмиву амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Иҷлосияи ХУ1  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушди давлатдорӣ”. -Душанбе, 2002. -С. 18.
[4] Ниг.: Достиев  А. Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он.- Душанбе, 2005. -С.52.
[5] Ниг.: Ҳомидов Х. Асари зикршуда.- С. 17-18.
[6] Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992, №23 (1032). М..232
[7] Ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20 апрели соли 2012. -Душанбе, 2012.
[8] Садои мардум, 20 ноябри соли 1992.
[9] Ниг.: Бунёди давлатдории навин/ Зери таҳрири М. Убайдуллоев. – -Маскав, 2002.  -С.120 -121.
[10]Ниг.: Раҳимзода М. З. Заминаҳои ҳуқуқии таъмини ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//Ваҳдат,№11 (427), июни соли 2022.
 
[11] Нигар муфассал.: Раҳимов М. З. Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон\Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон”. -Душанбе, 2012. -С.57- 65.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia