casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Таҳдиди ифротгароии салафӣ ба  суботи  ҷомеа  ва  амнияти  миллӣ

   Ҳифзи  истиқлолият  ва  ваҳдати  миллӣ  вазифаи  муқаддаси  ҳар  як  сокини  ин  сарзамин  буда, он  кафили  сулҳу  оромӣ,  ҳувияти  миллӣ  ва  субботи  кишвар  мебошад. Бо шарофати  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби  Олӣ,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон  мунтазам пеш рафта истода, субботи амнияти мардуми кишвар таъмин гардидааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  паём  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санаи  23  январи  соли  2015  қайд  карда буданд,  ки  «Терроризм  ва  ифротгароӣ  беш  аз  ҳарвақта  авҷ  гирифта,  бо  оқибатҳои  даҳшатбору  бераҳмонаи  худ  ба  проблемаи  ҷиддитарини  инсоният  дар  асри  бистуяк  табдил  ёфтааст. Муфассал ...

Воситаҳои тарбиявӣ-ахлоқии пешгирии зуҳури ифротгароӣ дар ҷомеа

  Асосҳои динӣ-мафкуравии тазоҳури экс­тре­мизм ва терроризмро, тибқи андешаи аксарияти му­ҳақ­қиқони исломшиноси ватанию хориҷӣ, на бевосита дар матни таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва на дар осори донишмандони мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ, балки дар осори Ибни Таймия, Сайид Қутб ва бархе уламои асримиёнагии исломӣ ҷустан лозим аст. Маҳз ҳамин асосҳои мафкуравӣ буданд, ки онҳоро минбаъд дар охири асри XX ва оғози асри XXI муассисони “Ихвону-л-мус­лимин”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, ҳизбу ҳаракатҳои дигари экстре­мистию террористии бо ном “исломӣ” барои татбиқи ҳадафҳои динӣ-сиёсии худ истифода бурда, хатари эксремизм ва терроризмро ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам дар соири кишварҳои дигари Осиё, Африқо, Аврупо ва Ам­рико интишор доданд. Аз ҷумлаи ашаддитарин таш­ки­лотҳои эксремистӣ-террористӣ, ки аз ин асосҳои мафку­равӣ нашъа гирифтаанд, Толибон, ДИИШ, ТЭТ ҲНИ, ҲИЎ ва ғ. ба шумор мераванд. Бояд хотирнишон сохт, ки ҳамаи ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ хусусияти фаромиллӣ доранд ва ба амнияти ҳамаи кишварҳо ва мил­латҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Аз ин лиҳоз, мубориза ба муқобили эксремизм ва терроризми динӣ, решакан кар­дани асосҳои мафкуравӣ, аз байн бурдани омилҳои ин зу­ҳуроти номатлубу хатарнок вазифаи танҳо кишварҳои ҷанг­зада ва гирифтори ин “бало” не, балки вазифаи умумии тамоми ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад.    Муфассал ...

«Маърифати ҳуқуқӣ» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илми ҳуқуқшиносӣ яке аз масъалаҳои мушкил, аммо хеле муҳим, муайян намудан мафҳумҳо, мазмун ва моҳияти онҳо мебошад.
  Пеш аз он ки ба кушодан мазмун ва моҳияти ин мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»  даст занем, ҳамонро бояд таъкид кард, ки мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» аз ду истилоҳ иборат мебошад: «маърифат» ва « ҳуқуқ». Аввал мафҳуми ҳар як истилоҳ дар алоҳидагӣ ва пас дар якҷоягӣ муайян карда мешавад.
Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «маърифат»-ро бо панҷ маъно маънидод менамояд: - илму дониш; - шинохтан, донистан; - биниш, тамиз, фаҳм; - шиносоӣ, ошноӣ; - маълумот доир ба тассавур. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia