Институт
- Сешанбе, 27 Феврал 2024
Новые реалии мировой политики в борьбе с терроризмом
Начало XXI века знаменуется борьбой стран Запада, во главе с США, с международным терроризмом. Масштабный террористический акт в центре мировой торговли Нью-Йорка 11-сентября 2001 года, фактически послужил серьёзным поводом для активной борьбы с международным терроризмом. После этого трагического события XXI век стали называть чуть ли не веком терроризма и борьбы с этим явлением. Однако, есть и другие его названия. Интересно, что они тоже в какой-то мере имеют в виду терроризм и борьбу с ним. Так Сэмюэль Хантингтон назвал XXI век веком «столкновения цивилизаций». Тогда как его иранский оппонент Мухаммад Хатами, назвал XXI век веком «диалога цивилизаций». Однако теория столкновения цивилизаций не подтвердила себя на практике. Осуществление диалога цивилизаций тоже остается под вопросом. Хотя обе теории могут стать предметом анализа другой статьи. Фактом остается то, что терроризм и другие формы деструктивного поведения, представляющие общечеловеческие вызовы, стали далеко не последними обсуждаемыми проблемами в перечне вопросов повестки дня почти любых региональных и международных политических саммитов, а также двухсторонних встреч лидеров стран мира и многочисленных научных конференций и симпозиумов. Проблемы же столкновение цивилизаций и диалога цивилизаций не вызвали такого резонанса у широкой общественности и в узких экспертных кругах.
Муфассал ...
- Душанбе, 26 Феврал 2024
Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли ҷавони худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 барҳақ иброз намуданд, ки «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».
Муфассал ...
- Душанбе, 26 Феврал 2024
Маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт. Зеро мутобиқ ба муқаррароти « Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд.
Муфассал ...