Институт
- Чоршанбе, 07 Феврал 2024
Мафҳуми «терроризм». Маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, ба муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст
Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин матлаб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид.
Дарвоқеъ, вобаста ба пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мо бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва ташвиқотиро аз оила шуруъ намуда, то мактабу дигар ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намоем.
Муфассал ...
- Душанбе, 05 Феврал 2024
Ҷанбаҳои синнусолӣ ва равонии гароиш ба экстремизм ва терроризм
Ҷанбаҳои синнусолӣ ва равонии гароиш ба экстремизм хеле муҳимманд. Тавре маълум аст, муддати хеле тулониест, ки масъала оид ба манбаи зулму ситам ва таҷовузкории инсон умуман мавриди баҳс қарор дорад.
Баъзе аз мутафаккирон, монанди Томас Гоббс ақида доранд, ки инсонҳо табиатан бераҳм ва таҷовузгар ҳастанд. Дигарҳо, аз ҷумла Жан Жак Руссо, чунин ақидаро пайравӣ мекарданд, ки ҳама чиз тавассути фарҳанг ва тарбия ба даст меояд, табиатан мардум на хубанду на бад.
Муфассал ...
- Душанбе, 05 Феврал 2024
Рушду инкишофи иқтисоди «сабз» - ояндаи Тоҷикистон (Андешаҳо пиромуни Паём)
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ба рушду инкишофи иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст. Ба ин мақсад Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул шудааст. Самтҳои асосии ин Стратегия иҷрои тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
Муфассал ...