casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Мероси маънавии миллӣ - зери ҳимояи Сарвари кишвар

 
                                                                             (Чанд нукта андар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бавижа дар хусуси ҳифзу муаррифии мероси маънавии ниёгон)
Қисмати фарҳанги маънавии миллати тоҷик ба аксар донишварону муҳаққиқон бармало аст, ки дар тӯли таърих ҳамеша зери таассуби диндорону аҷнабиён ба нестиву нобудӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аммо чун миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз фарҳангофару маърифатпарвар аст, ҳадди ақал дар маҳдудаи деҳаву шаҳрак ё худ хонавода фарҳангу маънавиёти худро пос медошту ҳифз мекард.
  Ҳамзамон, фарзонафарзандони миллати тоҷик дар асру замонҳо барои такмили фарҳангу илми гузаштагонашон саҳми бориз мегузоштанд ва баҳри пойдориаш низ талошу ҷонбозиҳо мекарданд. Ин ҳама заҳмату талошҳои нобиғагони миллати тоҷик буд, ки дар арсаи ҷаҳон миллати тоҷик ҳамчун миллати маърифатпарвару фарҳангофар шинохтаву маъруф гардидааст.
  Аз гузашта то ба имрӯз консепсияи миллати тоҷикро донишу ақлу илм ташкил додаасту медиҳад. Тамоми рукнҳои зиндагии тоҷикон аз донишу хирадпарастӣ сарчашма мегирад ва ин нуктаро олимони ҷаҳонӣ ҳам таъйид кардаанд. Муфассал ...

Ҷашни Сада мувофиқи ахбори маъхазҳои таърихӣ

  Иди Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор дорад.  Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврӯз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврӯз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд. Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Муфассал ...

Масъалаи занон ва ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

  Масъалаи занону ҷавонон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа яке аз масоили рузмаррае ба ҳисоб меравад, ки аз замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон, ба он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода мешавад.  
  Зан дар оилаи тоҷик аз қадим ҷои махсусро ишғол мекард ва имрӯзу дар оянда низ чунин хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки дар оила зан соҳибмаърифат аст, албатта фарзандони солиму солеҳа ва соҳибмаърифатро ба воя мерасонад. Солимии ҷомеа аз солимии оила ва оилаи солим аз фарзандони солим ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia