casino malaysia
casino malaysia
«Маърифати ҳуқуқӣ» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

   Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илми ҳуқуқшиносӣ яке аз масъалаҳои мушкил, аммо хеле муҳим, муайян намудан мафҳумҳо, мазмун ва моҳияти онҳо мебошад.
  Пеш аз он ки ба кушодан мазмун ва моҳияти ин мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»  даст занем, ҳамонро бояд таъкид кард, ки мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» аз ду истилоҳ иборат мебошад: «маърифат» ва « ҳуқуқ». Аввал мафҳуми ҳар як истилоҳ дар алоҳидагӣ ва пас дар якҷоягӣ муайян карда мешавад.
Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «маърифат»-ро бо панҷ маъно маънидод менамояд: - илму дониш; - шинохтан, донистан; - биниш, тамиз, фаҳм; - шиносоӣ, ошноӣ; - маълумот доир ба тассавур.
Дар сарчашмаи дигар бошад, мафҳуми «маърифат» - илмдӯст; тарафдори пешрафти илму маърифат; маорифпарвар, фарҳангпарвар, маълумот доир ба тасаввуф, ҷаҳоншиносӣ, яке аз чор дараҷаи ирфони суфия: шариъат, тариқат, маърифат, ҳақиқат мебошад. Маърифат аз нигоҳи фалсафа ин раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишҳои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди  иҷтимоӣ-таърихии фаъолияти  эҷодии одамон аст.
Мафҳумҳое, ки аз «маърифат» бармеоянд,  Луғати калони академӣ чунин таъриф мекунад: «маърифат кардан» - «интиқоли дониш, паҳн кардани маориф, фарҳанг»; «маърифатдор» - «маърифат, дорои маданияти баланд, дониш (дар бораи шахс); бо инкишофи баланд ва васеъ паҳн шудани маданияту маориф (дар бораи давру замон, давлат) хос аст».
Маърифати ҳуқуқӣ дар аксари мавридҳо дар муносибатҳои гуногун бо чунин категорияҳои ҳуқуқӣ, ба монанди фарҳанги ҳуқуқӣ (аз ҷумла унсурҳои алоҳидаи он, ба монанди шуури ҳуқуқӣ), таҳсилоти ҳуқуқӣ, омузиши ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, иттилооти ҳуқуқӣ якҷоя карда мешаванд, ки ин ҳолат мазмуни ин мафҳумро духура мегардонад.
Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «ҳуқуқ»-ро бошад, ҳамчун маҷмуи ҳақ муайян нмудааст. Мафҳуми «ҳуқуқ»-ин қоидаҳои рафтори ба ҳама ҳатмӣ мебошад. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
 Ҳуқуқ - бо як қатор нишонаву аломатҳояш аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ (масалан меъёрҳои ахлоқ, одатҳо ва ғайра) фарқ мекунад.
Якум, ҳуқуқ маҷмуи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад. Он аз меъёрҳои одоб ва ахлоқ, одатҳо, ки ихтиёран иҷро карда мешаванд, фарқ дорад. Ҳар гуна қоидаҳои рафтор, меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Меъёрхои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат муқаррар карда мешаванд ва иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.
Дуюм, ҳуқуқ низоми меъёрҳои барои ҳама баробар мебошад. Вай ба ҳама шахс, сарфи назар аз миллат, нажод, синну сол, мансабу вазифа ва мансубияти синфиашон баробар тааллуқ дорад.
Сеюм, иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ бо маҷбуркунии давлатӣ таъмин карда шудааст. Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ, давлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва иҷрои онҳоро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё суд маҷбуран таъмин менамояд.
Мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ», гарчанде дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита оварда нашуда бошад ҳам, аммо дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти «маърифати ҳуқуқӣ»-ро ифода менамоянд.
Аз ҷумла, дар моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидаст ва дар як вақт Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд (м. 10). Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (м.14). Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад (40). Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад (м.41) ва ғайра. мебошанд. Ҳамаи ин арзишҳо дар маҷмўъ ба мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» вобастагии ногусатанӣ дошта, мазмуну моҳияти онро бевосита ифода менамоянд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми августи соли 2011 №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, омадааст, ки мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2007 №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳое истифода шудаанд, ки бевосита ба мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» иртибот доранд, аз ҷумла: – анъана - маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;  – маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 2022 №1920 «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон» мафҳумҳое маънидод шудаанд, ки бевосита мазмуни мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»-ро ифода менамоянд, аз ҷумла: Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд;  ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан; тарбия - падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрии ҳуқуқие, ки дар он мафҳуми мазкурро метавон дарёфт кард, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми феврали соли 2018 №1005 тасдиқ карда шудааст, мебошад. Дар банди 12-и Консепсияи зикргардида истилоҳи «маърифати ҳуқуқӣ» чунин пешбинӣ карда шудааст, ки «...танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқии ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони мансабдор»мебошад.
Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2020, № 526 тасдиқ шудааст, робитаи байни таҳсил ва тарбия, аз ҷумла, тарбияи ҷавонони ҷавобгўйи талаботи замона дар ҷараёни таҳсилот таъкид мегардад. 
Инчунин, сиёсати давлатиро дар ин самт Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 тасдиқ гардида, аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2018 бармеояд, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, қабул гардидаанд, муайян мекунанд.
Илова бар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки онҳо низ мазмун ва моҳияти ин падидаро ба таври возеҳу равшан кушода медиҳанд. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 № 636 тасдиқ шудааст, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   5 августи соли 2023, № 357 тасдиқ шудааст, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 565 тасдиқ шудааст ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, қайд мегардад, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Дар натиҷаи таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ки аз асосҳо, мақсаду ҳадафҳои онро муайян менамоянд, чунин бармеояд, ки «маърифати ҳуқуқӣ» - ин фаъолияти мунтазами мақсадноки давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс мебошад.
Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки сиёсати давлатӣ, рушди маърифати ҳуқуқиро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, дар тамоми табақаҳои аҳолӣ ва дар ҳамкории фаъолона бо мақомоти давлатӣ, фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назар дорад.
 
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
Мудири шуъбаи масоили назариявии
 давлат ва ҳуқуқи муосири Институти
 фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
 номи А.Баҳоваддинови Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори
 илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
 
Қодирзода Тоҳир Қамар
ходими пешбарӣ илмии шуъбаи масоили
назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти
фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. БаҳоваддиновиАкадемияи миллии илмҳои
                                          Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia