casino malaysia
casino malaysia
Ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун роҳнамои олимони ҷавон

wrapper

  Дар оғози ҷашни   имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ    мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар баргузор гашт. Пешвои миллат чун анъанаи накӯи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат сӯҳбати самимию  судманд анҷом доданд. Дар оғози суханронии худ Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни кишварро ба ифтихори ин ҷашни байналмилалӣ самимона табрик намуд.  Ҳамчунин  Сарвари миллат ба ҳамаи мардуми тоҷик  рӯзгори  хубу зиндагии осоишта  ва сулҳу суботро дар  кишвар таманно намуданд. 
  Мақсади мулоқоти Роҳбари давлат бо донишмандону аҳли илму адаб ва зиёиёни кишвар   аз он иборат буд,  ки   масъалаҳои  муҳими ҷомеаи тоҷик, хусусан  соҳаи илму маориф ва  мушкилоти ҳалталаби      олимону эҷодкорони  ватанӣ таҳлилу   баррасӣ  гардад.  Пешвои миллат  суханронии худро  аз  муҳокимаи таъриху фарҳанги бойи қадимаамон оғоз  намуда, аз дастовардҳои донишмандону олимони кишвар ибрози андеша намуданд. Эмомалӣ   Раҳмон инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро, хусусан соҳаи илму маорифро дар марҳилаҳои муайяни таърихии шӯравӣ ва пасошӯравӣ  ҳаматарафа таҳлил намуда,  фарқияти  ин давраҳоро аз даврони истиқлоли имрӯзаи кишвар дар муқоиса нишон доданд.
  Ҷаҳони пешрафтаи имрӯза, бо талаботҳои  нав ба нави худ, аз мо тақозо менамояд,  ки ҳамватанон  аз  тағйиротҳои босуръати илмию технологии ҷаҳони муосир  бохабар  бошанд. Вобаста ба ин,   мо бояд барои  амалӣ сохтани  ҳадафҳои  стратегии миллии худ  сафарбар  шавем   ва барои  пешрафти ҳамаи соҳаҳои илму технологияи кишварамон кӯшиш  ба харҷ диҳем.  Албатта,   имрӯз  прогресси  илмӣ-техникии ҷомеаи глобалӣ  аз    ҳамватанони мо  тақозо мекунад, ки барои тақвият додани раванди  рушди   соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маорифи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз донишу технологияҳои замонавӣ баҳравар бошем. Даврони истиқлолият   барои соҳибмаърифат  шудани  ҷавонони имрӯзаи тоҷик    шароити мусоидро фароҳам  овардааст. Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон иброз намудаанд, ки «ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд». Аз ин рӯ, Роҳбари давлат  таъкид намуданд, ки  ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи  ояндасози миллати куҳанбунёди мо, бояд  зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду  илмҳои муосирро азхуд намоянд, то ин ки  онҳо  қурбонии идеологияи  гурӯҳҳои тундгароёни динӣ ва  ифротгарову  террористӣ нагарданд.
 Мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дастур доданд, ки мо бояд  мушкилоти ҷомеаро бартараф карда,  имрӯзу ояндаи давлати соҳибистиқоли тоҷикро аз таъсироти манфию хатарҳои ҷаҳони муосир  дифоъ кунем.   Ба ғайр аз ин, мо барои расидан ба  ҳадафҳои  стратегии  кишвар   бояд  нерӯи зеҳнии  ҷомеа тоҷикро ба он сафарбар намоем, ки  кадрҳои баландихтисоси  ватанпараст  тарбия  шаванд. Пешвои миллат, зимни суханрониашон  масъалаҳои ҳалталаби зеринро дар ҷомеаи тоҷик муайян намуданд :
- ислоҳоти батадриҷи  низоми илму маорифи имрӯзаи ҷомеаи тоҷик;
- тарбия ва омода намудани кадрҳои миллии  ҷавон аз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва  дақиқ;
- ҷалб ва ҳавасманд  намудани насли навраси ҷомеаи тоҷик барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзиву дақиқ;
- таҳким намудани рукнҳои ҳувияти миллӣ  зимни тарбияи кадрҳои миллии ҷавон;
- ҷорӣ кардани  дастовардҳои таҳқиқоти илмии ватанӣ дар истеҳсолот;
-  таҷдиди сохтории  муассисаҳои илмии ватанӣ;
- ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи тоҷик;
 - мувофиқи талаби замон таълиф намудани  китобҳои дарсӣ барои хонандагону донишҷуён;
  Аз ин рӯ, мо, насли ҷавони кишвар бояд сатҳи  ҷаҳонбинии илмии худро баланд бардошта, барои  азхуд намудани  донишҳои нави инноватсионӣ  саъйу кушиш намоем. Мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, мо насли ҷавони кишвар бояд  донишу малакаи хешро сайқал намуда, самтҳои гуногуни илму технологияи муосирро омӯхта, дар ин роҳ пешрафт намоем, то ин ки  Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар миқёси ҷаҳони имрӯза муаррифӣ карда тавонем  ва дар  беҳбудии зиндагии  хеш саҳм  гузошта бошем. Бояд қайд намуд, ки ҳар як кишварро таърих ва фарҳангу маданияташ миёни кишварҳои дигар  муаррифӣ месозад. Мо ифтихор аз он мекунем, ки  осори илмии  ниёгонамон имрӯз дар тамоми манотиқи кишварҳои ҷаҳон маъруфу машҳуранд. Мо, тоҷиконро аз таъриху фарҳанги ғаниамон мешиносанд.
  Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёиён ва хусусан  муҳаққиқони ҷавон ғизои маънавӣ дода, дастури хуби кору фаъолияти минбаъдаашон мегардад. Ман ҳамчун иштирокчии мулоқоти   Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо зиёиёни кишвар, аз суханрониии Сарвари давлатамон  рӯҳбаланд шуда, ба худ як ҷаҳон таассурот гирифтам ва    дар назди худ ҳадаф мондам, ки  ҳамчун сарбози содиқи Пешвои миллат барои рушди илми ватанӣ саҳми худро гузорам.
Ҳасанова Мавзуна,
докторанти PhD-и   Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia