Аҳамияти илми ҷадал (диалектика) дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа аз нигоҳи Абуалӣ ибни Сино
- Панҷшанбе, Апр 02 2020
- Андешаи муҳаққиқон
Мантиқ ва далеловарии ақливу мантиқӣ заминаи муҳими ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мебошанд. Сарони давлат ва бузургони миллат борҳо дар бораи рушд ва густариши тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии илмиву табиатшиносӣ суханронӣ намуданд ва дар ин раванд олимону равшанфикронро барои мадад расонидан дар самти баровардани ҷомеа аз рукуди фикрӣ (таассуботи диниву мазҳабӣ) ба сӯи пешрафт даъват намуда буданд. Ахиран чунин даъват аз тарафи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷод, ки дар арафаи Наврӯз барпо гардид, ба амал омад. Хушбахтона мақоми тафаккури илмиву мантиқӣ дар осори фарҳангии халқи тоҷик хеле бориз аст ва мо мехоҳем, ки барои дастгирии раванди созандаи тафаккури илмӣ ба ин осори гаронмоя муроҷиат намоем ва даъват ба амал орем, ки ин осор дар тарбияи ҷавонон ба таври натиҷабахш истифода бурда шавад.
Айни замон дар ин навишта масоили зер мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст: ҷадал ё “топика” ҳамчун ҷузъи муҳимми омӯзиши мантиқ, саҳми Ибни Сино дар таҳқиқи ҷадал, умумият ва фарқиятҳои “Ҷадал”-и Ибни Сино ва “Топика”-и Арасту, истилоҳоти ҷадалӣ дар “Шифо”, моҳият ва аҳамияти ҷадал дар “умури маданӣ”.
Сазовори ёдоварист, ки пас аз интишори дини ислом дар асрҳои 7-8 дар сарзамини Сурия ва Ироқ, мусулмонон бо таълимоти юнониён ба тарзе, ки дар назди фирқаҳои масеҳӣ, бахусус настуриён ва мануфизиён ё яъқубиён ташаккул ёфта буд, иртибот пайдо карданд. Ин фирқаҳо дар Антокия, Адисо ва Насибин марказҳое доштанд, ки ҷойгузини таҳқиқоти элинистии Искандария буданд. Бинобар ин, нахустин нависандагони мантиқ ба забони арабӣ донишмандони масеҳии сурёнӣ ба шумор мераванд. Таҳқиқоти мантиқии онҳо, ки комилан вобаста ба илми тиб буд, ба забони арабӣ тарҷума шуд ва заминасози рушду пешрафти илми мантиқ дар байни мусулмонон гардид. Онҳо ба таҳқиқ кардани мантиқи Арасту ба тартиби маъмули он давра, ки дар нуҳ асар омӯхта мешуд, пардохтанд. Асарҳо ба тартиби зайл буданд: 1) муқаддима ё Исоғӯҷӣ (Isagoge); 2) мақулот ё категория (Category); 3) таъбиру тафсир (De–interpretatione); 4) таҳлил (Prior Analytics); 5) бурҳон (Posterior Analytics); 6) ҷадал (Topics); 7) сафсата ё суфастоӣ (Desophistics); 8) хитоба ё риторика (Rhetoric); 9) шеър (Poetics).
Ин маҷмӯаро «Нуҳ китоби мантиқ» ва гоҳ «Ҳашт китоби ирҷоъ» ба истиснои «шеър» ё «муқаддима» ном мебурдаанд. Чаҳор мақолаи аввал, танҳо мақолоте буданд, ки қабл аз соли 800–и мелодӣ ба забони сурёнӣ ва пештар аз соли 850–и мелодӣ ба забони арабӣ тарҷума шуданд ва ба «Кутуби чаҳоргона» мавсум гардиданд.
Тарҷумаҳои арабии мақолоти мантиқии Арасту ва тарҷумаи таҳқиқоту шарҳҳои юнонии ин мақолот заминаро барои аввалин файласуфи арабзабон Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ (с. 805–873–и мелодӣ) фароҳам овард. Навиштаҳои вай дар бораи матнҳои мантиқии Арасту шояд андаке муфассалтар аз навиштаҳои дигар нависандагон бошад. Дар охирҳои садаи нуҳум ва қарни даҳуми мелодӣ мадрасаи мантиқиёни Бағдод маркази омӯзишу таҳқиқи илми мантиқ шуда буд. Бунёнгузорони ин мадраса як гурӯҳи масеҳиёни настурӣ шомили муаллимоне чун Абӯбишр Мато ибни Юнус (с. 870–940) ва шогирдаш Яҳё ибни Удай (с. 894 – 960) буданд. Абӯбишр Мато ибни Юнус аввалин мутахассис дар таҳқиқоти мантиқӣ буд, ки тарҷумаи «Бурҳон» ва «Шеър» –ро ба забони арабӣ пешкаш намуд. Дар ин давра донишманди машҳури мусулмон Абӯнасри Форобӣ (с. 870–950), ки шояд муҳимтарин мантиқдони ҷаҳони ислом бошад, «Арғунун» –и Арастуро шарҳе тафсилӣ ва комил додааст. Бетардид метавон гуфт, ки ҳамаи мантиқдонони арабзабон пас аз Форобӣ, ҳатто Абӯалӣ ибни Сино, ки дар муқобили таъсиру нуфузи Форобӣ мавқеъ гирифтаанд, Арастуро аз дидгоҳу манзари Форобӣ мутолиа намудаанд. Навобаста ба ин, ки мадрасаи мантиқиёни Бағдод дар ҳудуди соли 1050 аз байн рафт, таҳқиқоти мантиқӣ дар байни мусулмонон идома ёфт ва мантиқ бо васотати илми тиб ҳамон гуна ки аз масеҳиёни сурёнӣ гирифта шуда буд, ҳамчун бахше мукаммал аз суннати тиббӣ–фалсафӣ дар байни мусулмонон пазируфта шуд ва боқӣ монд.
Қарни ёздаҳум даврони кам шудани нуфузи илми мантиқ дар байни донишмандони мусулмон маҳсуб мешавад, аммо маҳз дар ҳамин давра пуркортарин мантиқдони олами ислом, донишманди бузурги тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино (с. 980–1037), дар Ғарб бо номи Ависено (Avicenna) шинохта мешавад, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ибни Сино агарчӣ ба андозаи зиёде аз мадрасаи Бағдод омӯхта, марҳуни он буд, бебокона онро сарзаниш мекард. Зеро, мантиқ дар мадрасаи Бағдод бо таҳқиқоти матнҳои Арасту маҳдуд мешуд ва Ибни Сино ин гуна ҷиҳатгирӣ ба сӯи матнро ба ҷои мавзӯъ ва муҳтаво хато мепиндошт.
Барои Ибни Сино ва равише ки аз вай пайравӣ менамуд, як китоби мантиқӣ шарҳе бар осори Арасту набуд, балки мақола ё асаре мустақил ба шумор мерафт, ки шомили замина ва услуби хеш бошад. Шоҳкори Ибни Сино маҷмӯае аз мақолоти вай дар асари таърихияш, яъне “Китоб-уш-шифо” аст, ки бо нуҳ бахши тарҷумаи арабии “Арғунун”-и Арасту иртибот дорад. Вай дар мухолифат бо рӯйкарди ғарбии мадрасаи Бағдод кори хешро дар мантиқ ва фалсафа ба мантиқи шарқӣ ва фалсафаи шарқӣ мулаққаб сохт. Ин мантиқи шарқӣ, ки тавассути Ибни Сино ҳимоят мешуд, бо мантиқи Форобӣ тафовутҳое дошт, ки на дар ҷавҳараи матлаб, балки дар мизони тамоюлу таъкиде буд, ки нисбат ба пешинаву собиқаи арастуӣ иброз мешуд. Аз ин рӯ, Ибни Сино ҷузъе аз матолиберо ки эҳтимолан аз Ҷолинус гирифта буд, дар мантиқи хеш ворид намуд.
Тавсияи Ибни Сино дар мутолиаи мантиқ аз тариқи мақолот ва осори мустақили мантиқӣ ба ҷойи таваҷҷуҳ ба матнҳои арастуӣ ба муваффақияти комил ноил шуд. Танҳо дар Андалус, суннати таҳқиқоти арастуии мадрасаи Бағдод то муддате боқӣ монд. Дар асрҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум Андалус (Испания) маркази асосии таҳқиқоти мантиқӣ дар ҷаҳони ислом буд. Муҳаммад ибни Абдун (930-995), мусулмони испаниягӣ, ки тиббу фалсафаро дар Бағдод омӯхта буд, дар интиқоли таҳқиқоти мантиқии мадрасаи Бағдод ба Қуртуба (Кордова) саҳми бузург дошт. Дар суннати тиббӣ-мантиқии Андалус ин таълимот то ду қарну ними баъд ривоҷ дошт, дар ҳоле ки он дар Шарқи исломӣ рӯ ба сустӣ дошт.
Ҳамонгуна, ки болотар ишора намудем, яке аз асарҳои нуҳгонае, ки тавассути онҳо мантиқ омӯхта мешуд ва ин анъана аз замони Арасту монда буд, ҷадал (Topics) мебошад.
Бахши “Ҷадал”-и китоби “Шифо”, ки наздик ба 400 саҳифаро дар бар мегирад ва аз ҳафт мақола иборат аст. Мақолаи якум 10 фасл, мақолаи дувум 6 фасл, савум 4 фасл, чорум 3 фасл, панҷум 5 фасл, шашум 1 фасл ва ҳафтум 4 фасл доранд.
Донишманди забоншинос ва файласуфи мисрӣ Иброҳим Мадкур (т.1902 - в.1996) донишманди риштаи забоншиносӣ ва фалсафа, ислоҳотхоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Миср мебошад, аз соли 1974 то поёни умраш раисии Академияи забони арабиро дар Қоҳира бар дӯш дошт. Ба иловаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар мавзӯи “Нашъати истилоҳоти фалсафӣ дар ислом” ва “Мантиқи Арасту ва наҳви арабӣ”, таҳқиқи китоби “Шифо”-и Ибни Сино аз хидматҳои мондагори вай ба ҳисоб меравад), ки “Шифо”-и Ибни Синоро таҳқиқ намудааст (тарҷумаи тоҷикии он дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ аз рӯйи нусхаи таҳқиқнамудаи вай сурат мегирад), дар муқаддимаи таҳқиқи “Шифо” бо ишора ба “Топика”-и Арасту менависад: Китоби “Топика” аз якумин таълифоти илмӣ, даре аз дарвозаҳои омӯзиши методологии вай мебошад, ки дар он осори Афлотун возеҳ аст. Зоҳиран, якбора навишта нашудааст, аввал шаш ҷузъи он таълиф шуда, дар зимн заминаи назарияи қиёс гузошта шудааст. Сипас, ду ҷузъи якум ва ҳаштум, пас аз маълум шудани ин назария барои бо ҷадал рабти умумӣ доштан, ба китоб илова гардидааст(1:2).
Ба гуфтаи ин муҳаққиқ таъсири китоби Арасту ба ҷаҳони мусулмонӣ дар он давра бисёр возеҳ будааст, зеро аҳамияти мунозираву ҷадал ба дараҷаи на камтар аз он дар Афина дар қарнҳои панҷу чори қабл аз мелод буд. Ҷадал ҷузъе аз мантиқи Арасту ба шумор мерафт ва донишмандони мусулмонон, бахусус пайравони фирқаҳо, файласуфон ва мутакаллимон дар мунозираву ҷадал аз он истифода мебурданд. Дертар мантиқиёни мутааххир ба навъе нисбати он саҳлангорӣ карданд. Ҷадал сарчашмаи муҳимме барои илми нави дар байни мусулмонон - “Илми одоби баҳс ва мунозира” гардид(4:234).
Ибни Сино дар фанни шашуми мантиқ дар китоби “Шифо” бо номи “Китоби ҷадал”, ки дар он “бешубҳа, баҳсе фарогир ва дарсе саршор бо забони сода ва услуби возеҳ”(1:3) омадааст, дар баёни баъзе тафсилоту ҷузъиёт, бахусус мавзӯъҳои вобаста ба баҳсҳои мусулмонӣ, монанди масъалаи “махлуқ будани Қуръон” аз “Топика”-и Арасту берун меравад.
Беҳикмат нест, ки бо мардум ба андозаи ақлу хирадашон сухан гуфта мешавад. “Хоссагон” бо забоне такаллум мекунанд, ки то ҳадде аз дигарон фарқ мекунад. Сухан гуфтан ба оммаи мардум бо забони файласуфон ва донишмандон барои онҳо қобили қабул нест. Пайдост, ки ҷадал ва хитоба дар умури динӣ ва маданӣ аҳамият доштаааст. Дар ҳамин давра ҳам, “ҷадал” дар додгоҳҳо ва парлумонҳо нақши босазо доранд ва дар роҳбарии сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ин ду ба таври васеъ истифода мешавад.
Файласуф Аҳмад Фуод ал-Аҳвонӣ (Аҳмад Фуод ал-Аҳвонӣ (т. 1908 – в. 2012), файласуф ва муҳаққиқи мисрӣ), ки якчанд соли умри худро сарфи омӯзишу таҳқиқи нуҳ нусхаи муҳимтарини “Шифо” кардааст, барои китоби “Ҷадал” муқаддимаи муфассал бо таъриху таҳқиқ ва таҳлилу муқоиса навиштааст. Дар он “Топика”-и Арастуро нишон дода, бо ишора ба мавзӯи он, ҷойгоҳашро дар баробари “Арғунун” (Органон) муайян намуда, чигунагии тарҷума шудани он ва бархе аз шарҳҳои қадимаашро ба забони арабӣ баён кардааст. “Ҷадал”-и Ибни Синоро таҳлили дақиқ намуда, бо “Топика”-и Арасту муқоиса кардааст.
“Ҷадал”дар луғат ба маънои ситезаҷӯйӣ, сахтгирӣ дар хусумату қудрат доштан бар он, шиддат ёфтани душманӣ, муқобилаи ҳуҷҷат бо ҳуҷҷат, низоъ, муноқиша ва мунозира аст.
Инчунин, “ҷадал” дар луғат ба маънои муҳкам бофтани ресмон ё мӯ, касеро ба замин задан, ва муҳкаму қаввӣ шудани дона аст. Маънои аслии ҷадал уствории як чиз аст ва маонии дигар ба он боз мегардад.
Дар мантиқу фалсафа, ҷадал аз муҳтавои китоби “Топика”, муарраби он “Тубиқо”, нашъат ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Қабл аз Арасту, истилоҳи “диалектика” баргирифта аз иборати юнонии “dialektike techne” ба маънои фанни мубоҳисаву ҷадал, назди файласуфони Юнон мавриди истифода ва маъруф буд.
Мантиқдонони мусулмон, аз ҷумла Ибни Сино, таърифи Арасту дар бораи ҷадалро бо андаке тағйир пазируфта, ғолибан онро санъат ё ҳунар ба шумор овардаанд. Ба ақидаи онҳо, ҷадал санъатест, ки бо он метавон аз муқаддимаҳои машҳур ё мусаллам, қиёсе ташкил дод ва бо он вазъе (раъй ё ақидае)-ро ибтол кард ё аз вазъе дифоъ намуд, бе он ки таноқузе лозим ояд.(3:13, 1:21)
Ибни Сино бо такмил намудани таърифи мазкур гуфта аст: саноати ҷадал малакае аст ки таълифи қиёс ё истиқрои ҷадалӣ ба манзури иқноъ (қонеъгардонї) ва илзоми мухотаб аз он содир мешавад, ҳамон гуна ки саноати тиб малакае аст, ки муолиҷа аз он бармеояд. Ҷадал ба равиши пурсишу посух миёни ду кас дар боби як “вазъ” воқеъ мегардад. Вазъ, раъй ё тақрибан ҳамон иддаое ҳаст ки як тараф ба он эътиқод дорад ва дар садади исботу дифоъ аз он бошад ва тарафи дигар дар садади нақз ё ибтол (ботил нишон додан)-и он аст (1:53-56).
Аз нигоҳи Ибни Сино, ҷадал барои умури маданӣ нофеъ ва зарурӣ аст(1:11). Зеро дар ҷадал, бар хилофи бурҳон, мухотаб дигаронанд ва корбурди он дар умури ҷамъӣ ва иштирокӣ (коллектив) аст. Чун муқаддимоти ҷадал аз манфиатҳои муштарак миёни мардум гирифта мешавад, ҷадал дар идомаёбиву ҳифзи ҷамоати инсонӣ судманд аст ва ба пайванди афроду ҳифзи манфиати умумӣ ёрӣ мерасонад. Аз ин рӯ шоиста аст, ки мудирону мудаббирон бо ҳуҷҷатҳои мақбулу писандидаи мардум, ақидаҳои нофеъ ба онҳо, назири ақоиди диниву ахлоқиро баён кунанд, зеро умуми мардум тавони дарку фаҳми бурҳонҳои фалсафии файласуфонро дар хусуси ақидаҳои ёдшуда надоранд ва қувваи шууру фаҳми бисёре аз мардум, мутаносиб бо машҳуроту мусалламот аст ва танҳо аз тариқи инҳо метавон онҳоро қаноатманд кард. Ба ҳамин сабаб, Ибни Сино ҷадалро сирфан такмилае барои бахшҳои мантиқ надониста, балки онро дорои манфиати мустақил ва ҷудогона донистааст. Пас, ҷадал аслан дар умури ҷамъӣ ва маданӣ муфид ва барои ду мақсад бисёр коромад аст: а) яке баёни эътиқодоти боманфиат барои ҷомеаҳои инсонӣ ва таъкид бар онҳо; б) нақзи боварҳои музиррзиёновар барои инсонҳо(2:446-447).
Илова бар ин, Ибни Сино ҷадалро барои ин мавридҳо низ фоидаовар донистааст(1:501): сокит намудани афроде ки иддаои дониш доранд ва бар маслаки хато ҳастанд ва қодир нестанд аз роҳи бурҳон ҳақиқатро дарёбанд; инсонҳое ки мехоҳанд ба ақидаи дурусту ҳақ бирасанд ва онро бипазиранд, аммо тавони ҳаракат аз роҳи бурҳонро надоранд, чунин касонеро аз роҳи ҷадал метавон ба ақидаи дуруст роҳнамоӣ кард; мумкин аст ки омӯзандагону донишҷӯёни улуми ҷузъӣ, монанди ҳандасаву пизишкӣ, дар ибтидои амр, натавонанд ба усул ва мабодии он улум, рағбати сахт пайдо кунанд ва чун усули ҳама улум дар мобаъдуттабиа (аз тариқи бурҳон) исбот мешавад, ин тариқ барои навомӯзон мушкилу мӯҷиби безориву дурӣ ҷустан аз он улум мешавад, аз ин рӯ ба василаи қиёси ҷадалӣ метавон он усулро барои онҳо исбот ва ононро ба идомаи омўзиш алоқаманд кард. Чун дар қиёсҳои ҷадалӣ ҳам вуҷуди чизеро метавон исбот кард ва ҳам адами чизеро, аз ин рӯ метавон дар он қиёсҳо ба хубӣ тааммул кард ва ақидаи ростро кашф намуд(2:447).
Дар замони мо равшан аст, ки ба воситаи далелҳои ҷадалӣ, ки бештар ба ақлу илм такя мукунанд, метавон авоми мутаассибро, ки дар зери раҳнамоии уламои диниву мазҳабӣ ба роҳи ифрот ва тафрит, ба кори харобиовари ҷангу ҷадали ҳарбӣ аз номи дину имон дар мамолики мусулмониву ғарбӣ равонанд, аз роҳ баргардонда шаванд. Ин гуна “хасмҳое” ки дар дохили ҷомеаи мо пайдо мешаванд, онҳоро тибқи фармудаи Абуалӣ ибни Сино аз роҳи усулҳои ҷадалӣ “ба сукут водор” ва “таслим” бояд кард.
Ин гана фармудаҳоро аз матну забони худи Ибни Сино метавон пайдо намуд. Вожаҳое, ки дар матни “Ҷадал”-и Ибни Сино бо онҳо бештар рӯбарӯ мешавем, “муҷиб”, “соил”, “машҳурот” ва “мусалламот” ҳастанд ва ҳангоми тарҷума ба забони тоҷикӣ беҳтар аст, ки дар ҳамин шакл оварда шаванд. Зеро, ин истилоҳот дар китобҳои вобаста ба мантиқ, ки бо форсї таълиф шудаанд, ба ҳамин минвол омадаанд.
Пас мурод аз “муҷиб” ва “соил” дар матнҳои “Шифо”, ба хусус дар “ҷадал” чист? Дар мавзӯъи ҷадалї касе аст, ки аз як вазъ дифоъ ва қиёсе дар ҳифзу тарафдорӣ аз он таълиф мекунад, ўро ҳифзкунандаи вазъ ё “муҷиб” мегўянд. Касе ки мехоҳад он вазъро бо ташкили қиёсе муташаккил аз машҳуроту мусалламоти худи муҷиб нақз кунад, ноқизи вазъ ё “соил” номида мешавад. Маънои луғавии “соил” ба тоҷикї пурсанда ва “муҷиб” посухдиҳанда мебошад.
Дар ҷадал соил ба тадриҷ пурсишҳоеро пеш мекашад то дар ниҳоят ба мақсади худ, ки ба сукут водор кардани хасм аст, наздик шавад ва бо маҳорат, муҷибро ба самти эътирофу таслим ба муқаддимоте ки нақзи вазъро зарурї мегардонад, мекашонад(1:25-29) онгоҳ бо муқаддимоте ки муҷиб онҳоро эътироф кардааст, қиёсе ҷадалӣ ташкил медиҳад то ба василаи он вазъи муҷибро нақз кунад ва муҷиб ҳам мекӯшад то “вазъ”-и худро аз тариқи ташкили қиёсе аз машҳуроти мавриди қабули соил, ҳифз кунад ва тан ба илзом надиҳад(3:14-15).
Дар илми ҷадал “машҳурот” қазияҳои эътиқодие ҳастанд, ки сабаби боварї ба онҳо шуҳрат ё худ машҳурии онҳо миёни ҳама ё бештари мардум ё ҳама ё бештари донишмандон ё фозилтарини онҳо аст. Машҳурот ба маънои дигар, масъалаҳое ҳастанд, ки воқеияти онҳо мустақил аз тавофуқи афкори умум нест, танҳо ба хубиву бадї тааллуқ доранд, на ростиву дурӯғ. Барои ҳамин машҳурот аз даркшавандаҳои ақли амалӣ мебошанд.
“Мусалламот” низ масъалаҳои эътиқодї ҳастанд, ки чї вобаста ба дуруст бошанд, чї дурўғ ва чї машкук, ба сабаби тавофуқи мардум ва таслим дар муқобили онҳо, дуруст ба шумор меоянд. Агар дар мубоҳисаҳо, хомўш гардодани хасм манзури назар бошад, мусалламотро дар истидлол ба кор мебаранд. Аммо, агар ҳидояту иршоди тарафи муқобил манзур бошад, чунончї омодаи дарки бурҳон набошад, аз наздиктарин роҳ ўро ба дарки воқеият қодир месозанд.
Мусалламот ду навъ мебошанд: ом ва хос. Мусалламоти хос масъалаҳое ҳастанд, ки шахси муайян онҳоро мусаллам дониста, мултазим шудааст ва онҳоро дар ҳуҷҷате ки бар ибтоли раъйи ў таълиф мекунанд, ба кор мебарад. Ин навъ масъалаҳо дар ҷадал ба кор мераванд. Мусалламоти ом, масъалаҳое ҳастанд, ки ё мавриди қабули ҳамагонанд ва бо ин тартиб аз машҳуротанд, ё мавриди қабули гурўҳи хоссеанд, ё масъалаҳое ҳастанд, ки омўзанда дар оғози таълим мепазирад то баъдан дар амале дигар ё дар ҳамон илм, исбот шаванд. Агар ин таслим ба тариқи раду маҳкум кардан (истинкор) бошад, мусодарот номида мешавад. Агар аз рўйи таҳаммул (тасомуҳ) ва хуштабъї (тийби нафс) бошад, усули мавзўъа номида мешавад.
Хулоса, дар амал Ибни Сино ҳавзаи мантиқии пеш аз хешро ба тавре ки дар шарқи исломӣ навиштаҳои мантиқии Арасту комилан тарк шуд, тағйирёбанда сохт. Ба ҳамин минвол, мешавад гуфт, ки Пури Сино аз зумраи нахустин донандагони илми мантиқ дар заминаи осори Арасту дар миёни донишмандони мусулмон будааст. Дар умум, моҳияти ҷадал иборат аз он аст, ки инсон аз мусалламоти тарафи муқобил алайҳи ӯ баҳрабардорӣ кунад, дар мақоми истидлол аз муқаддимаҳое ки тараф қабул дорад, истифода кунад ва ин равиш барои қонеъ кардан ё хомӯш кардани тарафи муқобил бисёр таъсиргузор аст. Дар баробари ин донистани илми ҷадал барои мантиқӣ сухан гуфтан мусоидат менамояд. Дар ҳар давру замон, ҳар навъи низому давлатдорӣ тарафдорон ва мухолифони худро доранд ва ниёз ба донистани ҷадал боқӣ мемонад. Ҳамеша як тараф мехоҳад дигареро бо сухан ва райъи худ бипечонад, то дар натиҷа тарафи муқобил аз афкору ақидаҳои худ даст бардорад.
Дар шароити муосир, ки суръати паҳншавии иттилоот дар асоси пешрафти воситаҳои иртибот меафзояд, аҳамияти донистани ҷадал боз ҳам бештар мешавад. Зеро, ҳар кас мехоҳад, ки бо далелҳои собит ё худ ба истилоҳи мантиқӣ мусалламоту машҳурот, ки қобили қабули ҳама бошанд, бар тарафи муқобил дастболо шавад. Олимон ва донишҷуёни ҷавони мо набояд дар ин кор, яъне баҳсу ҷадал ва ҳатто ҷанги иттилоотӣ сустӣ ва камавсалагӣ намоянд ва дар ин баҳсу манозира бо гурӯҳҳои сиёсиву мазхабии ифроткор ва манфиатдор чунин бозии зеҳниро бой бидиҳанд. Аз усулҳои мантиқии мунозира ва муқобила бо андешаҳои ифротӣ, ки ҳоло ҷомеаҳои мусулмонии моро ба шиддат ғофилгир кардааст, бояд ба таври муваффақ барои суботи ҷомеа истифода бурд, далелҳои тарафи муқобилро ба зиддин худи онҳо равон бояд кард, онҳоро ба тарафи худ моил намуд. Маълум аст, ки уламои шаръӣ ва раҳбарони мактабҳои онҳо дар гузашта, аз ҷумла, Абу Ҳанбал ва Ғазолӣ шадидан муқобили истифодаи ҷадал ва далеловарии ақливу каломӣ дар таълиму тарбияи авом буданд. Олимон ва муҳаққиқон бояд ба мисли ҳарвақта чун дар ҳама давру замон (ба мисли Абуалӣ ибни Сино) бо вуҷуди мушкилотҳо мардуми оддиву авомро ба роҳи рост ва пешрафт раҳнамун намоянд.
Зоир Давлатов
ходими калони илмии Маркази
синошиносии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИ ҶТ
Адабиёт ва сарчашмаҳо
- Ибни Сино, Шифо, (Мантиқ, 6 - Ҷадал), бознигарӣ ва муқаддимаи д. Иброҳим Мадкур, таҳқиқ, арзёбӣ ва муқаддимаи д. Аҳмад Фуод ал-Аҳвонӣ, Кумитаи давлатии вобаста ба матбааҳои амирия, Қоҳира, 1965.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад Насируддин. Китоб асос-ил-иқтибос, Теҳрон, 1367 ҳ.ш.
- Форобӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад. “Ал-мантиқ ъинда-л-Форобӣ”, ҷ. 3, чопи “Рафиқ ал-Ъуҷм”, Бейрут, 1985, 1986.
- Мadkour, L`Organond`Aristotledans le monde arabe, Paris, 1934.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции