casino malaysia
casino malaysia
Арзише ки бисёр азиз аст

wrapper

Рӯзгори муосир чуноне, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки фардо чӣ мешавад...”

Ин рӯзгор дар баробари он, ки сахт ғайриинтизор аст, соат ба соат фоҷиабор будани он рӯ ба афзоиш аст. Хусусан? пас аз он, ки Эрон 180 мушак ба суйи Исроил партоб кард, қабл аз ин Исроил Фаластину Ливияро хокбезу хунбор кард, террорҳое кард (аз ҷумла ба истилоҳ террори пейҷерӣ), ки назираш дар таърих вуҷуд надорад. Геносиде, ки Исроил дар Фаластин кард аз назари мутахассисон Гитлер накардааст.
Дар баробари ин гуна касофату разолатҳои рӯзгори муосир мо бо харобкориҳои дигаре ҳам рӯ ба рӯ ҳастем, ки  ин харобкориҳо хокборону хунборонро, ба истилоҳи Мавлавӣ дар ҷони одам мекунанд:
 
Мори бад гар бар тану бар ҷон занад,
Ёрӣ бад бар ҷону бар имон занад.
 
Матлаб ин аст, ки дар баробари разолатҳову бадбахтиҳое, ки ҷаҳондорону ҷаҳонхорон аз тариқи ҷанг, ифротгарону савдогарони дин аз роҳи террору интиҳор осудагиву оромии инсониятро мағжушу ошуфта мекунад, ин табаҳкориҳо гўё сахт пайгирона сурат мегиранд. Аз он ҷумла дар тариқи хароб кардани бунёди қасру қалъаи тамаддуни башарӣ, рукнҳову таҳдобҳои ин қасру бунёдро хароб мекунанд.
Аз ҷумлаи ин арзишҳо эҳсоси эҳтиром аст. Эҳтиром, - яъне бузург доштани як анъана, як маросим, як шахс, як ихтисос ва монанди инҳо аз он ҷумла эҳтироми пиронсолӣ. Ин арзиш,- яъне бузург донистан, қадрдонӣ кардан, эҳтирому ғамхорӣ нисбати пирони барҷомонда як арзиши бунёдӣ, муҳим аст. Арзишест, ки ҳар чанд дар заминаи маданияти ориёнӣ-тоҷикӣ пайдо шуда, устувору ҷаҳонгир гашта бошад ҳам, аммо арзиши танҳо ориёнӣ тоҷикӣ нест, аз назари аксиология – як  шуъбаи фарҳангшиносӣ, ки рӯз то рӯз дар рузгори ҷаҳониён мавқеъи муҳимтаррро ишғол мекунад, арзиши умумибашарӣ дониста мешавад. Яъне як одат, як масъулият, як рафтори муҳиме, ки сарфи назар аз дину мазҳаб фирқаву таалуқи сиёсӣ ва ғайраву ҳоказо, ҳар як фарзанди инсон бояд эҳтироми пиронсолону барҷомондагонро бидонад. Гузашта аз он ки вазифаи бе шакку шубҳаи фарзанд ҳам ҳаст, ки дар ҳолати барҷомондагӣ парастории падару модарро кунад.
Аслан ва бе шакку шубҳа, касе ҳуқуқ надорад, ки нуқсону камбудии пиронсолонро латифа кунад ё мавриди ҳазлу шухӣ қарор диҳад. Ин ҳукм яъне манъ будан, табу будани ба ханда гирфтани пиронсолонро мо дар осори адабиёту санъати то 30-40 сол қабл, умуман намебинем. Агар куҷое рух дода бошад, ба унвони  “ҳаҷви сиёҳ” ё “ҳаҷви беодобон” рад шудааст, мазаммат шудааст.
Мутаасифона дар рӯзгори мо на танҳо дар ҷаҳони маҷозӣ (фейсбуку ҳоказо), балки дар саҳнаи театрҳои маъруф, дар осори адабиёте, ки ба тиражи калон нашр мешавад мебинем, мушоҳида мекунем, ки хотирпарешонии пиронсолон, бемадории онҳо ва дигар нуқсонҳое, ки хоси пиронсолӣ ҳастанд мавриди латифа, мавриди ханда, мавриди мазоҳ гаштаанд. (Хушбахтона, чунин шармандагиро мо дар адабиёту ҳунари тоҷикӣ надорем).
Матлаби мо ба истилоҳи сотсиологӣ  “Институти эҳтиром” ҳамчун як арзиши муҳими ҳам фанни фарҳангшиносӣ ва ҳам рӯзгори муқарарии ҷомеъаи мо аст.
Мо мутаасифона мушоҳида мекунем, ки як Аҳмад ё Зайд як рӯз дар рӯзнома мақолаашон чоп мешавад ва дар зери имзои Аҳмад ё Зайд мехонем, ки ин муаллиф коршинос аст. Дар ҷойи дигар боз ҳамин муаллиф имзо мекунад ва менависад, ки фарҳаншинос аст. Ҳамин Ањмад ё Зайдро боз мебинем, ки ё сиёсатшинос ё ҷомеъашинос ва ғайра муаррифӣ мешавад дар сурате, ки ин гуна ҳаммакора будани як зиёи тоҷик сареҳу равшан намоиш медиҳад, ки ин як қаламкаши бемасулият аст. Дар рӯзгори муосир як нафар агар фарҳангшинос шудан мехоҳад зинаҳои магистратура, аспирантура таҷрибаомӯзиро бояд бигзарад, рисолаи магистрантї, диссертатсияи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кунад, ки ҳуқуқи фарҳангшинос номиданро пайдо кунад.
Дар мисоли “Институти эҳтиром”, яъне як рукну унсури инсон будан аҳли тамаддуни башарӣ будан, аҳли цивилизатсия будан ал қисса аҳли маданият будан мо дида метавонем, ки ин унсур яке аз пояҳои устуворї дар мартабаву мақоми инсонӣ ҳамчун як одами солиму баркамол боқӣ мондан аст. Донистану риоят кардани унсури эҳтиром қудрат дорад, ки башариятро аз бероҳаи дегуманизатсия наҷот диҳад. Мутаасифона ин истилоҳ яъне “Дегуманизсатсия” ва ҳақиқате, ки ин истилоҳ бозгуӣ мекунад, яъне ҳақиқати аз шоҳроҳи арзишҳои умумибашарӣ берун рафта, симои инсониро аз даст надиҳанд. Дар рӯзгор ин хатар воқеї аст, мо мисолҳои зиёде дорем, ки аз беқурбу беқадр шудани барҷомондагон, заифон, маъюбон шаҳодат медиҳанд, ҳатто далелҳое вуҷуд доранд, ки ахта кардани занонро нишон медиҳанд. Хусусан, заноне, ки баргашту мутоди шаробу нашаманди ҳастанд ба ҳар баҳона безурёт карда мешаванд бо далели он, ки безуриёт кардани як зан аз пардохтани нафақаи иҷтимоӣ ба фарзанде, ки ӯ таваллуд мекунад арзонтар аст.
Дар чунин як рӯзгор хушбахтона дар ҷумҳурии азизи мо арзишҳои умумибашарӣ на танҳо устувор боқӣ мемонанд, балки аз ҷониби мақомоти олии ҳукумати кишвар мавриди ғамхорӣ ва иззату эҳтиром ҳастанд.
Мисоли тозатарину равшантарин ин супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустану ҷорӣ кардани тадбирҳо ба мақсади баланд бардоштани мақому иззати муаллим аст.
Ин гузориш ҳам, ки дар рӯзҳои муаллимони муҳтарм ироа мешавад ба хотири бузургдоштани мақому иззату эҳтироми муаллим сурат гирифт .
Дар ин рӯзҳои муборак ба муаллимони арҷманд таҳнияти фаровон, табрикҳои самимӣ, орзӯҳои беҳтаринро тақдим мекунем.
 
 
Назри Яздонӣ ходими пешбари илмии
    Шуъбаи фалсафаи фарњанги
   Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia