casino malaysia
casino malaysia
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён

wrapper

Дар паҳно ё шикастапораҳои Ориёни Қадим Тоҷикистон айни замон ягона кишварест, ки ин тамаддуни бузургро ворисӣ менамояд. Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари озоданажоду фарзонаамон, ки решаву насаб дар ин тамаддуни оламшумул дорад, эҳё ва башарӣ намудани афкору осору пайкори бургмардони илму фарҳангу сиёсати Ориёни Бузург - ро вазифаи муқаддаси хеш ва ҳар як фарди бедордили миллат медонад. Мавриди таъкид аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон таҳкими худогоҳии миллату арҷгузории фарҳангу таърихи пурифтихорамонро аз ҳадафҳои афзалиятноки барномаи амали хеш қарор дода буданд.  Соли 2006 - ро “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” эълон намудани Пешвои хирадпешаву дурбинамон як далеле аз сад далел ва исботи бебаҳси нигоштаҳои болост. Маҳз ҳамон сол Тоҷикистон хонаи умеди ориёини ҷаҳон муаррифӣ гардид. Баргузории  Конфронсҳои илмӣ – назариявӣ бо иштироки муаррихону олимонни сиёсатшиноси ватанӣ дар Пойтахт ва саросари кишвар,  маҷлиси мутантан бахшида ба Ҷашни истиқлол ва Анҷумани 6-уми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҳамоиши баналмиллалӣ бо иштиорони донишмандони саршиноси ҷаҳон, интишори асарҳои пажуҳишии мондагори олимон, ташрифи ҳазорон меҳмонон самараи бебеҳои як иқдоми меҳанпарастонаи Сарвари давлат буд. Президенти мамлакат зимни паёми табрикияшон ба аҳли маҳфил аз ҷумла баён дошта буд:

“Ҳадафи асоии Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ  карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд.”

 Маҳз ҳамон сол яке аз шоҳкорҳои Пешвои Миллат, асари мондагори “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз чоп баромад, ки тӯҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ гардид. Ҷавобҳои илман асоснок ба суолҳои зер, ки дар оғози асар омадааст эҳсоси худшиносии насли имрӯзу фардоро тақвият мебахшад:

 “Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодонамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд.”

Ҷаноби Олӣ бар он назаранд, ки фарҳангу тамаддуни ориёӣ сарчашмаест, ки аксари халқҳои маърифатҷӯи ҷаҳон аз он баҳраманд шудаву мешаванд. Аз ҷумла зимни баромадашон дар ҳамоиши фарҳангӣ аз ҷумла чунин баён дошта буданд:

“Таърих, анъана, урф, одар, адабиёт ва маданияти халқи тоҷик дар тӯли асрҳо диққати аҳли илми олам ва муҳаққиқони аврупоро ба худ ҷалб намудааст. Дар ин хусус, дар ин мамлакатҳо ҳазорон асарҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Наслҳои гуногуни олимони Англия, Германия, Фаронса, Россия, Италия, Чехия, Америка ва мамлакатҳои дигар ба маданияти мо бо муҳаббат ва эҳтироми хоса муносибат мекунанд. Мо дар асоси таҳқиқоти илмӣ бо мақсади омӯхтани таърих ва маданияти Ориён ва ҳиссаи онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бояд муносибатҳои муфид ва самараноки дутарафаро бо мамллакатҳои ҷаҳон ба роҳ монем. Ман чунин мепиндорам, ки ҳар як миллат ҳуқуқи комили донистани решаҳои қадимии хеш, донистани ҳақиқати таърихӣ а истифодаи таҷрибаи бои гузаштагонро баҳри бунёди ҷамъияти мутаммаддин дорад.”

         Ҳар кас аз гузаштаи худ ноогоҳ аст ояндаи хешро наметавонад ба ваҷҳи аҳсан бисозад. Маҳз аз ин нигоҳ бо ибтикори Ҷаноби Олӣ китоби муқаддаси ниёкони фарзонаамон “Авесто” интишор ва пешниҳоди хонандагон гардид. Муқаддимаи ин китоби гарнбаҳои гаронарзиш бо чунин суханҳои волои Президент оғоз мешавад:

“Китоби муқаддаси мардумони ориёӣ – Авесто, ки маҳсули андеша ва ҷаҳонбинии фалсафию динӣ ва ахлоқии ин мардумон аст, дар радифи осори арзишманди ҷаҳонӣ қарор дорад ва ин асар ифтихори тамоми мардумони ориёнажод ва башар мебошад.”

Пешвои муаззами миллат дар тамоми суханрониҳояш, хусусан дар иду ҷашнвораҳои миллӣ пайваста ба халқи тоҷик, хусусан ба ҷавонон таъкид менамояд, ки худшиносу огоҳу бомаърифату фарзона бошанду аз таърихи пурифтихори миллат огоҳу аз ниёгони фарҳетаву хушном арҷгузор. Бо мақсади муаррифии беҳтари чеҳраҳои дурахшони адабу дину сиёсати таърихи миллӣ китоби “Чеҳраҳои мондагор” – ро таълиф ва пешниҳоди ҳамватанон гардониданд. Муаллиф ба хонанда бо меҳри саршор дар сарсухани асар таъкид менамояд:

“Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа мнамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароям мекушоянд.” Ёдрас менамоем, ки дар асари мазкур зиндагиномаи 25 чеҳрааи миллии сатҳи ҷаҳонӣ таҳлилу баррасӣ мешавад.

Марги забон марги миллат аст. Дар тӯли таърихи беш аз 5 ҳазорсола забонҳои қадимаву имрӯзаи хонаводаи ҳинду аврупоӣ, аз ҷумла забони муқтадири форсӣ-тоҷикӣ тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён ошно ва дар эҳёгарияш нақши муассир дорад.

Аз ин ру, забон ҳамчун як рукни аосии давлат ва шиносномаи миллат ҳамчунин тозаю пурғановат нигаҳ доштани он мавриди таъкиди ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон дар маҳфилҳо ба муносибати Рузи забон қарор мегирад. Саодатмандем, ки аз ҳазорон забонҳои халқиятҳои ҷаҳон танҳо камтар аз 200 забон мақоми миллию давлатӣ дорад, аз ҷумла забони тоҷиқӣ ки дар ин раддабандӣ дар даҳгонаи аввал қарор дорад.

“Барои ман забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шмор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шориона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забон пайванд медонам.” Ин меҳрнома иқтибосе буд аз сарсухани асари дуҷилдаи Пешвои муаззами миллат “Забони миллат – ҳастии миллат.” Асари мазкур тозакорие дар самти пажуҳише дар сайри таърихии забон аз қаъри таъризх то замони мо буда, миёни олимони соҳа баҳои хеле балагнде гирифтаву ҳоло датури таълимиест  брои таҳқиқгарони таърихи забон.

Интишор ва ройгон ба аҳолии кишварамон расонидани “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳамакнун “Шоҳнома” – и безаволи ҳаким Фирдавсӣ аз иқдомоти дигари дар ҷаҳон беназири сарвари ғамхори миллатмаон буда, боз ҳам ҳадафашон моро бо мо шиносондан аст.

Таърихи башар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ками дар кам сиёсатмадор-роҳбарони давлатҳое монанди Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки дар баробари корҳои сангину вазнини давлатдорӣ боз ҳамчун омӯзгору эҷодгару пажуҳишгари дақиқназар дар боло бурдани маънавиёту худогоҳии миллаташ хидматҳои шоёну меҳварие карда бошад. Ба бахти мо – тоҷикон ин шахсияти бузурги таърихӣ, эҳёгари Тамддуни Ориё, бунёдгари Тоҷикистони муосир, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, роҳбару роҳнамои мо тоҷикон аст.

 

Абдуқодир Талбаков

(Ориёмеҳр ЗАРДУШТ)

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинов - и АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia