casino malaysia
casino malaysia
УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ

wrapper

 Хешро дар фалсафа устод кард,
Рӯҳи Синою Арасту шод кард.
Ин зан аз ваҷҳи зани озоди Шарқ,
Қиссаи пурҳикмате эҷод кард.
 
Барои ҳар як инсон дар интихоби касб ва ё пешае шахсе боис мегардад, ки дар роҳи интихобкардааш муваффақ ва комёб гардад. Соли 2002 баъди хатми донишгоҳ тибқи роҳхати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси коромӯз-таҳқиқотчӣ ба кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) сафарбар гардидам. Муддати фаъолият намуданам дар кафедраи зикршуда аз лиҳози потенсали илмӣ баланд доштанаш ва сарҷамъии ин ҳайат бароям институтеро мемонд, ки ҳама барномарезию дурнамоии фаъолияташон дар асоси ченакҳо ва меъёрҳои илмӣ амалӣ мешуд. Бароям як олами дигар боз шуд. Тибқи назарияи илми иҷтимоиёт дар ҳаёти ман таҳарруки иҷтимоӣ сурат гирифт, аз шаҳр ба пойхтахт барои пажӯҳиши илмӣ, пайдо намудани имкониятҳои дастрас, муҳимтар аз ин, бо шахсиятҳое ошноӣ пайдо намудам, ки ҳаёти ман куллан тағйир ёфт. Аз олимони ин даргоҳ нозукиҳои илм ва арзишҳои фалсафиро маърифат намудам. Баъд аз гузашти солҳо бо худ меандешам ва боварибахшона мегӯям, ки он рӯзҳо дар таърихи ҳаёти ман бо ҳарфҳои зарин сабт гаштаанд, чун беҳтарин лаҳзаҳои умри хешро дар чунин фазои илмӣ бо шахсиятҳои шинохтаи натанҳо кишвари азизамон балки  берун аз он обрую нуфуз доштанд сипарӣ намудам.
Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна аз зумраи чунин шахсиятҳое ба шумор меравад, ки маро дар фарозу нишебҳои роҳи илмию таҳқиқотӣ раҳнамоӣ намуда, чунин шуд, ки зери роҳбарии ӯ дар риштаи фалсафа соҳибунвон гардидам. Бо ифтихор метавонам гӯям, ки тули 11-сол аз мактаби бузурги ин бонуи ҳикматэъҷоз бисёр чизҳоро омӯхтам.
         Дар айёми фасли зебои заррин, ки ба солрӯзи бонуи аҳли ҳикмат рост меояд, ва  ӯ дар ҳаёти камина нақши шоиставу арзандаро касб намудааст, тасмими ёдоварӣ аз модари маънавии хеш файласуфи шинохта ва аввалин доктори илмҳои фалсафа миёни бонувон дар Осиёи Миёна муҳтарама Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровнаро рисолати хеш меҳисобам. Замони Шӯравӣ барои шинохт ва муаррифии симои маънавии зани тоҷик бонуеро ба майдони илм ва ҳикмат ворид намуд, ки дорои симои ашрофона, бовиқор, соҳибсухан, саодатпеша буд.
Мунзифа Қаҳҳоровна яке аз саромадони ҷабҳаи нави маънавиёти миллати тоҷик, донишманди шинохтаи соҳаи фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор кашшофи хусусиятҳои ташаккули ҷаҳони маънавии зани Шарқи озод мансуб меёбад.
Мунзифа Ѓаффорова зодаи қадимшаҳри Хуҷанди бостон ба шумор рафта, дар оѓӯши ин шаҳри азизу фарзонапарвар ба камол расидааст. Тибқи қиссаи худи устод аслан номи ин шаҳр эҳтимол Хубҷамъ бошад, чун рамзи сокинони хуштабъу, ватанпарвару, гузаштагони овозадори он. Ин шаҳр на танҳо таърихи бой дораду ватани чунин бузургон- Камоли Хуҷандӣ, Содирхони Ҳофиз, Маҳастии Хуҷандӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Қори Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, балки тавлидгари даҳҳо алломаҳо ва нобиѓаҳои шаҳир мебошад.
Беҳтар намудани вазъи зиндагии зан, роҳнамоии вай ба сӯи дарки ҳаёти маънавию рӯҳонияш яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеа ба шумор мерафт. Ҳамин ҳолат боис гардид, ки олимаи умедбахши тоҷик, бо маслиҳати устодаш Баҳоваддинов А.М. таҳқиқу омӯзиши проблемаи мазкурро идома дода, дар ҷустуҷӯи иллатҳои заъфи ин масъала камар баста, дар корҳои анҷододаашон навовариҳои навини илмиро ворид намуданд.
Натиҷаи ин меҳнати пурсамари донишманд имконият дод, ки Ѓаффорова М.Қ. соли 1968 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Ташаккули симои маънавии занони Шарқи Советӣ» дар яке аз марказҳои бонуфуз ва маъруфи Академияи Илмҳои Иттиҳоди Советӣ – Институти фалсафа ҳимоя намуд. Ҳамин тавр, роҳи устод М.Қ.Ѓафорова, аввалин файласуфзани мардуми Осиёи Марказӣ ба сӯи олами пурасрору тазоди илм кушода гардид. Акнун олима имконият пайдо кард, ки паҳлуҳои   гуногуни   ҳаёти   иҷтимоӣ-сиёсии   ҷомеаро   таҳлил   намуда, хиштҳои нахустини илми ҷомеашиносии муосири тоҷик, бахусус фалсафаи иҷтимоии тоҷикро гузорад.
Китоби умри бобаракати ӯ серпаҳлӯю пур аз саҳифаҳои рангин аст. Зиёда аз 10 сол дар вазифаҳои масъули комсомолӣ ҳизбию давлатӣ, ягона бонуи тоҷик аст, ки солҳои зиёди даврони Шуравӣ ду донишгоҳи муътабари ҷумҳуриро сарварӣ намудааст: Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко-и ш. Душанбе (ҳозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ).
М.Қ.Ѓаффорова ташкилотчии бомаҳорат ва масъулиятшинос- солҳои зиёд вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ, аъзои исполкоми ҷамъияти робитаҳои дӯстӣ ва мадании СССР бо мамлакатҳои хориҷӣ, аъзои Правленияи ҷамъияти фалсафии СССР, аъзои Шӯрои илмӣ – техникии Вазорати маорифи СССР, аъзои Комитети занони Шӯравӣ, раиси Шуъбаи ҷумҳуриявии ҷамъияти робитаҳои дӯстӣ ва мадании СССР – Бангладеш, муовини раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африка ва ѓайра буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми хизмати арзандаи устодро ба инобат гирифта ӯро бо мукофотҳои давлатӣ қадр намудааст: «Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду ордени «Байрақи сурхи меҳнатӣ», ордени «Дӯстии халқҳо», ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои «Барои меҳнати бошуҷоат дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «800-солагии Москав» ва дигар медалҳо, ифтихорномаҳои давлатӣ, нишонаҳои фахрии «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Мураббияи ҷавонон».
Муддати фаъолият намудан зери роҳбарии муаллимаи азизам лаҳзаҳои хотирмон хеле зиёд дорам, ки дар шакли мухтасар ва ё мақола навиштан имконнопазир аст. Мақсади хотироти хешро дар шакли ёдоштҳо гирдоварданӣ ҳастам.
Зикр намудан бо маврид аст, ки М.Қаҳҳорона ҳамчун зан-роҳбар дорои хислатҳои наку, қавиродагию адолатпеша, мустақилият доштанашон барои аксарияти шахсиятҳое, ки бо ӯ ошноӣ доштанд, идеалӣ буд. Устоди азизи ман Мунзифа Ѓаффорова зани хастанопазир буданд. То  лаҳзаҳои вопасини умри хеш  дар пешбурди  илму  фарҳанги  ҷумҳурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки ин хизматҳои шоёни ӯ барои ин миллат мондагор хоҳад монд.
Чунон бизӣ, чу аз боди ҳодиса барбод равӣ,
Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.
Ёдашон ба хайру гиромӣ бод!
 
 
 
АБИЛЗОДА ГУЛАНДОМ САРДОР-номзади илмҳои фалсафа, дотсент мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia