casino malaysia
casino malaysia
Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимтарини амнияти кишвар

wrapper

 

   Ҷаҳонишавӣ раванди замони муосирро бисёр мураккаб, пурасрор ва пур аз ихтилофу низоъ гардонид. Имрӯзҳо дар фазои маҷозии олам падидаву ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ки рӯз то рӯз ҳаётро дар сайёраи Замин беш аз пеш ба таҳдиду хатар рӯбарӯ сохта, рӯзгори тамоми инсониятро тира ва умеду бовариро аз дилҳои инсонҳо нисбат ба ояндаи нек рабуда, авзои давлатҳоро бӯҳронитар гардонидааст. Нуктаи хеле муҳиме, ки дар паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор хотирнишон мегардад, ин муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад ва яке аз мушкилоти асосӣ, хатаровар ва тафриқаандози низоҳои диниву мазҳабӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХ1 ба ҳисоб меравад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 вобаста бо пешрафти ҷомеа ва пайваста тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқии кишвар мебошад.
       Дар чорчубаи қонуни нигоҳ доштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро талаб менамояд.
Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.
«Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем», қайд намуд дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
      Рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки равияҳои динӣ – экстремистӣ ҳеҷ гоҳ аз нақшаҳои худ даст намекашанд ва барои амалӣ сохтани амалҳои нопоки худ аз ҳар роҳу восита истифода менамоянд. Барои пайравони ин равияҳои ифротгаро мафҳуми худшиносӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва сулҳу амният ва суботу осоиштагӣ ҳеҷ гуна арзише надоранд, онҳоро зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ, ҳирси ҳокимият ва ба даст овардани молу сарват аз ҳама чизи муқаддас бегона кардааст. Равияҳои ифротӣ, асосан, аз тарафи як қатор кишварҳои арабии Шарқи Наздик маблағгузорӣ мешаванд ва ҳадафи ниҳоии онҳо ба мадори таъсири геополитикии худ ҷалб намудани кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ ва минҷумла Тоҷикистон мебошанд. Ин гуна таъсиррасонӣ, пеш аз ҳама, ба воситаи фишангҳои мазҳабӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, идеологҳои равияи ифротгарову бегонапарасти салафия ва дигар ташкилотҳои экстремистию террористи бо воситаи хоҷагони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои ороми динию мазҳабии Тоҷикистонро халалдор сохта, нуфузи мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафияро коста гардонанд ва ба ҷойи он ақидаҳои ифротию бунёдгароёнаи худро бунёд намоянд. Масъалаи таъсири берунаи хоҷагони хориҷӣ ва ривоҷи равияҳои ифротию террористиро Пешвои миллат дар паёмҳои анъанавии ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09 марти соли равон матраҳ намуда, сабаби паҳншавии ин зуҳурот ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин гуна равияҳои ифротиро нишон медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 09 марти соли 2024 дар Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар масъалаи зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосирро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуд, ки «Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – офатҳои табиӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст».
Дар воқеъ, масъалаҳои зикрёфта имрӯз натанҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ балки барои тамоми шаҳрвандони мо муҳимият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. «Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт.
    Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст».
     Зеро баъди фурӯпошии иттиҳоди Шуравӣ як гурӯҳ ҷомеашиносон аз арзишҳои илмии он замон ба куллӣ руй гардонида, яке худро диншиносу исломшинос, дигаре демократу сеюмин мухолифи сохти нав эълон намуда, ба зеҳну тавсеаи тафаккуру андешаи ватандӯстона ва инсонгароёна, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад таъсири начандон хуб расониданд.
     Аммо, «Хурсандибахш аст, ки маҳз аз ҷониби олимони тоҷик аввалин маротиба кӯшиши аз мавқеи ҳуқуқӣ дарки категорияи «фазои геополитикии пасошуравӣ» пешниҳод карда шуд. Ба таҳлили пештара такя намуда, дар асоси хатогиҳои пешина дар муайян намудани сарҳадҳои таъсисёбии миллӣ, олимони тоҷик, омилҳои майлонҳои худшиносии миллии давлатҳои иттифоқиро дар шароитҳои бозсозӣ дида баромада, ҳолатҳои барҳамхурии ИҶШС ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлолро дар фазои пасошуравӣ таҳлил намуда, ба система даровардаанд».
Ҳатто андешаҳои муғализонаи бархе аз онҳо нисбати миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишварамон то имрӯз ба назар мерасад. Албатта бунёди чунин бегонапарастӣ дар сару либос, бегонашавии одоб ва расму ойин, зиёдаравӣ, таассубу хурофот дар ҳама давру замон барои миллати таҳҷоӣ самари хубе надошт ва надорад. Ин як шакли фиреби сиёсиест, ки дар раванди ташаккули истиқлолияти том барои миллат таассуфовар аст ва ин раванд ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, бетаъсир намемонад.
Ба андешаи мо замоне, ки илмҳои зикргардида рӯ ба таназзул меоранд дар тафаккури мардум холигие пайдо мегардад, ки намояндагони дигар идеологияҳо кушиши пур кардани онро намуда, барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум аз тамоми имкониятҳои дохилию берунӣ истифода мебаранд.
Воқеаҳои вақтҳои охир рӯхдода нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳангоми дар муҳоҷират будан ба гурӯҳҳои гуногуни хусусияти террористӣ ва экстремистидошта пайваст шуда, манфиатҳо, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллати тоҷикиро нодида гирифта, зери хатар мегузоранд.
Мутаасифона, солҳои охир бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористи сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.
     Пӯшида нест, ки сафи ташкилотҳои гуногуни террористию экстремистӣ, аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик кам шуда истодааст, ки мардуми муҳоҷири тоҷик акнун фаҳмида истодаанд, ки чунин ташкилотҳо бо роҳи мағзшӯии равонии муҳоҷирони ҷавони тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои техникӣ тарғиботро ба роҳ монда идеяҳои муғризонаи зидди миллиро ба роҳ монда, бо ҳамин ҳисси бадбиниро дар байни онҳо ба вуҷуд меоваранд. Дар раванди чунин бадбиниҳо баъзе аз шумораи камшумури муҳоҷирон аз он воқеияте, ки дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад ва боиси ифтихори миллат мебошад, дур монда, ба ҷойи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои бегонаро тарғиб мекунанд. Чунин раванди бегонапарастӣ ҳолати баръаксро ба вуҷуд меорад ва ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки муҳоҷирон ҳоло ҳам дар маркази диққати гурӯҳҳои террористӣ қарор мегиранд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳоҷират ҳамчун манбаи ба вуҷуд овардани норозигии ҷавонон баромад карда, ба амнияти миллӣ хатар ба вуҷуд меоранд. Ҳамин тавр, бунёди мафкураи бегона ва чунин муносибати бегонапарастона барои рушди ҷомеаи мо хатарҳои воқеӣ эҷод намуда, ба устувории истиқлолияти сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. (Воқеаи рӯзи 22 марти соли равон дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав рух дода, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, ки номи тоҷикро доѓи сиёҳ гузошт ва ман итминони комил дорам, ки бе таъсири зархаридони хориҷи ва ранги сиёсӣ додани ин ҷинояти ѓайри инсонӣ, бевосита дасти чаҳор тоҷики роҳгумзада нест).
      Пешгирӣ намудани ин масъалаҳо вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад, ки аз ҳама бештар ба фаҳмондадиҳии арзишҳои истиқлолияти сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдат, дар шуури ҳар як шаҳрванд ҷой кардани дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва якпорчагии миллӣ сафарбар карда шаванд.
Дар баробари ин боз яке аз омилҳое, ки ба амнияти кишвар таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунад ин терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ мебошад, ки тавассути вусъат бахшидани ҳамкориҳои худ бо марказҳо, созмонҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ ба проблемаи бузургтарини ҷамъиятию сиёсии башарият мубаддал гардидаанд.
      Дар воқеъ, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатару таҳдидҳо дар канор монда наметавонад. Ин зуҳуроти хавфноки ҷаҳонӣ ҳар замон метавонад сабабгори ба амал омадани ҳодисаҳои барои ҷамъият ва давлат хатарноку фалокатбор гардад.
Имрӯз бо вуҷуди он ки мо низоми дунявии давлатдориро ҳамчун роҳи ташаккул ва рушди давлати миллӣ интихоб кардем, аммо нақши ходимони дин дар ҷомеа бештар рӯ ба афзоиш дорад, ки он таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.
Имрӯз таҳсили ғайрирасмии толибилмони тоҷик дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ ва будубоши каме аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои ташкилотҳои террористии байналмилалӣ ин хатари ҷиддиест, ки ба ояндаи миллати мо таъсири манфӣ расонида, дур шудани шаҳрвандонро аз аслу насаб ва дигар арзишҳои миллӣ метезонад.
      Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари таълимгирандагонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар доираи ғояҳои "таассуб" ташакул ёфтаанд. Ба замми ин, ҳоло шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунин ҳолат боиси зиёдшавии таъсири манфии фарҳангу маънавиёти бегона ва ҷаҳонбинии маҳдуд дар рафтори кудакону ноболиғон шудааст, зеро аксари ходимони динӣ маълумоти динӣ надоранд ва аз саводи ҳуқуқӣ ва дунявӣ бехабаранд.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.
Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.
    Дар воқеъ, Президенти кишвар дар ин баромадашон мисли пештара, муҳтавои асосии соҳаи илму маорифро бо сатҳу сифат ва усули таълим арзёбӣ намуда, онро ҳамчун омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа муаррифӣ намуд. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешрафти ин соҳа корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла сохтмони иншоотҳои мактабу маориф, таъмин намудан ба ашёҳои таълимӣ ва дигар технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, инчунин барои беҳбудии таълиму тарбия роҳҳои гуногуни алтернативӣ, шакли таълими кредитӣ ва дигар усулҳои мухталифро ҷустуҷу намуда, ин соҳаи афзалиятноки миллиро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.
      Ҳамин тавр, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон ба равияҳои бегона ва тарғиби ҳаёти солим аз тарафи Пешвои муаззами миллат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, пайдо намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон ва фаҳмиши дигар омилҳои конститутсионӣ мебошанд.
 
 
 
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, Мудири Шуъбаи Ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia