Ғалабаи пурифтихор
- Чоршанбе, Май 08 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Дар ин рӯзҳо мо дар арафаи таҷлили ҳафтоду нуҳумин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарор дорем. Ғалабаи халқҳои ҷаҳон ва бахусус халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанг ба муқобили фашизми гитлерии ғаддор дар сарнавишти инсоният воқеаи бузургтарини асри бистум маҳсуб мешавад. Ин ғалаба, ки ба ивази даҳҳо миллион қурбониҳо таъмин гардид, пирӯзии некӣ ба бадӣ, пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва пирӯзии некманишӣ бар зулмот мебошад. Дар ин ҷанг мо корнамоиҳои халқҳои худро, ки паҳлӯи ҳам истода бар зидди фашизм муборизаи беамон бурданд, муқаддас мешуморем. Мардуми кишвари азизамон – Тоҷикистон низ дар шикасти фашизми гитлерӣ – ин манбаи хушунату зӯроварӣ ҳам дар майдонҳои муҳорибаҳои хунин ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон дода, дар таъмини Ғалабаи Бузург саҳми бемисл гузоштаанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон беш аз 290 ҳазор нафар иштирок намуда, зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷони азизи худро дар ҳимояи Ватан ниссор намуданд. Қариб ҳамаи ҳамватанони мо – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои қаҳрамониҳояшон бо ордену медалҳо сарфароз шуданд, 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд. Фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг дар муҳорибаҳои Сталинграду Курск, назди Москва, Ленингради муҳосирашуда, озоднамудани кишварҳое, ба мисли Лаҳистон, Булғористон, Маҷористон, Руминия, Австрия, Чехия, Словакия ва фатҳи Берлин корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.
Ду дивизияи низомӣ ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон омода гашта, ба майдонҳои ҷанг равона шуда буданд.
Дар ақибгоҳ бошад, аксаран пиронсолон, занону духтарон ва наврасон заҳматҳои шабонарӯзӣ кашидаанд.
Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «зеро дар солҳои ҷанг дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шуда, ба истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ ва маводи гуногуни ғизоӣ шурӯъ намуда буданд. Гузашта аз ин Тоҷикистон ба 40 ҳазор нафар мардуми вилоятҳои ҷангзада, ки 10 ҳазораш кӯдакон буданд, оғуши гарми худро боз намуда, онҳоро ба ғамхорӣ фаро гирифт».
Дар курсҳои кӯтоҳмуддати тиббие, ки барои таъмини фронт дар Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, 20 ҳазор нафар ҳамшираҳои тиббӣ ва 9 ҳазор нафар сенитарҳо оммода гашта буданд. Дар Тоҷикистон 13 беморхонаи ҳарбӣ ифтитоҳ гардида, беш аз 15 ҳазор нафар беморону захмиён дар онҳо таботат ёфта ба фронт баргаштаанд.
Ҳамин тариқ, ғалабаи халқҳои ҷаҳон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 воқеаи бузурги таърихӣ буд, ки бо фарогирии даҳҳо кишварҳои Аврупою Осиёву Амрико ва миллионҳо нафар одамон собиқа надоштанд. Вале, бо мурури замон раванди глобалии ҷаҳонишавӣ бо ҳамаи пайомадҳои ногувораш, хусусан муборизаи шадиду хунини давлатҳои абарқудрат, аз нав суръат гирифтани «ҷанги сард» ва мусаллаҳшавии бошитоб, таъсири манфии худро ба шукӯҳи Ғалабаи Бузург расонида истодааст.
Иддае аз кишварҳои аврупоӣ албатта бо нишондоду роҳнамоии Амрико тасаввути ҷангҳои иттилоотӣ бо ҳар роҳу восита саҳми Иттиҳоди Шӯравиро дар торумори фашизми гитлерӣ андак хонда, ба зеҳну андешаи имрӯзиён, ки аз матонату қаҳрамониҳои халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабаре надоранд, афкори таҳрифомезро бор кардан мехоҳанд. Ҳодисоту воқеоти нанговари эҳёи идеология ва таъсиси гурӯҳҳои фашистӣ, рушди неофашизм, тахриби қабристон, муҷассамаву ҳайкалҳову лавҳаҳо дар Украинаву Лаҳистон, Литваю Латвия, Эстонияву Булғористон ва соири кишварҳои аврупоӣ бо тантанаву ҳамҳамаҳо идома дорад. Имрӯз арзишҳо дигар мешаванд. Мақсадгузорони фикру зикри хешро, асоси ташаккули мақсадҳояшонро барои манфиату талаботҳои хеш созгор месозанд. Башарият, ки дар шароити муосири раванди ҷаҳонишавии босуръат ва омезиши арзишҳо, андешаҳо ва фарҳангҳоро аз сар мегузаронанд, барои кишварҳое, ки ба мисли Тоҷикистони азизи мо дар ҳолати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қарор доранд, зарурати ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҳуввияти миллиро пеш гузоштааст. Ва ҳифзи асолатҳои номбаршуда, барои таҳқими пояҳои давлатдорӣ ва суботу амнияти миллӣ заруру ногузир мебошанд.
Имрӯз месазад, ки мо ба матонату қаҳрамониҳои халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистони азиз, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сари таъзим фуруд оварда, ин ҷашни бузургро ба ҳамдигар табрику таҳният гӯем.
М.Асрорӣ – номзади илмҳои фалсафа, ходими
илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ