casino malaysia
casino malaysia
Бобоҷон Ғафуров таҳқиқгарӣ бузурги анъанаҳои давлатдории тоҷикон, ва фарҳангу тамаддуни башарӣ аст.

wrapper

Академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.
Асари “Тоҷикон” – и Б.Ғафуров шаҳодатнома ва ё муаррифгарӣ таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқоти илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назаривию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки барои навиштани “Таърихи халқи тоҷик” шурӯъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин асар аввалин таҳқиқоти пурра ва ҷамъбасти оид ба таърихи яке қадимтарин халқҳои олам –тоҷикон аст. Аҳаммияти дигари ин асар аз он иборат мебошад, ки вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст. Ин асари ҷамъбастӣ ба таърихнигории бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Ҳадафи аллома Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқи ин марзу бум мебошанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири таърихи миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу филоӣ руҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шоҳадат медод.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд».
Таърихи ҳар як миллат оинаи худнамо, саргузашти пурпечутоб, тақдири мондагории халқу сарзамин дар муборизаву пайкорҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар, инъикосгари раванди рушду такомул ва тасвири қаҳрамонию ҷонбозиҳои абармардону фарзандони баору номуси миллат, давлатмардону сарлашкарони нотарсу ҷасур ва сиёсатмадорони меҳандӯст барои ҳифзи Ватан аз ғасбу ғорати аҷнабиён аст. Дар баробари ин, таърихи ҳар як халқу миллат бозгӯкунандаи дастовардҳо дар самти бунёди фарҳангу тамаддун, забону адаб, суннату расму ойинҳои ҳамон миллат аст, ки барои наслҳои минбаъда ба мерос гузошта шудаанд. Дар маҷмуъ, офарандаи таърих худи халқ аст, ки дар гузашти солҳову асрҳо чун неруи тавоно барои ҳифзи худу сарзаминаш мубориза бурда, ҷиҳати мондагорӣ дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон талош меварзад.
Албатта, дар замоне, ки ҷаҳонишавии босуръат боиси бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои гуногуни олам гардидааст, рӯ овардан ба таърихи гузаштаи халқ боиси он мегардад, ки бо донистани таърихи халқу миллати худ метавон ба ҳама унсурҳои манфии ҷаҳонишавӣ муқобилат карда, худ ва миллату сарзамини худро дар асоси донистани донишҳову арзишҳои таърихӣ ҳифз кунад. Ҳамзамон, муаррифии дастовардҳои таърихӣ низ боиси он мегардад, ки аҳли олам аз арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик огаҳӣ ёбад. Миллатро таъриху фарҳанг, забон ва корнамоиҳои фарзандони баору номусаш муаррифӣ менамояд.
Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки дар қатори онҳо бо дастуру супоириши бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 баргузор намудани озмуни  “Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат” аз муҳимтарин дастовардҳо дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни “Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат” низ тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст аст, ки дар раванди навишти китоби “Тоҷикон” аломма Бобоҷон Ғафуров зери фишори сангини идеологӣ ва иҷтимоию – сиёсӣ қарор доштанд ва ин барои як эҷодкор ва олим бисёр душвор буд. Ҳуҷумҳое ки зидди ин шахсияти бузурги таърихӣ карданд руҳияи Бобоҷон Ғафуровро баръакс мустаҳкам намуда, далерию ва шуҷоат нишон дода китоби “Тоҷикон”-ро руйи чоп оварда, дар худшиносӣ ва бедории миллати тоҷик нақши худро гузоштанд 
Воқеан чи тавре аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар саҳти зарури ба роҳ монда шавад. Ба назари инҷониб ин кор бояд дар сатҳи тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок карда шаванд. Чунки тарғиботгар зиёӣ пеш аз ҳама,  худаш бояд бо ин асарҳо дар шакли мукаммал шинос бошад.
Ба назари мо ки омӯзиш ва тарғибу ташфиқи ин китоб аз ду ҷанба хеле муҳим аст. Пеш аз ҳама, аз нигоҳи бедори мииллӣ ва худшиносии миллӣ. Чи тавре мову шумо медонем ҷомеаи инсонӣ дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дорад. Мо шоҳиди он ҳастем ки аз чор тараф ҳуҷумҳои сиёсию геополитикӣ нисбати давлати мо авҷ гирифта, дурӯғу буҳтонҳо аз ҷониби бо ном мухолифин ба сари миллату давлати бо роҳу воситаҳои гуногун таҳмил шуда истодааст. Мо қишри фаъоли ҷомеа кӯшиш намоем, ки асари бузург “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро ба сифати як сипари ҳимоятии насли наврас ва ҷавонон истифода намоем. Мо мутмаинем, ки дар ин кор аъзоёни фаъоли ҷомеа, пеш аз ҳама, зиёиён, омузгорони мактабҳои миёна, донишгоҳҳо ва коллеҷҳо фаъол бошанд то ки муҳтавою мазмуни ин асарро  ба ҳар як ҷавон ва насли наврас расонда тавонанд ва онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва  эҳтироми фарҳанги миллӣ тарбия намояд.
Дуюм ҷанба, ҷанбаи идеологист! Чи тавре ки дар якчанд баромадашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, бархурдҳои идеалогӣ миёни абарқудратҳои ҷаҳон, махсусан дар ҳоли кунуни тезу тунд шудааст. Воқеаҳое, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Шарқи Наздик имрӯзҳо идома дорад давоми ҳамин бархурдҳои идеологӣ аст. Мо бояд кӯшиш намоем ки бо мустаҳкам кардани пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии фарҳанги миллӣ ва махсусан мактабу маориф дар ин бархурдҳо мақом ва ҷойгоҳи худро мустаҳкам намоем. Таърих гувоҳ аст ки дар ибтидоӣ солҳои 90 – ум миллати тоҷик ба фиреби сиёси дучор гашта, ҷанги шаҳрвандӣ ки ба сари миллати тоҷик таҳмил шуда, ба рушду инкишофи ҷомеаи тоҷикистонӣ зарари калон расонид. Зарур аст, ки кишри фаъоли ҷомеа нақшаҳои геополитикии абарқудратҳоро пешаки дарк карда, Тоҷикистонро ба суйи оянда дурахшон раҳнамоӣ намоянд. Сабақи таърихӣ ва маълумотҳои таърихие, ки дар ин китоб оварда шудааст барои  зиракии сиёсии мо як такони мустаҳкам мерасонанд. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар суханронияшон дар симпозиумми байналмилалӣ бахшида ба 115 – солагии академик Б.Ғафуров қайд карданд китоби “Тоҷикон” ҳамчун китоби руйи мизии ҳар як фарди худшиноси тоҷик бошад. Асари мазкур ҳамчун муарифгари миллати тоҷик ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст ва мо кӯшиш намоем ки ин иқдомро идома диҳем.
Хулоса олиму таърихшиноси варзида, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – аллома Бобоҷон Ғафуров, дар замони тантанаи Шуравӣ китоби мондагор ва боарзишеро дар самти муаррифии таърих ва тамаддуни мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон таълиф намуд, ки он аз ҷониби аксари олимону муҳаққиқони таърихшинос ва шарқшиносони дохиливу хориҷӣ пазируфта шуд. Китоби "Тоҷикон" ҳам миллати тоҷик ва ҳам муаллифи онро дар олам машҳур гардонид. Китоби мазкур бо чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, мақом ва муборизаҳои миллати тоҷикро дар муборизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар самти бунёду такмили тамаддуни ориёӣ, ҳифзи марзу бум, забон ва фарҳанги он бо асноди муътамади таърихӣ собит намудааст.
Арҷу эҳтиром гузоштани Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон ба хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров – Қаҳрамони Тоҷикистон моро водор месозад, ки рӯзгор ва осори ӯро бештар хонем, ба фарзандону шогирдон таълим диҳем, то ки тавассути донистани таърих худ ва миллати худро шиносанд ва барои ҳифзи марзу буми ин кишвар ва ҳувияти миллии худ доимо омода бошанд.
Н.Маҳмадизода – Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia