Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём андарбоби Наврӯз
- Шанбе, Мар 16 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Яке аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми эронитабор Наврӯз маҳсуб меёбад. Тавре аз номи он бармеояд, маънои вожаи «наврӯз» рӯзи нав буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21- уми марти солшумории милодӣ, ҳангоми баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол», «Соли нав», «Иди соли нав» меноманд.
Наврӯз дар байни мардуми эронитабор ҳамчун иди бузурги бедоршавии табиат ва баробаршавии шабу рӯз, иди пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат таҷлил мегардад ва он бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Аммо ҷанбаҳои таърихии он, ки кай, чи гуна ва дар куҷо пайдо шудааст ва дар тӯли таърихи мураккабу пурпечутоби мардуми орёитабор чи тавр худро ҳифз кардааст, аз масъалаҳои асосие мебошад, ки таҳқиқотро талаб менамояд.
Дигар сарчашмаи таърихие, ки дар бобати идҳои тақвимии мардуми ориёитабор маълумоти фаровон додааст, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ мебошад. Муаллиф дар қатори дигар идҳои бостонӣ, пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои онро дар асоси ривояту устураҳои то ба замони муаллиф расида ва дигар сарчашмаҳои то он вақт таълифшуда қаламдод кардааст. Абурайҳони Берунӣ дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст»-и Осор-ул-боқия» ҷиҳати пайдоиши Наврӯз чунин мегӯяд: «Ва чанде ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ барагашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!». Яъне рӯзи тоза биёмад».
Ӯ пас аз ин ҳикояи дигареро нақл мекунад, ки сабаби пайдоиши яке аз суннатҳои Наврӯзӣ гардидааст. Масалан, мефармояд: Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки гуфт: Эй подшоҳ, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ». Мувофиқи гуфтаи Берунӣ пас аз ин Сулаймон роҳи худро каҷ мекунад ва ҳангоми аз тахти худ ба замин фурд омадан парасту аз минқори худ қадре об бар рӯйи Сулаймон пошида, ҳамчунин як рони малахро ба ӯ ҳадя меоварад ва гӯё аз ин ҷост, ки мардум ба якдигар дар Наврӯз об мепошанд, дастурхони идона меороянду ба ҳамдигар туҳфаҳо ҳадя мекунанд.
Абурайҳони Берунӣ фикру андешаҳои дигар уламои кишварҳои ҳамҷаворро оид ба пайдоиши Наврӯз низ ба назар гирифта, қаламдод кардааст. Тибқи ривоятҳои уламои Эрон, ки дар «Осор-ул боқия» оварда шудааст, ки дар ин рӯз соате аст, ки фариштаи Фирӯз арвоҳро барои ишои халқ меронад ва фархундатарин соатҳои он соатҳои Офтоб аст ва дар субҳи Наврӯз фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан ба онро табаррук меҷӯянд. Ин рӯз рӯзи «Мухторӣ» аст, зеро ки номи офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст.
Дар ҷойи дигар Берунӣ аз уламои Эрон ҳикоятеро меоварад, ки мутобиқи он Наврӯз ба аҳди Ҷамшед рост меояд: «Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Ҳамчунин, мавсуф ҳикояти дигареро меорад, ки дар аҳди Ҷамшед ба вуҷуд омадани ин ҷашнро ишора менамояд: «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ва Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
Ин ҳикояте, ки Берунӣ овардааст, аз натиҷаи таҳлилу муқоисаҳо, маълум мегардад, ки ба ривояти ба аҳди Сулаймон мансуб донистани Наврӯз мантиқан хеле ба ҳам наздиканд. Пас, ба хулосае омадан мумкин аст, ки қисме аз нақлу ривоятҳое, ки мавҷуданд, асосан аз як реша ибтидо гирифта, дар тӯли солҳои зиёд мардум қаҳрамонҳои онро дар симои шахсони гуногун тасвир намудаанд. Масалан, тибқи ривояти аввал, ки аз ин асар овардем, ҳангоми ангуштарии худро ёфтани Сулаймон, ба тахт нишастани ӯ ва аз тахт фуруд омаданаш ҷашни Наврӯз ва оинҳои он пайдо шудааст. Аммо дар ривояти дигаре, ки Берунӣ овардааст ва он ба Ҷамшед нисбат дода шудааст, ба ҳамдигар хеле наздикӣ доранд. Аз ҷумла, Берунӣ мегӯяд: «Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед зиёд дар шаҳрҳо гардиш менамуд ва чун хост ба Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд. Ва чун партави Офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд».
Аз лиҳози маъонӣ дар ҳарду ривоят ҳам Сулаймон ва ҳам Ҷамшед дар тахт буданд ва ҳангоми фуруд омадан ба рӯйи Сулаймон парасту об мепошаду ба рӯйи Ҷамшед партави Офтоб мерасад, ки ҳар ду ҳам рӯшноӣ мебошанд. Вале дар устураҳо дар тахт нишастану дар осмон парвоз намудан ва ба гӯшаҳои дунё сафар намудан бештар хоси Сулаймон буд. Ҳарчанд ривоятҳо дар бораи парвози тахти Ҷамшед вуҷуд дошта бошанд ҳам, на ба он дараҷаест, ки мардум дар ин бора бештар ба Сулаймон боварӣ доранд. Аз ин бармеояд, ки дар рафти таърих ин устураҳо дар байни қисме аз мардум номи қаҳрамон ва ҷузъиётҳои дигари худро шаклан тағйир додаанд.
Бо вуҷуди ин, Берунӣ дар ин асари худ ҷиҳати таҷлили Наврӯз ва суннатҳои қадимаи он сухан ронда, зикр менамояд: «Ва дар ин рӯз расм аст, ки мардумон барои якдигар ҳадя мефиристанд. Ва сабаби он чунон ки Озарбод, мӯбади Бағдод, ҳикоят кард, ин аст, ки найшакар дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз ёфт шуд. Ва пеш аз ин касе онро намешинохт ва намедонист, ки чист. Ва худи Ҷамшед рӯзе наеро дид, ки каме аз обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар созанд. Ва он гоҳ дар рӯзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя фиристоданд. Ва дар Меҳргон низ ин корро ба ҳамин мизон такрор карданд».
Назар ба гуфти Берунӣ оғози баҳор ба дохил шудани Офтоб ба бурҷи Барра мувофиқ меафтад ва дар ин рӯз мувофиқи расму русуми Хуросон ба сипоҳиён либоси баҳорӣ ва тобистона медиҳанд ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузурге будааст. Ба қавли Берунӣ дар ин рӯз Худованд аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст.
Мувофиқи ривоятҳои Берунӣ Зардуштиён ин рӯзро ба тавфиқ ёфтани Зардушт бо Худованд нисбат медиҳанд: «Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки ба Худованд муноҷот кунад. Ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рӯз уруҷ кард. Ва дар ин рӯз барои сокинони кураи замин саодатро қисмат мекунанд ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро «рӯзи умед» ном ниҳодаанд».
Дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ нақлу ривоятҳои гуногун дар хусуси пайдоиш ва оинҳои Наврӯз ва таҷлили ин ҷашн дар замони бостон дарҷ шудааст, ки яке аз идҳои бузурги ниёгони ориёиҳо будани ин ҷашнро нишон медиҳанд.
Дар радифи дигар маъхазҳое, ки аз таърихи Наврӯз ҳикоят мекунанд, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём мавқеи хоса дорад. Дар ин рисола фалсафаи Наврӯз бо таърихи пайдоиш, русуму анъаноти он дар таснифоти муаллиф омезиши амиқ пайдо карда, дар муаррифии воқеияти ҷашни мазкур қимати бузургро касб кардааст. Дар рисолаи мазкур Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он хеле хуб оварда шудааст. Муаллиф дар оғози китоб ҳадафи худро аз навиштани «Наврӯзнома» баён намудааст, ки он аз муайян намудани пайдоиши Наврӯз иборат будааст. Тавре худи ӯ мефармояд: «Дар ин китоб, ки баён карда омад дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, ки ба наздики мулки Аҷам кадом рӯз будаасту кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштанд онро ва дигар оини подшоҳону сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд иншоаллоҳи Таоло».
Умари Хайём пеш аз ҳама дар боби пайдоиши Наврӯз сухан ронда, онро аз ҷиҳати нуҷумӣ тавсиф намудааст. Ба андешаи Умари Хайём сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.
Аз ин суханонии Умари Хайём бармеояд, ки Наврӯз оғози соли нав буда, он дар аҳди Ҷамшед муайян карда шуд ва он бо худ расму оинҳоро касб карда, аз он замон то кунун таҷлил карда мешавад. Ҳамчунин, Умари Хайём қиссаеро зикр мекунад, ки вақте Каюмарс ба подшоҳии Аҷам менишинад, мехоҳад аёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардум онро бидонад. Каюмарс он рӯз ба Офтоб нигариста, ки ба аввали дақиқаи Ҳамал омада буд, уламои даврро даъват карда, мегӯяд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Дар давоми қисса қайд мегардад, ки «чунон ки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳалу Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди Таоло ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, мулкони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рӯзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанду он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фариштае бозбаст аз он дувоздаҳ фариштае, ки Эзиди табораку Таоло эшонро ба олам гумоштааст. Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург аз нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳӣ воҷиб аст оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол».
Мувофиқи гуфтаи Умари Хайём ҳакимон ба подшоҳон тавсия додаанд, ки ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад.
Тибқи гуфтаи Умари Хайём дар аҳди Ҷамшед, ки аз насли Каюмарс мебошад, 1400 сол аз ҳукмронии ӯ гузашта буд ва Офтоб ба Фарвардини хеш, ба аввали Ҳамал боз омада буд, Ҷамшед девонро дар банд кард ва ин рӯзро ҷашн гирифту онро Наврӯз ном ниҳод. Тавре аз «Наврӯзнома» бармеояд, дар аёми Зардушт низ Гаршосп ба он гаравида, дар рӯзи Фарвардини ба Офтоб, ки ба аввали Саратон рост омад, ҷашн ороста, гуфт: «Ин рӯзро нигоҳ дореду Наврӯз кунед, ки Саратон толеи амал аст ва мар деҳқонрову кишоварзонро ба-д-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад».
Маълумотҳои дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дарҷгардида нисбат ба дигар маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ аз лиҳози илмӣ бартарӣ дошта, ҳамчунин хусусиятҳои нуҷумии он инъикос ёфтааст. Дар ин асар Умари Хайём пайдоиши Наврӯзро ба гардиши сайёраҳо, ба хусус сайёраи Замин асоснок кардааст. Аз ин бармеояд, ки мардуми ориёитабор аз қадим дар хусуси илмҳои табиӣ ва нуҷумӣ то андозае донишҳои амиқ доштаанд.
Зиёева З. И. ходими калони Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон