Мулоқоти сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазан, ҷашни сиюдусолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гаштани соли 2024 – ҳодисаи нодире дар ҳамкории давлат бо аҳли фарҳанг ва ходимони дин мебошад. Гуфтугӯи ошкоро доир ба самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан, масъалаи риояи озодии виҷдон ва кафолатҳои он дар ҷумҳурӣ, масоилҳои мураккаби дар ин самт мавҷуда ва роҳҳои бартарафсозии онҳо хеле рӯзмарра ва муфид мебошанд. Зеро ки ҳамкории давлат бо сохторҳои динӣ ва ходимони намоёни дину мазҳабҳои дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, яке аз самтҳои ҳассоси ҳаёти иҷтимоӣ буда, ба татбиқи сиёсати давлатии таълиму тарбияи ахлоқию ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон алоқаманд аст.
Озодии виҷдон ва озодии пайравии динӣ дар ҳамаи мамлакатҳо дар ҳадди Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим ёфтааст. Дар моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Ва ин меъёр асосан аз тарафи шаҳрвандон шуурнокона ва бо дарки моҳият ва таъиноти он риоя карда мешавад. Зеро ки он яке аз масъалаҳои мубрами эътиқодии инсон ва то кадом ҳад ба манфиати ҷомеа ва давлат мувофиқ амал кардани диндорон ва сохторҳои диниро дарбар гирифтааст.
Эътиқод ва пайравӣ кардан ба ин ё он дин кори фардии ҳар як инсон аст ва он асоси ҳуқуқии конститутсионӣ дорад. Давлат тавассути ҳар гуна роҳу воситаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ба риояи онҳо кафолат медиҳад. Ҳамзамон мақомоти дахлдори давлатӣ ба он эътибор медиҳанд, ки таълиму тарбияи динии шаҳрвандон, ба таври дастаҷамъӣ ба иҷро расонидани расму оинҳои динӣ, ташкили иттиҳодияҳои динӣ, сохтмони бинои масҷидҳо, калисо ва ибодатгоҳҳо мувофиқи таъиноти мазҳабӣ ва риояи талаботи қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ қатъиян дар асоси талаботи Оиннома ва Низомномаи онҳо амалӣ карда шаванд.
Аз давраи ба соҳибихтиёрии давлатӣ ноил гаштани Тоҷикистон озодии виҷдон мазмуни воқеӣ пайдо карда, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мувофиқи сатҳи эътиқод ва ҷаҳонбинии худ ба кадом динҳои ҷаҳонӣ пайравӣ кардан ва ё ба ҳеҷ як дин пайравӣ накардан ҳуқуқи мустақилона муайян кардан пайдо кард. Дар Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд. Даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад. Маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Бо вуҷуди муҳаё гаштани шароит барои татбиқи амалии ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, кафолати баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод ҳанӯз касоне ёфт мешаванд, ки ба ҷойи риояи талаботи қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ аз имконияту шароитҳои озодии эътиқоди динӣ, риояи расму оинҳои динӣ суиистеъмол менамояд ва бо роҳи ношукрию ифротӣ мераванд. Бинобар ин дар мулоқоти мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба равандҳои ташвишоварӣ дунё, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ муфассал қайд гардида, роҳҳои ноил гаштан ба пешравӣ ва бартараф кардани баъзе мушкилию камбудиҳо таҳлил карда шуданд. Воқеан, сиючор соли давраи соҳибистиқлолӣ солҳои муборизаи фаъол барои дигаргунсозӣ ва ноил гаштан ба музаффариятҳое мебошанд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба чашм мерасанд. Факту рақамҳои дар мулоқот оварда шуда, дар хусуси комъёбиҳои ҷумҳурӣ дар солҳои мустақилӣ, далели равшани устувор гаштани давлатдории миллӣ, пойдор шудани ваҳдати миллӣ ва дар миқёси байналмилалӣ ноил гаштан Тоҷикистон ба обрӯ ва эътибори баланд мебошад. Ҳоло Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар ҳалли масоилҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии худ хеле пешрав ва обрӯманд гаштааст. Ин омилҳо ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки барои рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои дар пеш истода ҳиссагузорӣ намоянд. Ин қарзӣ ватандорӣ, инсонӣ ва шаҳрвандии тамоми мардуми ҷумҳурӣ мебошад.
Бо вуҷуди давра ба давра муҳаё гаштани шароити мусоид барои зиндагии арзанда, баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифат, истифодаи васеи комъёбиҳои илму техника, ободонии шаҳру деҳоти кишвар, ривоҷи сохтмони иншоотҳои бузурги барқӣ, афзудани шумораи корхонаҳои саноатӣ, вусъати касбу ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва ғайра, баъзе тоифиа пайравони дини мубини ислом бо роҳи ғалати тафриқаандозиву ифротгароӣ мераванд.
Конститутсияи мамлакатамон Тоҷикистонро давлати демократӣ ва дунявӣ эълон намуда, ба ҳамаи пайравони дину мазҳабҳое, ки ҳавасманди сулҳу осоиш ва рушди иҷтимоӣ, ноил гаштан ба комъёбиҳои илму маърифат ва дар арсаи ҷаҳонӣ баланд шудани обрӯи давлатамон мебошанд, чӣ дар масъалаи таҳсил ва маълумотгарии дунявӣ ва динӣ ва чӣ азхудкардани касбу кор мусоидат менамояд. Аммо сарфи назар аз чунин муҳити муносиб як гурӯҳ ҷавонони кишварамон дар зери таъсири мубалиғони ифротгароӣ дохилӣ ва хориҷии динӣ роҳи таасубу хурофотпарастӣ, тафриқаандозӣ ва исломситезиро пеш мегиранд. Онҳо новобаста аз сатҳи маълумот ва дониши динии худ дар иҷрои рукнҳои динӣ ва мазҳабӣ, хусусан дар риояи расму қоидаҳои ҳанафии Имоми Аъзам раҳматуллои алайҳӣ, ки аксари мусулмонони кишварамон пайравӣ он ҳастанд, нуқсон меҷуянд ва норизоӣ изҳор мекунанд. Рукнҳои дини мубини исломро бо сиёсат омехта, аз сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ норозигӣ ва аз иҷрои талаботи қонунҳо рӯй метобанд.
Онҳо аз таърихи чанде қаблии робитаи давлат ва дин чандон хабар надоранд. Дар хусуси шиорҳои «атеизми ҷанговар», «дин афъюн барои халқ», «рӯза ва зарари он», ки аз фишори беамони он насли калонсоли ҷумҳурӣ гузаштаанд ва қурбониҳои бешумор додаанд, онҳо бехабар ҳастанд. Вагарна, муҳити мусоиди риояи озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дину мазҳабҳои таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва пуштибонӣ мекарданд. Онҳо намедонанд, ки дар давраи аввали ҳокимияти шӯравӣ чандин насли калонсоли кишвар тибқи имондорӣ ва пайравӣ ба дин аз озодӣ ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум гашта буданд. Минбаъд ҷавонони давраи шӯравии сотсиалистӣ, ки аз мактаби «пионерӣ», «комсомолӣ» ва ҳизбии камунистӣ гузаштаанд, на як бору ду бор ба саволҳои мафкуравии «Оё Худо ҳаст?», «Оё намоз мехонӣ, рӯза медорӣ», эътиқодмандии волидон ба ин ё он дин ҷавоб додаанд. Вале аксари онҳо ботинан ва зоҳиран ба вуҷуди Аллоҳ Таъоло ва Расули Худо – Муҳаммад салалоҳу алайҳи вассалам, дар қалб ва забон ба шӯбҳа роҳ надодаанд.
Санҷишҳои мафкуравии атеистӣ нисбати шаҳрвандони аз рӯи касбу ихтисос ба хориҷа сафар дошта, боз ҳам гаронтар буд. Роҳ додан ба қадре иштибоҳ боиси маҳрум гаштан аз ҳар гуна пешравӣ дар кору фаъолияти шахс мегардид. Бо вуҷуди ин, эътиқоду пайравии мардум, хусусан, тоҷикон ба дини мубини ислом риоя мегардид ва вобаста ба муҳит ва шароити мавҷуда рукнҳои диндорӣ риоя карда мешуд. Аммо чунин пайравӣ ҳамеша зери назорат ва хатар буд. Гарчи расман дар ҳамон давра низ озодии эътиқод бо роҳи ҷудо кардани калисо (масҷид) аз давлат ва мактаб аз калисо мавҷуд буд. Ва озодии ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ ва озодии ташвиқоти зиддинӣ кафолат дода мешуд. Аммо дар асл фақат кафолат ва дастгирии давлатӣ ба озодии ташвиқоти зиддидинӣ, яъне атеистӣ, даҳрӣ зоҳир ёфта, тамоми матбуоти шӯравӣ ба сияҳсозии дин, беобрӯ кардани диндорон ва маҳкум кардани онҳо банд буд.
Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакатамон сиёсати давлатии муносибат ба дин, кафолати озодии эътиқод, пайравӣ ба дину мазҳабҳо, хусусан, ба дини мубини ислом кулан тағйир ёфта, мазмуни воқеӣ пайдо кардааст. Дар ин хусус факту рақамҳои дар мулоқоти мазкур овардашуда, равшан шаҳодат медиҳанд. Ва фақат ба анҷом расидани сохтмони бинои яке аз бузургтарин масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва даҳҳо масҷидҳои бузург дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ далели эҳтиром гузоштан ба имондорӣ ва риояи расму оинҳои мусулмонӣ мебошад. Дар чунин шароити барои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ хеле мувофиқ ва солим, бар асари таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафарҳои меҳнатии муҳоҷирон ба хориҷи кишвар гаравидани ҷавонон ба созмонҳои хислати экстремистиву террористӣ дошта ва ғояҳои ифротии онҳоро дастгирӣ ва ташвиқ намудани онҳо боиси таасуф ва парешонӣ мебошад. Маҳз дар зери таъсири омилҳои мазкур чанд солҳои охир ҳодисаҳои ҳамроҳшавии чанде ҷавонони тоҷик дар иқдомҳои террористии дар гушаю канори кишварҳои дунё содиршаванда, ки боиси марги шумораи зиёди одамон мегардад, хеле ташвишовар мебошад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари кафолат додан ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, дар назди иттиҳодияи динӣ масъулият мегузорад, ки фаъолияти худро тибқи талаботи қонун ба роҳ монда, ба зуҳуроти таасуб ва ифротгароӣ роҳ надиҳанд. Ба пайравони дини мубини ислом зарур аст, ки қоидаҳои ба ҷо овардани расму оинҳои диниро боэҳтирому беғараз ва софдилона иҷро намоянд. Арзишҳои диниро аз манфиати миллӣ, бехатарии давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боло нагузоранд, балки алоқаи мустаҳками онҳоро қадр ва ҳифз намоянд. Дар тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон муассисаҳои таълимии мактабӣ ва донишгоҳҳо бояд масъул ва фаъол бошанд.
Имомов Ашӯрбой
Сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ,
н.и.ҳ., профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон