casino malaysia
casino malaysia
Фалсафаи Наврӯз чӣ аст? Чӣ чиз онро писандидаи ҷаҳон карданист?

wrapper

     Пеш аз ҳама барои Наврӯз, ки маросими тақвимӣ аст, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Ягона нерӯе, ки нигаҳбону парастандаи замину табит инсон аст. Ва ҳам вайрон кунандаи қонунҳои табиату Сайёраи нозуки мо низ инсон ас.
Аммо инсон ғолибан  бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.
Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз – фалсафа фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд.
      Наврӯз ҳар чанд маросими тақвимӣ аст, яъне гӯё сарбаставу такроршаванда, вале ҳамеша ба нерӯи инсонӣ, ки дар маҷмӯъ нерӯи пешраванда ва навовар, тарафгири фарзияву пешгӯиҳои илмӣ буду ҳаст, такия мекарду мекунад.
Такроршавии Наврӯз феъли спиралӣ дорад, яъне вай гӯё такрор мешавад, вале ин такроршавӣ дар нуқтаи пешина не, балки дар нуқтаи болотар мавқеъ мегирад.
Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаву оянда ба ҳамин сифатҳо ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик кӯшиш дорад рӯ ба рушду инкишоф оварда, муаммоҳои зиндагии худро рӯз то рӯз беҳтар намояд ва рӯ ба кишварҳои мутараққӣ биоварад. Албатта, ин кор кори сода нест, вале азми миллати мо дар ин раванд қавиирода аст. Масалан, мо медонем, ки дар Тоҷикистони имрӯза протсессҳои табаддулсозии иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва пеш аз ҳама арзишиву мафкуравӣ дар мадди аввал истодааст. Масалан, ташаббуси давлат дар ба низом даровардани расму оинҳо, пайдо намудани захираҳои табиии ҳаётан муҳим, барқарор кардани инфрасохторҳои саноатӣ, хизматрасонӣ, ҷоннок кардани соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ, бо кор таъмин намудани аксарияти аҳолии коршоям, ба назар гирифтани фазои экологии мамлакат, тандурустии аҳолӣ, тадбири воситаҳои пешсафона ва босифати таълим ва тарбияи насли наврас, барқарор намудани мақоми муаллим дар ҷомеа, эҳёи оинҳои азбайнрафта, ба мисли “Шашмақом”, “Фалак”, расму оини либоспӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, нақши зиёиёни миллат дар интихоби роҳҳои дурусти пешрафти миллат ба сӯи оянда, минбаъд пайдо кардани роҳҳои бартараф намудани монеаҳое, ки метавонанд дар пешрафти фарҳанги миллат мушкилӣ эҷод намоянд, аз қабили таъсири протсессҳои ҷаҳонишавӣ ба забони модарӣ, ҳувияти миллат ва ғайра мебошанд.
       Яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз – масъалаи решаёбӣ аз ақибмондагӣ, консерватизм, васоити рушди ҷомеа ва фарҳанг, роҳҳои дар ҷомеа ҷорӣ кардани диди нав, андешаи нави созанда, тафаккури нави инсони пешқадам, ба фарҳанги асил ворид намудани унсурҳои навини созанда ва бунёдӣ мебошанд. Мардуми мо таҳти роҳбарии пешвоёни зеҳнии худ ҳалли ҳамин муаммоҳоро ҷустуҷӯ ва ҳал намуда истодааст, кишвари моро аз асорати сирф аграрӣ, падарсолорӣ, косерватизм, парастиши хурофот халос намуда истода, рӯ ба инкишофи иқтисодиёт, парастиши истеҳсолоти агросаноатӣ, рӯ овардан ба бозори воқеии рақобатпазири ҷаҳонӣ намудааст. Дар ҳамин радиф моҳият ва падидаҳои идеали иҷтимоӣ, арзишҳои навин, мақсаду мароми ҷомеаи нави мутамаддин роҳи худро ёфта истодааст.
Дар ин раванд болоравии вазъи зист ва фарҳанги моддию маънавии мардум аз дидгоҳи нав мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ба хусус, мавзӯи қонуну дастурҳои давлатӣ оид ба фарҳанг ва ҳунар, механизми амалигардонии онҳо ва натоиҷи онҳо дар ҳаёти мардум таҳлили илмиро касб кардааст.
Яке аз вазифаҳои аслии Наврӯз – муттаҳид кардан, ба ваҳдат овардан аст. Аз ин боис ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳои ин маросим мебошад.
Бояд таъкид кард, ки мавзӯи иртиботи фарҳанги тоҷик бо фарҳанги ҷаҳонӣ, ба хусус алоқаи Тоҷикистон бо тоҷикони бурунмарзӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии андешаи миллӣ гардида аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси мо ориёиҳо дар ҷаҳонишавии Наврӯз мантиқан дуруст ва муҳим буд.
Масъалаи муҳимтарини мерос ва тафаккур ва арзишҳои нав дар раванди модернизатсиякунонии ҷомеа яке аз бахшҳои афзалиятноки минбаъда мебояд шавад. Зиёиёни мо ҳамин меъёрҳоро дар мадди назари аввалиндараҷаи хеш бояд қарор диҳанд.
Ҳамаи ин моро даст медиҳад, ки сабабу натоиҷи протсессҳои дар дохил ва берун рухдиҳандаи фарҳанги наврӯзиро дуруст инъикос намуда, ба раванди он таъсири дилхоҳ расонем, самтҳои таҳаввули ояндаи онро пешбинии илмӣ намоем.

Наврӯз суханпардозӣ нест, Наврӯз амал аст

       Чун агар аз ин дидгоҳ ба Наврӯз рӯ оварем, бовар дорем, ки Наврӯзи фардои мо боз ҳам Наврӯзи умедбахш, навовар, пурмуҳтаво, созанда хоҳад буд. Зеро дар ибтидо то интиҳо Наврӯз моро ба амалгароӣ ва талошварзӣ даъват менамояд. Ин нукта маънои суханпардозиро надорад, чун агар ҳар касе дар дилу дида як зарра завқу зебоиро парастиш менамояд, бидуни ҳеч мушкилие бевосита худ амалгароии наврӯзиро мебинаду эҳсос мекунад. Дар пеши чашми мо табиат чӣ бас амалгароиҳоеро анҷом медиҳад, ки ин ба одамон, ки ҷузъи ҷудоинопазири табиат мебошанд, бетаъсир намемонад. Наврӯз ба амалгароии худ ҳастии табиатро бо рангу намоди гуногун дигар мекунад ва ин ҳамаро инсон бо чашми худ мебинад ва албатта, инсон ҳам ин ҳамаро дида, дар як нуқта шах шуда намеистад. Дар баробари табиат ҳам инсон ба амал кардан шурӯъ мекунад. Сухану амали инсон яксон мешавад. Таваҷҷуҳ намоед, ки дар баҳор касеро бекору фориғбол намебинед, ҳама мекӯшанд, ки як порча заминро шудгор кунанду ба он рӯзии худро пошанд ва дар пайи парвариши он ҳастанд.
Чӣ тавре шоири бедордиле сурудааст:
Наврӯзи ҷавон кард бадал кору ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
     Аз дидгоҳи эҳсоси дӯстиву ишқу муҳаббат низ инсону табиат дар Наврӯз хеле самимитару содиқтар ба назар мерасанд, ки ин ҳам нерӯи наврӯзист, ки дӯстиро қавитару ошиқонро ошиқтар мекунад. Ҳатто яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, ки нафароне бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеч баҳонае оштӣ мекунанду нисбати ҳамдигар кинаву адоватро аз дил берун мекунанд. Гул, ки рамзи ҷунуниву ошиқист, ошиқон дар Наврӯз ба дашту пуштаҳо мераванду ба ҳамдигар гул тақдим мекунанд ва изҳори муҳаббаташон низ чун Наврӯз нав асту ба ҳамдигар аз хушбахтиву хушрӯзии ояндаашон сари суҳбат менишинанд. Бубинед, нерӯву қудрати Наврӯз то чӣ ҳад бузург аст, ки одаму оламро ба куллӣ тағйир медиҳад.
Аз ин хотир, суннату маросимҳои Наврӯз боястӣ дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ҳифз карда шавад, агар ин кор сурат нагирад, мо ончи дар боло дар зикри нерӯву суннатҳои вижаи наврӯзӣ, ки беш аз пеш барои инсонҳо аҳамияти бузург дорад, аз даст медиҳем ва аз Наврӯзи куҳан танҳо ном мемонаду бас.
      Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, Наврӯзи суннатӣ ва усули ҷашнгирии анъанавиаш дар баъзе музофотҳо боқӣ мондааст. Албатта, он суннату маросимҳои куҳан фарҳанги зиндаи мост, ки дар тайи қарнҳои бешумор аз аҷдодонамон ба мо мерос омадааст.
Ҳамчунин, Наврӯзро дар шакли карнавал бештар густариш дод ва ин усули ҷашнгириро дар маркази вилоятҳову ноҳияҳо ташвиқ намуд. Ин ҳам метавонад асолату ҷалоли Наврӯзро ҳифз намояд ва дар ин росто, василаи хубе барои муаррифии фарҳангу фалсафаи Наврӯз хоҳад буд.
Азбаски Наврӯз ҷашни сирф мардумӣ ва тақвимист, бигзор коргардонҳову сенаристони ватанӣ ин паҳлуи муҳими ҷашни Наврӯзро ба назар бигиранд ва дар вақти эҷоди сенарияю ба саҳнагузории ҷашни Наврӯз аз таркиботи вижаи он истифода намоянд. Албатта, ҳар замон бо дарназардошти пешрафту талаботи вақти худ бо ину он падидаи фарҳангиву иҷтимоӣ муносибат мекунад, аз ин рӯ, ҳамасола баҳри таҷлили Наврӯз меҳмонони зиёде аз ҳар гӯшаи дунё ба Тоҷикистон меоянд. Идеяи дар шакли КАРНАВАЛ гузаронидани ҷашни НАВРӮЗ аз қадим расм будааст. Масалан, дар барелйефҳои Тахти Ҷамшед намунае аз ин карнавал забт шуда. Яъне ҷашни Наврӯз маҷмӯан идеяи карнавалро бо хусусияти гуногунҷабҳагиаш дар худ ғунҷондааст.
 
Саъдулло Раҳимов – доктори илмҳои
фалсафа, профессор, Мудири Шуъбаи
фалсафаи фарҳанги
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia