casino malaysia
casino malaysia
Масоили ҳалталаби уҳдадории муқаддас – ҳифзи Ватан

wrapper

   Имрўз дар арафаи Рўзи ҳимоятгари Ватан қарор дорем. Ҳимояи Ватан уҳдадории муқаддаси ҳар як шаҳрванди тоҷик ба шумор меравад. Ҷашни муҳофизони Ватанро барои ҳар як нафаре, ки ин қарзи инсонии худро дар назди Ватан - Модар иҷро намуда, ҳар нафаре, ки бо ин ҷашн пайвастагие доранд, табрику муборак бод гуфта, таманнои тансиҳативу хонаободии ҳар яки онҳоро дорем.
Хизмати Модар –Ватан имрўз ба яке аз масоили мубрами рўз табдил ёфта, ба таври муътадил ба роҳ мондани он ҷидду ҷаҳдит зиёд ва баррасии масоили гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро талаб дорад.   
  Агар ба сарчашмаҳои ҳуқуқи назар андозем, аз Эъломияи ҳуқуқи башар оғоз намуда то санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии махсус ин муносибатҳоро танзим менамоянд.
Эъломияи ҳуқуки башар яке аз санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дар қатори ҳуқуқу озодиҳо ба масъалаи таъмини уҳдадориҳои гуногуни шахсият, шаҳрванд ва давлат диққати ҷиддӣ медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар қатори уҳдадориҳои риояи қонунҳо, пардохти боҷу андоз ва ғайра уҳдадории муқаддас – иҷро намудани хизмати Модар Ватан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Албатта, ин уҳдадорӣ ба Артиши миллӣ ва шахсоне, ки субъекти уҳдадории ҳарбӣ, онҳое, ки 18 то 27 сола ҳастанд ва афсару прапоршик ва хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти қудратӣ бештар дахл дорад, вале дар ҳолати пайдоиши зарурат, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд онро иҷро намояд.
Иҷрои ин уҳдадорӣ сабаби неруманд гаштани Артиши миллӣ, ҳимояи Ватан, рушди кишвар ва сарбаландии ҳар як азви ҷомеаи тоҷик мегардад.
Мо дар ин мақола оид ба таърихи Артиши миллӣ ва иҷрои уҳдадории ҳифзи Ватан аз ҷониби он таҳлил анҷом додани ҳастем. Уҳдадории хизмати Ватан ва сохтори Артиш таърихи куҳани, на танҳо бо таърихи ҷомеаи инсонӣ баробарро дорад, балки намояндагони он - ҷанговарону артиш аз қадимулайём нақши калидӣ дар ҳаёти давлату миллатҳо бозидаанд. Аввалин намояндагони ин самтро дар сарварии ҳарбии қабила мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани хатари ҷанг бо қабилаву авлодҳои дигар қабила барои худро сарвари ҳарбӣ интихоб менамуд. Ин мансаб то даме вуҷуд дошт, ки хатари ҷанг аз байн равад. Бо аз байн рафтани хатари ҷанг мансаби сарвари ҳарбӣ барҳам дода шуда, Пешвои қабила аз нав шахсияти куҳансолтарини он – шахси обрўмандтарини қабила вазифаи худро идома медод. Хулоса ин аст, ки мубориза барои ҳимояи истиқлолият, сарзамин, ҳудуди ҳаётии одамон ҳануз аз давраи қабилавии рушд муҳиму мубрам буданд.
Оид ба мавҷудияти артиш ва ҷанговарон дар Авесто иттилоот вуҷуд дорад, ки дар он омадааст, ки парчами артиши ориёӣ ва душманони он. Авесто оид ба артиш, ки аллакай парчами худро доштааст, маълумот додааст.
Минбаъд дар Авесто оид ба табақаҳои ҷамъиятӣ сухан меравад, ки дар ҷомеаи табақавии авестоӣ нақши муҳимро иҷро менамуданд.
Агар оид ба иттилооти Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» назар андозем, пас, Бобоҷон Ғафуров маълумот додааст, ки истилоҳи «Шоҳ» дар забони тоҷикӣ аз калимаи «кшатрий», ки минбаъд ба кшай, кшах, шах, шоҳ ба вуҷуд омадааст, маълум мегардад, ки шоҳ аз табақаи мазкур интихоб шудааст.
Дар Авесто ва минбаъд ҷомеаи тоҷикон аз табақаҳои гуногун иборат буда, дар байни ин табақаҳо «ҳарбиён» мақоми хос доштанд. Ҳарбиён, ки ба ҳифзи сарзамин, ҳудуди кишвар машғул буданд,  имтиёзҳои зиёдеро соҳиб буданд. Ин имтиёзҳо аз озод намудан аз пардохти андоз, хизмиати ҳарбӣ намудан, қитъаи замин барои истифодаи шартӣ (бо шарти хизмати ҳарбӣ) тайин ба вазифаҳои давлатӣ, ва ғайра иборат буданд.
Мақоми ҳуқуқии артиш аз вазифаҳое, ки дар ҷомеа ва барои кишвар иҷро мекард, бармеомад. Артиш на танҳо ҳудуди кишварро ҳиимоя менамуд,балки тартиботу қонуниятро дар дохили кишвар таъмин намуда, ба сифати полис баромад дошт. Минбаъд, артиш барои ғасби дигар ҳудудҳо истифода мегардад. Дар сурати ғалаба намудан ба артиши дигар, артиш метавонист, аз ҳисоби боигарии кишвари дигар давлатро ғанӣ гардонад. Дар таърихи тоҷикон маълум аст, ки масалан давлати Ҳахоманишӣ вобаста ба ҷангҳои ғоратгарона то ислоҳотҳои Дориюши Кабир (соли 518 то мелод) аз мардуми кишвар дар панҷ сол як бор андоз ҷамъоварӣ менамуд, чунки ба он эҳтиёҷ надошт.
Яке аз асарҳои муҳим дар самти тайёрии ҷангӣ, бурдани ҷанг, муҳофизати кишвар, ҳилаи ҷангӣ ва ғайра китоби Муборакшоҳ «Адаб-уд ҳарб ва шуҷоат» мебошад. Дар ин асар, кулли санъати ҷангӣ аз интихоби аспу олоти ҷангӣ, то ҷои лагери ҳарбӣ, заминкан, воситаҳои бурдани ҷанг, сафбандии артиш ҳангоми ҳаракат, ҳангоми ҷанг, ақибнишинӣ баён шудаанд.  Шабохун задан, забон овардан, паҳн намудани воҳима байни душманон, масалан, гуё артиши нав омада истодааст ва ғайра аз ҳиллаҳои ҳарбӣ эътироф мешуданд.
Дар замони шўравӣ тоҷикон дар ҳайати Артиши Сурхи шўравӣ хизмат мекарданд, ки он давлати бузурги Иттиҳоди Шўравиро муаррифӣ намуда, яке аз ду артиши пурқуввати ҷаҳон ба шумор мерафт.
Дар шароити муосир низ артиш аҳамияти худро на танҳо гум накардааст, балки мавҷудияти артиши муосир  аҳамияти фавқулоддаро касб мекунад.
Дар шароити муосири геополитикӣ нақши артиш ва ҳарбиён бузург буда, аз мавҷудияти артиши ҳозиразамон, муҷаҳҳаз бо тамоми техникаву ҷанголоти нав мавҷудият ва рушди давлат вобаста аст.
Дар таърихи навини тоҷикон 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол асосан дар дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳои дигаре, ки Ҳукумати конститутсиониро дар давраи ҷанги гражданӣ ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Вале бо қабули қарор таҳия ва таъсиси артиш давом ёфта, аввалин маротиба 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе, паради ҳарбии Артишги нав баргузор гардид. Аз ин сабаб, 23 феврал расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷик истон шинохта мешавад.
Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шўравӣ дар ин самт чизе мерос нагирифта, Президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз қабули артишу низомиён ва техникаи ҳарбӣ даст кашид. Ин қарор Сарвари давлат боиси он шуд, ки дар Ҷумҳурӣ дивизияи 201 тирандозӣ аз ҷониби Русия эълон гардида, бо ёрии он Русия минбаъд дар Тоҷикистон базаи худро бунёд сохт.
Тоҷикистон дар марҳилаи таъсиси артиш дар ҳолати ногузоре қарор дошта, новобаста аз ин, инчунин мавҷудияти мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, кушиш намуд, ки ҳайати кадрии артиш ва ҷанголоту техникаи ҳарбиро барои он муҳайё созад. Дар ҳамин марҳила, дар Тоҷикистон омўзишгоҳи ҳарбӣ, минбаъд Коллеҷи ҳарбӣ ва имрўз Институти ҳарбӣ таъсис ёфта, дар он вобаста ба талаботи замона кадрҳои аввалини миллӣ барои артиш тарбия карда мешуданд. Дар қатори ин, бо таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда, таъминоти артиш бо техникаву таҷҳизоти муосир оғоз гардид.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ташкил, махсусан дар марҳилаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аз худ қаҳрамониҳо нишон дода, кушгиш намуданд, ки то вазъиятро дар кишвар ором созанд, то дар кишвар тартиботи ҷамъият ва қонуният устувор гардад.  Қайд намудан лозим аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози таъсис то соли 1997-ум аз артиши хушкигард, неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва артиши мудофиаи зидди ҳавоӣ, яъне  се навъи он иборат буда, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, то ин самтҳои муҳимтарини артишро омода ва ташаккул диҳад. Бо ором гардидани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар кишвар инчунин қисму воҳидҳои низомии алоҳида, Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки як қисми онҳо аз оғози солҳои Истиқлолият амал карда бо фаъолият ва садоқатмандии худ, корҳои зиёдеро дар самти тарбия ва таълими сарбозону афсарон, иҷрои вазифаҳои мушаххаси дар наздашон гузошташуда, пойдории тартибот, ҳимояи марзу буми кишвар амалӣ намуданд.
Артиш як ҷузъи муҳимтарини сохтори давлат буда, аз мавҷудият ва фаъолият, сатҳу сифат ва хусусиятҳои он ба давлат баҳогузорӣ карда мешавад. Яке аз заминаҳои моддӣ ва нерўи давлат дар артиши муосир нуҳуфта аст.  Аз ин сабаб дар баробари рушди давлат, масоилу мушкилоти артиш низ ҳалли худро ёфта, дар заминаи ҷузъу томҳои мавҷуда ислоҳоти ҷиддии он давом дорад. Дар оғози асри ХХI Ситоди (Штаби) Генералӣ (ба ҷои Сарситод) таъсис дода шуда, бо ислоҳоти артиш Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид карда шуда, дар ҳайати Артиши Тоҷикистон артиши зудамал таъсис дода шуд.
Минбаъд бо ором шудани вазъи сиёсиву ҳарбӣ аввалин маротиба машқҳои низомӣ дар дохили кишвар, дар пойгоҳҳои ҳарбии Харбмайдон ва ғайра гузаронида шуда, оғоз аз соли 1999 он ба машқҳои доимӣ табдил ёфт. Дар қатори ин гузаронидани машқҳои якҷоя, иштирок дар машкҳои берун аз қишвар мунтазам зиёд гардонида шуд. Машқ бо артиши кишварҳои ҳамсоя малакаву маҳорати ҷангӣ ва тактикаи ҷангии сарбозу афсарони моро афзун намуда, онҳоро барои ҳимояи кишвар тайёр менамояд.
Давлати тоҷикон бо соҳиб шудан ба Истиқлол дар аксари соҳаҳо ба душвориву мушкилоти зиёд, нарасидани кадрҳо, набудани маблағ, дар артиш бошад дар қатори онҳо надоштани техникаву олоти ҷангӣ, сиёсати ягона дар соҳа рў бу рў гардид. Махсусан дар соҳаи артиш, нақшаи рушди соҳа дар давоми солҳои зиёд мавҷуд набуда, кишвар бо бавуҷуд омадани мушкилот онро ҳал менамуд. Минбаъд, шароит имконият дод, то ин ки сиёсати давлатӣ дар ин самт мураттаб гардида,  низоми ягонаи артиш, нақшаҳои ягонаи омодагии ҷангӣ дар артиш, сохтмони бинову иншоотҳои зарурӣ барои ҷузъу томҳои артиш,  тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ғайра ташкил шуданд.
Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
  • Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
  • Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
  • Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
  • Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;3
  • Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (ҚҶТ 28.12.05 № 141)
Қайд намудан ба маврид аст, ки зиёда аз 70% артишро артиши хушкигард ташкил дода дар ҳайати он ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия таъсис шудаанд, ки ба таври доимӣ бо роҳҳои гуногун: худомузӣ, тайёрии ҳарбӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар Донишкадаи ҳарбӣ, тамринҳои ҳарбӣ ва машқҳои васеи низомӣ омодагӣ дида маҳорату малакаи худро дар ин замина ташаккул медиҳанд.
Яке аз талаботи даҳсолаи охирин оғоз шудани ҷангҳои гуногуни минтақавӣ дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон ба шумор меравад. Имрўз дар сарҳади Тоҷикистон низ кишвари хатарзо вуҷуд дорад, ки он сабаби таъсиси Артиши зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) гаштааст. Артиши зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 таъсис гардид. Мақсад аз таъсиси ин артиш ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Он аз қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар иборат мебошад. Дар таркиби Артиши зудамал Бригадаи десантӣ-зарбавӣ мавқеи махсус дошта, ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомил буда, ҳангоми зарурат се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ворид мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Артиши миллии Тоҷикистон дар айни замон ислоҳоти нави сиёсиву ҳарбӣ оғоз гардида, тибқи он  дар мазмун ва моҳияти хизмати ҳарбӣ  тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад. Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва як қатор қонунҳои дигар, концепсияи нави хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон бояд роҳандозӣ гардад. Ҳарчанд имрўз танҳо як қисмати ин консепсия хизмати алтернативӣ, хизмат-«бадал» ҷорӣ карда шуда бошад ҳам, ба андешаи мо ин ислоҳот бояд ҳатман давом ёбад. Пеш аз ҳама, бояд консепсия дар асоси нишондиҳандаҳои асосӣ таҳяи гардад. Яъне мо чӣ мехоҳем ва Тоҷикистон бок адом самт дар ин соҳа пеш меравад. Агар мо хизмати касбиро ба роҳ монем, пас, консепсия бо баназаргирии мақсаду ҳадафи мазкур таҳрия гардад, вагарна, хизмати даъватӣ мақсад бошад, пас, консепсия ин хусусиятро ҳадаф қарор диҳад.
Марҳилаи дигар, мониторинги мавҷудияти ҷавонон дар даҳ соли гузашта ва дурнамои таваллуд ва зиёдшавии онҳо дар даҳ соли оянда бояд дақиқан таҳлил гардад. Вобаста ба натоиҷи он бояд консепсияи роҳҳалҳои рушди соҳаи хизмати ҳарбиро пешниҳод намояд.  Фарз кунем, Тоҷикистон дар ду мавсими даъват, ҳамагӣ 7-10% ҷавони синни 18-27 сола  зарурат дорад. Пас, мо бояд имтиёзу афзалиятҳои бетаринро барои хизматкардаҳои ҳақиқии ҳарбӣ муайян созем.
Дар навбати дуюм имтиёзи онҳое, ки хизмати артернативӣ мекунанд, минбаъд афзалият барои онҳое бояд гузорем, ки хизмат-бадалро иҷро кардаанд. Албатта, имтиёзу афзалиятҳои ин ё он намуди хизмати ҳарбӣ  вобаста ба зарурати кишвар ба намуди хизмат бояд ба таври лозима тағйир дода шаванд. Имрўз вақти он расидааст, ки ба таври ҷиддӣ консепсияи мазкур таҳия гардад, илман асоснок ва ба қонуниятҳои ташаккули ҷомеа, менталитети аҳолии кишвар мувофиқ бошад. Якбора бо ин тарғибу ташвиқи ислоҳоти ҳарбӣ бояд ба аҳолӣ ба таври комил фаҳмонда шавад.
Мақсад аз ислоҳот аз байн бурдани шароите, ки мардум онро ноадолатона мешуморанд, мебошад. Чунки як нафар хизмати ҳақиқии ҳарбӣ мекунад,  қисмати дигари аҳолӣ аз он озод аст ва ё бо роҳу воситаҳои гуногун худро «озод» мекунанд.  Ҳадафи ислоҳот бояд ҷорӣ намудани адолат дар муносибат ба хизмати ҳарбӣ бошад. Ин мақсад дар амалигардонии принсипи «ҳар як ҷавонмард хизмати ҳарбиро бояд адо кунад» нуҳуфта аст. Аз ин сабаб, вобаста ба мақсади ҷавонон дар оянда, қудрату тавоноӣ, пайравии дин, касби интихобнамуда ва ғайра бояд намуди хизмати ҳарбӣ муқаррар карда шавад. Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки истисноҳои ҳуқуқӣ – қонунӣ дар ҳама ҳолат метавонанд дар қонунгузорӣ ҷой дошта бошад, чунки Тоҷикистон метавонад вобаста ба асосҳои гуногун, аз ҷумла касби нодир, устоди варзиш будан, зарурат, вазъи оилавӣ, мақоми шахс (масалан шахси ҷинояткор)  категорияи муайяни аҳолиро аз хизмати ҳақиқии ҳарбӣ озод намояд.
Инчунин, бояд дар хотир дошт, ки ашхосе, ки хизмати алтернативӣ мекунанд, ё хизмат-бадал, яъне маблағи муайян ба ҷои хизмат ба буҷаи ҳарбии кишвар ворид месозанд, дар ҳолатҳои истисноӣ ба мансабҳои давлатӣ, агар мутахассиси нодир бошад, бояд роҳ дода шаванд. Масалан, ҳангоми мутахассиси хуби иттилоотӣ, техникаи навтарин, таҷҳизоти ҳарбӣ будан. Дар ҳолати идеалӣ ҳар фарде ки ин ё он намуди хизматро иҷро кардааст, бояд имконият ва ҳўкўки баробар дошта бошад. Вале, барои он ки метавонад ҳолате ба миён ояд, ки ҷавонон ба як намуди он бештар шавқ пайдо намуда, намудҳои дигари онро сарфи назар намоянд, пас, як қатор чораҳои пешгирии ин ҳолат бояд муқаррар шавад, то муайян шудани он кӣ ҷавонон ба кадом намуди он афзалият медиҳанд.
Аз ин сабаб, барои ҳар як намуди хизмат самт ва соҳаҳои ҷалбшавии ҷавонон ба соҳаи хизмати давлатӣ, мақомоти интихоботӣ, мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ пас аз адои хизмати ҳақиқӣ, альтернативӣ ва бадал бояд муайян карда шавад. Аз ин сабаб, бисёр хуб мебуд, агар Консепсияи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадории ҳарбӣ таҳия ва қабул шавад, ки матни он мушаххас, аниқ ва барои ҳар як шаҳрванд дастрас бошад.
Ҳамин тариқ, иҷрои қарз ва уҳдадории хизмат ба Ватан масъалаи мубрам буда, ҷанбаҳои гуногуни ҳалталаб дорад, ки ҳар як ҷанбаи он таҳлилу таҳқиқоти зиёдро талаб мекунад.
 
 
Буризода Эмомалӣ Бозор
д.и.ҳ., профессор;
Мирзоева Садбарг Саидакобировна 
магистр
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia