Асосҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ
- Душанбе, Фев 26 2024
- Андешаи муҳаққиқон
“Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт”. Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, доғи рӯзи тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ин суръатёбии раванди терроризм ва ифротгароӣ (экстремизм) буда, ҳамчун мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсии, бо зуҳуроти мухталифи худ, ки боиси амалҳои зиддиқонунӣ, аз қабили рабудани одамон ё сӯиқасд ба ҳаёти онҳо, нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ ва ғайра мегардад, ба сулҳу амният ва рушди устувории давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ таъсири худро мерасонад.
Дар даҳсолаи аввали асри XXI терроризм ва ифротгароӣ дигаргуниҳои ҷиддиро паси сар карда, ҷаҳонӣ гардид ва бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ пайваста, дараҷаи хатари ҷолишҳои ифротӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар ин давра, ташкилотҳои ифротии байналмиллалӣ дорои хусусияти фаромарзӣ ва фаромиллӣ ба худ касб намуда, дар масъалаҳои таблиғи ифротгароӣ, маблағгузорӣ, таъмини техника ва силоҳ, такмили усулҳои ҷалб ва омодасозии махсуси аъзои нав, тактикаи тайёр кардан ва гузарондани амалиёти ифротӣ вусъат ёфтанд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти созмонҳои байналмилалии ифротгароӣ беш аз пеш мукаммал ва хашмгин шуда, ба афзоиши шумори қурбониён ва расонидани зарари ҳадди аксар нигаронида шудааст. Ифротгароён ба пароканда кардани қувваҳо ва воситаҳо амал карда, бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ҳамкорӣ намуд, барои дастрасӣ ба силоҳи қатли ом кӯшиш карда, дастовардҳои навтарини технологияро ба мақсадҳои худ истифода бурда, кори фаъолонаи идеологӣ ва таблиғотии худро беҳтар намуда, ҷонибдорони навро ҷалб ва тарбия мекунанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо технологияҳои муосири иттилоотӣ, хусусан интернети ҷаҳонӣ ба як канали асосии паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва зӯроварӣ (киберифротгароӣ) табдил ёфтааст, ки ҳамчун воситаи иртибот барои иттиҳодияҳои ифротӣ, ҷалб ва худтанзимкунии аъзои нав хизмат мекунад. Муҳимияти ин масъала дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 таъкид гардид, ки: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”[1].
Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хеш қарор дода, дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, ба сохторҳои дахлдор дасуту супоришҳо медиҳанд. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар ин самт Стратегияи муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 қабул карда шудааст.
Мақсади сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Стратегияи номбурда оварда шудааст, ки тибқи он: “Мақсадҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд”[2].
Мутобиқи Стратегияи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 – 13 самтҳои асосии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм пешбинӣ гардидааст, ки инҳо мебошанд:
- дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм;
- дар самти баланд бардоштани нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ;
- дар самти баланд бардоштани нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии ифротгароӣ;
- дар самти баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ;
- дар самти баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ;
- дар самти таъсиррасонӣ ба омилҳои ба ифротгароӣ мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ;
- дар самти амиқгардонӣ ва васеъ намудани чораҳои пешгирии ифротгароӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ;
- дар самти ташкили амалияи аз лиҳози гендерӣ ҳассоси муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм;
- дар самти таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ;
- дар самти такмили қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;
- дар самти барқарорсозӣ ва интегратсияи шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта;
- дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ.
Татбиқи Стратегия болозикр дар се марҳила ба нақша гирифта шудааст:
1) вазифаҳои марҳилаи аввал (соли 2021) инҳо мебошанд:
- фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои амалисозии Стратегияи мазкур, муаррифӣ намудани он ба мақомоти давлатӣ, ҷамоатчигӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- таҳияи нақша ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба амалисозии Стратегияи мазкур дар мақомоти давлатӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ташаккул додани гурӯҳҳои кории байниидоравӣ, аз ҷумла дар маҳалҳо бо ворид намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур;
- таҳияи харҷномаҳо (лоиҳаҳо) барои амалишавии чорабиниҳои банақшагирифташуда, ки маблағгузориро аз буҷети давлатӣ ё сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ тақозо менамоянд;
- дарёфти созмонҳои мададрасон ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда;
- оғози амалисозии чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи мазкур.
2) вазифаҳои марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2023) вусъат бахшидан ба татбиқи чорабиниҳо, ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мебошанд.
3) дар марҳилаи сеюм (солҳои 2024-2025) чорабиниҳои татбиқшаванда бо натиҷаҳои мониторинги дохилию берунӣ такмил дода мешаванд[3].
Асосҳои ҳуқуқӣ муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда, кодексҳо, қонунҳои ҷорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра ташкил медиҳанд.
Асоси консептуалии танзими меъёрии ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки тибқи он давлат баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Муҳимтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки ба танзими муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм нигаронида шудаанд, инҳо мебошанд: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 12.10.1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 4.11.1950 ба имзо расидааст, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965 бо қатъномаи 2106 Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст, Паймони байналхалкӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ» аз 16 декабри соли 1966, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ (2001) ва ғайра.
Асосҳои танзими ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерин ташкил медиҳанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, № 1655, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз 23 декабри соли 2021, № 1808 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, № 1950.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” на танҳо мафҳумҳои асосиро ифода мекунад, балки тадбирҳои мушаххаси муқовимат бо ифротгароиро низ дарбар мегирад. Мувофиқи моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳуми ифротгароӣ оварда шудааст, ки тибқи он: ифротгароӣ – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст[4].
Илова бар ин, Қонуни мазкур як қатор мафҳумҳои дигарро, аз қабили фаъолияти экстремистӣ, маблағгузории ифротгароӣ, ташкилоти экстремистӣ, маводи экстремистӣ, ҳуҷҷат, муқовимат ба ифротгароӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидоштаро пешбинӣ мекунад.
Дар охир бояд гуфт, ки санадҳои дар боло зикр гардида, асоси ҳуқуқии танзими муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода, барои амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти экстремистию террористӣ, бартараф намудани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда заминаи воқеии ҳуқуқиро мегузоранд.
Саидзода Мавҷуда Ёралӣ
ходими хурди илмии
шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022. // [Маводи электронї]. Рељаи дастрасї: www.prezident.tj. (санаи дастрасӣ: 15.02.2024).
[2] Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025, бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 қабул карда шудааст. [Захираи электронӣ] // URL : http : // mmk . tj . (санаи дастрасӣ: 15.02.2024).