casino malaysia
casino malaysia
Пешгирии экстремизму терроризм – вазифаи ҳар як шахси солимфикри ҷомеаи муосир

wrapper

  Ҳолати кунунии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба бӯҳрони амиқ дучор гашта, таҳдиду хатарҳои зиёд ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Авҷ гирифтани рақобатҳои геостратегӣ миёни абарқудратҳо, дар навбати худ, самти фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ куллан тағйир додааст. Ин ҳолат барои низоми амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бетаъсир буда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои экстремистиву террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.
Имрӯз на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии ақидаҳои ифротиву террористӣ ва идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба ташвиш овардааст.
Дастовардҳои охирини технологӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо васеъ ва бо маҳорати баланд истифода бурда мешаванд. Маҳз Интернет, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии паҳнкунии ҳар гуна ақидаву идеологияи харобиовар ба кор бурда мешаванд.
Чунонки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 қайд намуданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Зарурати андешидани чораҳои пешгирикунанда бар зидди экстремизм ва терроризм ба он асос ёфтааст, ки айни замон ташкилотҳои экстремистию террористӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро идома дода, бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ бурда, аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар сафи худро пур намуда истодаанд.
Идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тариқи шабакаи Интернет паҳн мегардад, асосан ба ҷавонон равона гардида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.
Ба назари мо, мукаммалгардонии чораҳои иттилоотӣ-ташвиқотӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идеологияи харобиовари экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ба ҳисоб меравад.
Дар чунин вазъият пешгирии паҳншавии идеологияи экстремизм барои ҳар як кишвар хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм шинохта шудааст. Дар сатҳи миллӣ Тоҷикистон якчанд қонун, стратегия ва консепсияҳоро ҷиҳати решакан намудани ин мушкилӣ роҳандозӣ намудааст.
Қонуни ҶТ «Дар бораи амният» ифротгароии сиёсиро дар ҳама шакли он, аз ҷумла барангехтани бадбинӣ ё хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ё гурӯҳӣ ҳамчун таҳдидҳои бевосита ба амнияти миллӣ эътироф менамояд.
Чунонки қайд намудем, ки фаъолияти идеологӣ ва сиёсии ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар ҷомеаи мо ва фазои иттилоотии кишвар баръало эҳсос мегардад. Идеологияи харобиовари экстремизму терроризм асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, Интернет ва васоити ахбори оммае, ки дар ихтиёри ташкилотҳои террористӣ қарор дорад, паҳн карда мешавад.
Интернет – ин як фазои кушодае мебошад, ки дилхоҳ шахс метавонад фикру мулоҳизаҳои шахсии худро баён намояд.  Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки фазои кушоди Интернет бартарии зиёд дошта, ба афкори ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Вобаста ба ин, метавон қайд намуд, ки истифодаи зарфияти блогерон, шахсони намоёни ҷамъиятӣ, ки бо маводҳои интишорнамудаи худ ба афкори умум таъсири бузургтар мерасонанд, муҳим ва актуалӣ ба ҳисоб меравад.
Хатари асосии фаъолияти идеологии ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида, кӯшиш менамоянд, ки дар онҳо фикрронии террористиро ташаккул дода, онҳоро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳои боло, ҳар як узви солимфикри ҷомеа бояд ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии идеологияи харобиовари экстремизм дар ҷомеаи худ бетараф набуда, тамоми имкониятҳои худро истифода барад.
                              Додихудоев Х.А.
ходими калони илмии  Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Ҳасанова М.М.
 лобаранти калони Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia