Воситаҳои тарбиявӣ-ахлоқии пешгирии зуҳури ифротгароӣ дар ҷомеа
- Душанбе, Фев 19 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Асосҳои динӣ-мафкуравии тазоҳури экстремизм ва терроризмро, тибқи андешаи аксарияти муҳаққиқони исломшиноси ватанию хориҷӣ, на бевосита дар матни таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва на дар осори донишмандони мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ, балки дар осори Ибни Таймия, Сайид Қутб ва бархе уламои асримиёнагии исломӣ ҷустан лозим аст. Маҳз ҳамин асосҳои мафкуравӣ буданд, ки онҳоро минбаъд дар охири асри XX ва оғози асри XXI муассисони “Ихвону-л-муслимин”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, ҳизбу ҳаракатҳои дигари экстремистию террористии бо ном “исломӣ” барои татбиқи ҳадафҳои динӣ-сиёсии худ истифода бурда, хатари эксремизм ва терроризмро ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам дар соири кишварҳои дигари Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико интишор доданд. Аз ҷумлаи ашаддитарин ташкилотҳои эксремистӣ-террористӣ, ки аз ин асосҳои мафкуравӣ нашъа гирифтаанд, Толибон, ДИИШ, ТЭТ ҲНИ, ҲИЎ ва ғ. ба шумор мераванд. Бояд хотирнишон сохт, ки ҳамаи ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ хусусияти фаромиллӣ доранд ва ба амнияти ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мубориза ба муқобили эксремизм ва терроризми динӣ, решакан кардани асосҳои мафкуравӣ, аз байн бурдани омилҳои ин зуҳуроти номатлубу хатарнок вазифаи танҳо кишварҳои ҷангзада ва гирифтори ин “бало” не, балки вазифаи умумии тамоми ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад. Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ пешгирии сирояти экстремизм ва терроризм ба ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошад. Ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин росто алалхусус ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар ҳалли ҳамаи вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегии давлат иҷро мекунанд. Аз ҷумла, дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу калидиро адо мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандўстӣ, ҳомили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва қонунҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандию инсонии онҳоро кафолат медиҳанд.
Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир, тавре ки аз таҳлили боло натиҷа гирифтан мумкин аст, як қатор омилҳои хатарноку фаромиллӣ, мисли экстремизм ва терроризми динӣ вуҷуд доранд, ки дар сурати адами муборизаи босуботу муташаккилона зидди онҳо метавонанд ҷавононро аз шоҳроҳи созандагию бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкори аҳриманӣ бипайванданд.
Чуноне ки қаблан гуфта шуд, зуҳуроти ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқими Тоҷикистон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароӣ ва экстремизми динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои миллию умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ваҳдату худшиносии миллӣ мегардад.
Аммо ин зуҳуроти номатлуб бо асли таълимоти дини мубини ислом ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бегона мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки террорист ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Бо таваҷҷўҳ ба зарурияти пешгирӣ кардани густариши ифротгароии динӣ дар ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 “Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм” (барои солҳои 2016-2020) қабул шуда буд, ки он таи чанд сол бомуваффақият амалӣ карда мешавад. Тибқи ин санади муҳим яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо экстремизм ва терроризми динӣ ва пешгирии густариши он дар ҷомеа такмили механизмҳо ва барномаҳои давлатии кори тарбиявӣ-ватандўстӣ бо ҷавонон мебошад. Татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм имрўзҳо натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст, ки он дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткориҳо ва каҷрафториҳо дар байни ҷавонон, баланд шудани рўҳияи ватандўстӣ ва худшиносии миллии онҳо, ширкати фаъолонаи онҳо дар кори ободонӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ифода меёбанд.
Ҳамин тавр, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон омили дохилии мафкуравии зуҳури экстремизм ва терроризм вуҷуд надорад. Аз тарафи дигар набояд фаромўш кард, ки омили берунӣ ё хориҷии экстремизм ва терроризми динӣ бо вуҷуди торумор шудани ал-Қоида, ДИИШ ва ё манъ карда шудани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар қаламрави кишвар ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст. Ҳоло низ баъзе аз ин гуна ташкилотҳои экстремистӣ тавассути васоити интернетӣ муборизаи идеологии худро идома дода, зери ниқоби ислом баромад мекунанд ва баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи қисме аз ҷавонони тоҷикро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ, эксремизм ва терроризм талқин мекунанд. Мутаассифона, созмону ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун дар қаламрави кишвари мо мамнўъ мебошанд, бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонон ба тарғибу ташвиқ машғуланд, ки ин амали онҳо ба амнияти шаҳрвандон халали ҷиддӣ ворид менамояд.
Аз ин рў, барои пешгирии сирояти эксремизм ва терроризми динӣ дар байни ҷавонон ва умуман дар ҷомеа, стратегияи давлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризмро боз ҳам такмил дода, онро ба як барномаи дарозмуддат табдил додан зарур аст.
Ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ ва экстремизму терроризми динӣ таҳкими низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф хеле муҳим мебошад. Ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омўзгорон ва мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ба зеҳну шуури ҷавонон таъсири мусбат расонанд.
Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраи камолоти зеҳниву ҷисмонии инсон мебошад Идеологҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, кўшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонону наврасон паҳн карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил намоянд. Ҳамзамон ифротгароён таълиму тадриси бархе аз илмҳои дақиқ, мисли химия ва физикаро инкор менамоянд, ки ин умуман хилофи таълимоти Қуръону ҳадис мебошад. Паёмбари ислом дар ҳадисҳои худ касби ҳама гуна илму донишҳои заруриро таъкид намудааст. «Аз гаҳвора то гўр дониш биёмўз» маънии илмҳои замонавиро омўхтанро низ дорад. Аз ин ҷиҳат, ба эътибор гирифтани манфиатҳои давлати миллии дунявӣ ва арзишҳои динӣ-ахлоқии исломӣ, ба мисли инсондўстӣ, саховатпешагӣ, таҳаммулгароӣ, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоштан ва фазилатҳои дигари ахлоқӣ-маънавӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон ба мақсад мувофиқ менамояд.
На танҳо мактабу маориф, балки оила, васоити ахбор ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ низ дар пешигирии хатари густариши экстремизм ва терроризми динӣ дар байни ҷавонон нақши муайян мебозанд. Дар ин росто, алалхусус баргузор намудани вохўрию мулоқот бо иштироки донишҷўён, хонандагон, аҳли ҷомеа ва фаҳмонидани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва муборизаи зидди онҳо ба манфиати кор аст. Барои тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ инчунин аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода бурдан зарур аст. Агар дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ омода ва пахш шаванд, ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ мегардад.
Хулоса, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ ин дар рўҳияи худшиносӣ, худогохӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳо аст. Дар ин самт ташкили озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонон низ хеле муҳим мебошад.
Роҳи дигари пешгирии сирояти ифротгароӣ ва экстремизму терроризми динӣ ба ҷавонони тоҷик вусъати корҳои тарбиявию таблиғотӣ дар байни ҷавонон бо ширкати донишмандону коршиносон маъруф мебошад. Уламо ва рўҳониёни саршинос бояд ҳамеша ҷавононро хотирнишон созанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои ифротгарои динӣ нашаванд, зеро намояндагони ин ҳаракатҳо дину мазҳаб надоранд ва мақсади ниҳоии эшон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором созанд.
Ҳамин тариқ, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми аҳли ҷомеа бояд дар он фаъол бошанд. Самаранокии мубориза бо экстремизми динӣ дар бисёр ҳолатҳо ба риояи талаботи қонунҳо, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ намудааст, вобастагӣ дорад. Ин ҳушдорро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид қайд карда буданд: «Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд». Ҷавонони тоҷик бояд ин суханони сарвари давлатро сармашқи кор ва зиндагии хеш қарор дода, ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намоянд, дар таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ фаъолона ширкат намоянд.
Шоев Зиёвиддин,
номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии
шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии
шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- АҲМАДЗОДА ДИЛНОЗА ДАВРОНАЛӢ
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- От независимости к процветанию: роль Конституции Таджикистана в построении государства
- Конституция – основа гражданского права. (Размышления о речи Президента Республики Таджикистан на торжественном заседании в честь 30-летия принятия Конституции Республики Таджикистан)
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон