casino malaysia
casino malaysia
Парчами давлатӣ – рамзи соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ

wrapper

  Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи сиёсии давлат маҳсуб меёбад.  Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи давлат дар баробари ҳудуду истиқлолӣ давлатӣ, ҳокимияти расмии давлатию дигар нишонаҳо, рамзи сиёсии муаррификунандаи давлат баромад мекунад. Он аз рўйи моҳияти худ вазифаҳои гуногунро ҷиҳати намояндагию муаррифии давлат иҷро мекунад. Ҳар як давлат Парчами давлатии худро дошта, ҳамчун рамзи давлатӣ мақоми онро дар низоми давлатдории худ муайян намудааст.
Моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳиихтиёру ягона муқаррар намуда, моддаи 3-уми он Парчам, Нишон ва Суруди миллиро  хамчун рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Робитаи мантиқии байни ин меъёрҳои конститутсионӣ дар он аст, ки давлат маҳз дар натиҷаи соҳиб будан ба истиқлолу озодӣ имкони доштани рамзҳои давлатиро дошта,тавассути онҳо ҳувияташ муқаррар карда мешавад. Ин нукта аҳамияти хоси сиёсиро соҳиб мебошад.  Тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла Парчами давлатиро  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» муқаррар менамояд.
 Гуфтан ҷоиз аст Парчами давлатӣ дар шакли тасвир низ истифода бурда мешавад. Вобаста ба ин моддаи 3 қонуни зикргардида, ки тартиби истифодаи тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд, муқаррар кардааст, ки Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.
 Дар баробари ин қайд намудан лозим аст, ки дар низоми қоидаҳои давлатдорӣ Парчам дорои мақоми махсус аст. Ҳангоми ба вазифа шурўъ намудан сарвари давлат дар маросими савгандёдкунӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми махсусро ба ҷо оварда, бо ҳамин роҳ нишон медиҳанд, ки Парчам ин нишонаи муқаддас ва рамзи давлат ба ҳисоб меравад. Инчунин, ҳангоми сафарҳои расмӣ мо мебинем, ки сарони давлатҳо ба Парчами давлатии кишвари қабулкунанда эҳтироми махсус ба ҷо меоранд.
  Дар баробари ин, рамзҳои давлатӣ василаи муҳимми ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллию давлатӣ низ маҳсуб меёбанд.  Онҳо ба ҳар як шаҳрванд барои шинохту эътирофи мансубияти худ ба давлати муайян нақши муҳим мебозанд.  Қудрати бузурги таъсиррасонии равонии рамзҳо кайҳо боз собит гаштаву, садои Суруди миллию барафрохтани Парчами давлатӣ эҳсоси ифхору соҳибватаниро  қавӣ гардонида, боварӣ ба худро дар шахс боло мебарад. Борҳо шоҳиди ҳол гаштаем, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо боло бардоштани Парчами давлатҳо намояндагони давлатҳо ашк мерезанд. Ин як эҳсоси бо мураккаби тафсиршаванда буда, на ҳар кас метавонад онро дуруст маънидод намояд.
Нерўи руҳбаландкунанда ва сафарбаркунандаи Парчами давлатӣ ҳам маҳз дар ҳамин аён гашта, фарзандони содиқи Ватанро барои ноил гаштан ба қуллаҳои нави муваффақият роҳнамоӣ мекунад.
Рамзҳои давлатӣ ҳамчун муайянкунандаи тамоюлҳои арзишии шахс баромад намуда, баҳри ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ҳам аҳамияти хос доранд. Тавассути онҳо шахс имкон пайдо мекунад, ки бо маҷмуи муайяни арзишҳои сиёсии барои ҷомеа зарурӣ шиносоӣ пайдо намуда, дар ин доира рафтори сиёсӣ ва минбаъд фарҳанги сиёсии худро ташаккул диҳад. Тавассути эҳтироми онҳо  дар ҷомеа чунин арзишҳои муҳим, аз қабили ватандўстӣ, эҳтиром ба гузаштаи худ, инсондўстӣ, эҳтиром ба қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, фарҳангу дастовардҳои фарҳангӣ ташаккул меёбанд.
Парчами давлатӣ ифодаи рўҳияи ҷомеа низ маҳсуб меёбад. Қонунгузории кишвар тартиби истифодаи Парчами давлатиро дар ҳолатҳои гуногун, аз он ҷумла ҷойҳое, ки дар онҳо Парчами давлатӣ ба таври доимӣ барафрохта мешавад, яъне дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон., ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, дар рўзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо бо тартиби муайяншуда, мукаррар намудааст. Дар рўзҳои мотам тартиби дигари барафохтани Парчами давлатӣ муқаррар гадидааст.
Дар доираи шинохти маҳз рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла Парчами давлатӣ, донистани тартиби истифодаи он, дарки моҳият ва аҳамияти он ҳамчун рамзи соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ низоми  муайяни арзишҳои сиёсии ҷомеа ташаккул меёбанд.
Шинохти рамзҳои давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба онҳо нишонаи возеҳи эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ буда, тавассути онҳо дар ҳар як шахс имкони ташаккули муносибати боэҳтиромона ба гузаштаи худ, гиромидошт ва ҳифзи фарҳангу дастовардҳои таърихии миллатро ба даст меорад. Дар Парчами давлатии Тоҷикистон, ки се  ранг тасвир ёфтааст, ѓоя, ормон ва ҳадафҳои умумиллӣ ва умумидавлатие  ифода ёфтаанд, ки ҳар кадом таҷассумкунандаи роҳи гузаштаи халқи тоҷик ва мақсаду мароми ояндаи он мебошанд. Рисолати нерубахши Парчами давлатӣ имкон медиҳад, ки ҷомеа новобаста ба махсусиятҳои мафкуравию манфиатҳои худ дар роҳи ба даст овардани ормону ҳадафҳои гузошташуда якдилу иттиҳод бошанд.
Парчами давлатӣ ба сифати василаи муҳимми муаррификунандаи давлат баромад намуда, истифодаи Парчам он пештоқи созмонҳои байналмилалӣ ва ё тасвири он дар воситаҳои гуногуни нақлиёт, чи заминию чи  обию ҳавоӣ василаи муайянкунандаи мансубияти он ба давлати муайян мебошад.
Мо борҳо шоҳиди ҳол гаштаем, ки дар замони имрўза ҳам нерўҳои гуногун эътирози худро ба сиёсати кишварҳои алоҳида тавассути нишон додани беэҳтиромӣ ба Парчами давлатии ҷониби дигар, тавассути поймол кардану оташ задан нишон медиҳанд. Бо ҳамин роҳ норозигии худро аз он давлат ва сиёсаташ баён мекунанд.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ҷанбаи амиқи маънавию арзишӣ дорад, зеро Парчам ифодакунандаи нангу номуси миллат буда, фарзандони содиқу қаҳрамони он дар муҳорибаҳои сангин доимо кўшиши ҳифз намудани Парчамро мекарданд, то ин ки он ба дасти душман наафтад.
Аз замонҳои пеш то ба имрўз парчамбардорон номбардори давлату миллат, онҳое буданд, ки ҷасорату рафторашон намунаи ибрати дигарон буданд.
Қонунгузории кишвари мо муқаррар намудааст, ки дар ҳама ҳолат бояд ба рамзҳои давлатӣ муносибати боэҳтиромона сурат гирад. Беэҳтиромӣ ба Парчами давлатӣ  ва умуман таҳқии рамзҳои давлатӣ ҳамчун амалӣ ғайриконунӣ баҳогузорӣ карда шуда, ҷазои ҷиноиро дар пай дорад.
Рисолати парчамдорӣ масъулияти баландро такозо менамояд. Хусусан дар раванди муосири рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар замоне, ки талошҳои қудратҳои манфиатдор ҷиҳати васеъ паҳн намудани ғояи ҳувияти тамаддунӣ ба рушду таҳкими ҳувияти милию давлатӣ монеа эҷод карда истодааст, дар замоне, ки кушишҳои бегонасозӣ ва заифгардонии эҳсоси ватандорӣ ҳамчун василаи муборизаҳои сиёсӣ эътироф гаштааст, дар замоне, ки давлати миллӣ дар рў ба рўйи хатарӣ ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст, эҳтирому гиромидошти Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи давлат хеле муҳим мебошад.
Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки эҳтиром ба Парчам ин эҳтиром ба давлат ва миллат, гузашта ва имрўзи он мебошад. Эҳтироми Парчам ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ  нишонаи камолоти маънавию сиёсии шахс маънидод мешавад.
 ХИДИРЗОДА М.У.
профессор

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia