casino malaysia
casino malaysia
Рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои ду кишвари минтақа  

wrapper

 
   Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони наздики тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни замон дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Дар 10 соли охир робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон якранг набуданд: кишварҳо як марҳилаи хоси муносибатҳои дуҷониба, яъне коҳишу эҳёи дубораро таҷриба карданд. Вале, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол то сол афзоиш меёбад. Дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳандозӣ ва густариш ёбанд.
    Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла, фарҳангиву гуманитарӣ, амният, иқтисод ва ғайра равобитро тавсеа бахшида истодаанд. Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки ду кишвари ҳамзабон ва бародару дӯст ҳамкориҳоро дар самти амният тақвият бахшанд. Зеро терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир нисбат ба ҳар даври дигар афзоиш ёфта, ба суботи кишварҳои алоҳида таҳдид намуда истодааст. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкорӣ намуда, чораҳои муштарак меандешанд. Вобаста ба ин, дар ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Эрон қазияи Афғонистон ҳамеша дар меҳварият қарор дорад, зеро дар Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ реша давонида, қочоқи маводи мухаддир бештар гардида, хатару таҳдидро эҷод менамоянд. Ҳарду кишвар, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва таҳкими сулҳу амният ҷонибҳоро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои муштарак андешанд. Таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир аз он суи марз ба ҳарду ҷониб хатару таҳдидро ба вуҷуд меорад. Аз ҳамин лиҳоз, ҷонибҳо равобит ва тадобирро дар бахши амният ва субот барои пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ пайваста такмил медиҳанд.
    Солҳои охир ду давлат ба густариши фаъолонаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо машғуланд. Масалан, 13 июни соли 2022 мақомоти ду кишвар Анҷумани сайёҳии Тоҷикистону Эронро ташкил карданд, ки ҳадафаш рушди сайёҳии ду кишвар мебошад. Рӯзи 21 июни соли 2022 дар Душанбе гурӯҳи муштараки вижаи амниятии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар ширкат доштанд. Гуруҳи муштараки амниятӣ барои ҳамоҳангсозии амалҳои ду давлат дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир ва инчунин дар муқобила бо таҳдидҳои душманони умумӣ пешбинӣ шудааст.
    8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок карданд, ки дар вохӯрии мазкур беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб дар панелҳои алоҳида аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.
    Дар ҷараёни сафари расмии Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон  санадҳои нави ҳамкорӣ аз ҷониби раҳбарони ду кишвар ба имзо расид, ки боиси амиқтар ва тавсеаи равобити Теҳрону Душанбе дар бахшҳои мухталиф шуд. Раванди рушди равобити Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир бар зарурати талошҳои муштарак барои иҷрои барномаи дарозмуддати тиҷоративу иқтисодии дутурафа барои солҳои 2023 то 2030, яъне мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамлу нақл ва транзит, идоракунии бӯҳронҳо, ташкили минтақаи озоди муштарак, фарҳанг ва санъат, таҳсилоти олӣ, пажуҳишҳои технологӣ ва навоварӣ, робитаҳои варзишӣ аз асноду ёддоштҳои ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон буд, ки мақомоти ду кишвар ба имзо расониданд, онҳо чунинанд:
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
  • Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва
  • Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.
  Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеъа ва амиқтар шудани равобит бо кишвари дӯсти Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт: "Саҳифаи тозае дар равобити ду кишвар боз мешавад ва умедворам, ки ин сафар дар равобит ва ҳамкориҳои Теҳрон ва Душанбе як гардиш хоҳад шуд."
  Вақте ки кишварҳои ҷаҳон саъй мекунанд, ки равобити мутақобилаи худро инкишоф диҳанд, кўшиш мекунанд, ки ба умумиятҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии худ такя кунанд ва бо тақвият ва истифода аз ин умумиятҳо равобити хешро рушду тавсеа диҳанд. Хусусан, агар ин манфиатҳо аз умқи бостонии миллатҳо сарчашма гирифта, ба фарҳангу суннат табдил шаванд, барои ҳукуматҳо минбари муносибе фароҳам хоҳад шуд, то онҳо барои амиқтар кардани ин соҳаҳо талош кунанд.
   Ҳарчанд густариши равобити фарҳангӣ ва сиёсӣ низ аҳамияти бузург дорад, бахусус бо кишваре, ки ба далели муштаракоти забонӣ, нажодӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ кишвари наздиктарин маҳсуб мешавад. Аммо амалӣ намудани имкониятҳои потенсиалии равобити иқтисодӣ то ҳадди имкон кори бештареро тақозо мекунад, ки муносибатҳоро дар маҷмўъ ва муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла аз ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ҳам дар табодули тиҷорат ва ҳам дар сармоягузорӣ таъмин, ташвиқ ва мусоидат намояд.
   Ҳамчунин, ҳарду кишвар бар ин назаранд, ки равобити мо бояд беҳтар аз вазъи кунунӣ бошад ва мо ҳатман метавонем равобити дуҷонибаро ба равобити хуби минтақавию ҷаҳонӣ табдил диҳем. Ин равобит миёни ду кишвари мусулмони ҳамсоя метавонад барои ҳукумат, миллат ва манофеъ умедбахш бошад
    Мо бояд ба марҳилае баргардем, ки Эрон дар қатори панҷ шарики тиҷоратии Тоҷикистон қарор дошт ва тарҳҳои зербинои стратегӣ, аз қабили нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 2 ва нақби Истиқлолро амалӣ мекард. Ин кор басо амалӣ аст, зеро сиёсати хориҷии раисиҷумҳури Эрон ҳамкориҳои наздик бо кишварҳои ҳамсоя аст, ки онро “Нигоҳ ба Шарқ” меноманд.
 
 
Зиёзода Нодир
ходими илмии шуъбаи
масъалаҳои сиёсӣ ва муносибатҳои
байналмилалӣ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia