Аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон
- Чоршанбе, Ноя 22 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Имрӯзҳо парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаю далели истиқлолу ихтиёр буда, ё ҳадди ақал баёнгари вуҷуди худшиносист ва маънои таҳти парчаме ҷаҳду талош барои ба даст овардани мустақилият ва соҳибихтиёриро дорад. Парчами давлатии имрӯзӣ пораест сохташуда аз матоъ ва ифодагари халқу миллат ва фарҳангест, ки дар ҳудуди давлати муайян зиндагӣ мекунанд. Вале на ҳамагон аз таърихи пайдоиши парчам ва парчамдорӣ огоҳ ҳастанд.
Андешаи истифодаи парчам ҳазорҳо сол пеш аз мо ба вуҷуд омадааст: аввалин парчамҳо хеле содаю оддӣ буданд ва аввалин касоне, ки парчамро истифода кардаанд, шикорчиён ва ҷанговарони қавмҳои гуногун мебошанд. Нақши парчам дар ҷамоаи ибтидоӣ ё давраи тотаърихӣ иборат аз муаррифӣ намудани ин ё он қабила буд. Бо дидани парчами афроштаи қабилае, ки аз дуриҳо намудор мешуд, қабилаҳо вобаста аз муносибате, ки қаблан бо он доштанд, ба тарзи муносибати шоистае: ё дӯстона ва ё ҷанг омодагӣ медиданд.
Аввалин парчамҳое, ки қавму қабилаҳои гуногун истифода мебурданд, аз пӯсти ҳайвонот ё пари парандагон сохта мешуданд. Масалан, ҷанговарони Мисри қадим ба сифати парчам чӯбдастеро истифода мебурданд, ки дар болояш тасвири паранда, ҳайвон ё ашёи дигаре ҷойгир буд. Чунин меҳисобанд, ки парчамҳои аз матоъ омодашуда аввалин бор дар миёни чиниён, ҳиндуҳо, эрониён ва римиён мавриди истифода қарор гирифтаанд. Минбаъд парчаму парчамдорӣ дар асрҳои миёнаи Аврупо бештар роиҷ мегардад. Ҷангҳои салибӣ таҳти парчами хоси худ ба вуқуъ мепайвастанд, ҳар як хонаводаи шоҳӣ, аъёну ашроф парчами хосе ба худ интихоб карда, дар он хусусиятҳои хонаводагӣ ва нишонаҳои авлодиашонро инъикос менамуданд. Дар тӯли тамоми таърих аксари давлатҳои аврупоӣ дар зери парчами шоҳони худ ҷангидаанд. Масалан, фаронсавиҳо парчами сафеди Бурбонҳоро истифода мекарданд.
Ҳоло қадимтарин парчамҳои давлатии мавриди истифода парчамҳои Дания, ки соли 1219 ва Швейтсария, ки соли 1339 қабул шудаанд, мебошанд.
Новобаста ба рушди гуногунҷанбаи парчамҳо дар тӯли таърих андешаи парчамро ҳамчун нишонаи давлати соҳибихтиёр ва рамзи як миллат шинохтан танҳо дар асри ХIХ шакл гирифтааст. Он замон як қатор давлатҳои Амрикои ҷанубӣ бо эъломи соҳибихтиёрӣ парчамҳои давлатии худро қабул карданд. Аз ҳамон давра ба баъд ҳар як кишвару давлати соҳибихтиёр ва дорои истиқлол парчами давлатии хос ва нотакрори худро дорад, ки дар он ба таври рамзӣ тамоми таъриху хусусиятҳои хоси он давлат инъикос меёбад. Парчамҳои ҷузъу томҳои ҳарбию ҷангии ҳар як давлат ё бар асоси парчами давлатӣ сохта мешаванд, ё худашон замоне асоси тарҳи парчами давлатӣ будаанд. Ҳамин тариқ, робитаи байни парчамҳои ҷангӣ ва давлатӣ, ки маҳз тавассути муборизаҳо ва истиқлолталабӣ дар тӯли таърих ба амал омадааст, мушоҳида карда мешавад.
Таърихи парчамдории мардумони ориёиаслу эронинажоди тоҷик низ қадимӣ ва хеле тӯлонист. Ин таърих ҳатто аз давраҳои асотирӣ сарчашма гирифта, бо таҳаввулоти гуногун то давраи мо омада расидааст. Дирафши Ковиёнӣ ва мавҷудияти он нафақат устура, балки воқеият буда, дар бораи шаклу муҳтаво, бо сангу ҷавоҳироти қиматбаҳо оро додани он, аз як сулола ба сулолаи дигари эронӣ, то Сосониён ҳамчун рамзи ҳокимият интиқол ёфтанаш дар таърихномаҳои гуногун дарҷ ёфтааст. Фирдавсӣ оро додани дирафши Ковиёнӣ бо матоъҳои пурарзиши ҳариру деборо зикр кардааст:
Чу он пўст бар найза бар дид Кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар-ў пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурў ҳишт з-ў сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».
Дар маҷмуъ муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки зиёда аз 500 маротиба калимаи «дирафш» ба маънои парчам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ истифода шудааст. Ҳатто ҳар як паҳлавони номдори эронӣ парчами хосаи худро дошт ва аз рўи он ў ва лашкариёнашро мешинохтанд. Дирафши Рустам тасвири аждаҳо дошт:
Дирафшаш бубин аждаҳопайкар аст,
Бар он найза бар шери заррин сар аст.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ дар шарқи Эрони қадима парчами хурди филизие пайдо шуд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Дар ин парчами ёфтшуда сурати шер ва аз пушти он тулӯи офтоб тасвир ёфтааст. Ин парчам яке аз қадимтарин парчамҳо дар таърихи башарӣ дониста шудааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар худ ҳамаи марҳилаҳои парчамдории тоҷиконро аз даврони қадимтарин то ба давраи наву навтарин, ки пас аз Аморати Бухоро, ташкили Ҷумҳурии халқии Бухоро, давраҳои худмухторият ва ҷумҳурии сотсиалистӣ будани Тоҷикистон паси сар кардааст, таҷассум намуда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ин парчам дар баландтарин пояҳо дар пойтахту марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳо ва созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ, ҳангоми ғолиб омадани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои варзишию олимпиадаҳои фаннию илмӣ, дар рўзи таҷлили парчам бошад, дар рўи баландтарин ва зеботарин биноҳою ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳӣ дар шакли шоуи лазерӣ парафшон мешавад. Бигзор чунин парафшониҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу амн ва ободи кишвар ва гўшаю канори гуногуни ҷаҳон поянда ва доимӣ бошад! Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!
Виркани Музаффар
ходими калони илмии
шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон