Проблемаҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва бандубасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта
- Душанбе, Окт 16 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеша гирифта, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, дар як вақт ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, таъмин менамояд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд (м.1,5,14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Давлат зиёда аз 35 моддаи Конститутсияро ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида, танҳо дар 4 ҳолат уҳдадориҳоро (дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд, м.42; ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст, м.43; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст, м.44; супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист, м.45) пешбинӣ намудааст, ки яке аз онҳо риоя Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баъзе аз ҳолатҳо бошад шаҳрвандон даст ба ҷиноят ва хусусан, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта мезананд.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир экстремизм ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд[1].
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Дар замони мо шахсони алоҳида, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гушаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизм бо дарназардошти хусусияти глобалиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Афзоиши ҳаводиси ифротгароӣ боиси он шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2003[2] «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардида буд, ки баъдан ин қонун дар таҳрири нав қабул карда шуд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020[3] ва баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025[4] тасдиқ гардидааст, ки дар онҳо роҳҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили ин хатари манфии иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ мушаххас карда шуданд[5].
Дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор моддаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ва тамоюли ифротгароӣ дошта меноманд.
Аслан пайдоиши чунин гурӯҳбандӣ аз Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 №69[6] ва Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №846 ба миён омадааст, ин қонунҳо баъдан дар таҳрири нав қабул гардидаанд ва дар ин бора поёнтар муфассалтар истода мегузарем.
Ҳамон вақт, моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” мафҳуми расмии экстримизм ва амалҳое, ки ҳамчун экстримистӣ эътироф мешаванд, пешбинӣ намуда буд, ки тибқи талаботи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ. Ҳоло бошад, тибқи муқарраоти моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020 №1655[7] мафҳуми экстремизмро, ҳамчун ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, фаҳмида мешавад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мафҳуми фаъолияти экстремистиро - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд ва мафҳуми муқовимат ба экстремизмро бошад – ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст, муайян намудааст.
Дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор таркибҳои ҷиноятие мавҷуданд, ки дар дитспозитсияҳои худ амалҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ доштаро дарбар мегиранд. Масалан, диспозитсияи моддаҳои зерин номгӯи чунин ҷиноятҳоро муқаррар кардааст:
– моддаи 1791 («Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо») - ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, яроқнок намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар;
– моддаи 1792 («Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта») - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд;
– м. 1793 («Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта») - даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ.
Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №846 мафҳуми хеле муфассали терроризмро дода буд, ки тибқи он терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молумулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣқарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, муайян карда буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1808[8] «Дар бораи муқовимат ба терроризм» бошад, мафҳуми терроризм, ки тибқи он терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад, пешбинӣ менамояд, инчунин мафҳуми амали террористиро низ пешбинӣ намудааст, ки тибқи он амали террористӣ – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, муайян намудааст.
Таҳти мафҳуми “ташкилоти террористӣ” бошад, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 №1808 «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ташкилоте фаҳмида мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот ҳамчунин террористӣ ба ҳисоб меравад, агар яке аз воҳидҳои сохтории он фаъолияти террористиро бо огоҳсозии ақаллан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи ин ташкилот анҷом диҳад. Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, молу мулкаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад ва фаъолияти террористӣ бошад – фаъолияте фаҳмида мешавад, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст ва кирдорҳои ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, моил кардан ба содиркунии амалҳои террористӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳарбикардашудаи ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, инчунин, иштирок намудан дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, инчунин, ба онҳо омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, таблиғоти ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти террористӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва Интернет, мусоидат кардан ба тайёр ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гурӯҳи 24» манъ карда шудааст.
Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, инчунин парвандаҳои гражданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пушидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.
Номгӯи ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта дар Қонуни зикргардида ба тарзе муайян шудааст, ки аз мафҳуми муқарраркардаи КҶ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН тафовут дорад. Мувофиқи он ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, дониста мешаванд. Вале дар баробарои ин тавзеҳоте ҷой дорад, ки ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо, дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористҳо ва ташкилотҳои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онҳо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ҷавобгар мебошанд.
Шахсоне, ки дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳидаи ба фаъолияти террористӣ шарикбуда маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мувофиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 №846 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки «Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ» ном дошт ва ин қонун аз эътибор соқит шудааст, муқаррароте ҷой дошт, ки тибқи он шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будани онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд. Инчунин, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънавӣ, модӣ ва ҷисмонӣ расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд. Дар навбати худ, шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштиҳои ҳавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.
Дар Қонуни нав дар бораи муқовимат бо терроризм бошад, бо кадом асосҳо чунин муқаррарот ҷой дода нашудааст, номаълум мебошад, ҳол он ки чунин муқаррарот дар эзоҳҳои моддаҳои мухталифи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, мутобиқи Эзоҳи моддаи 179 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Инчунин, тибқи Эзоҳи моддаи 1791 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо») низ шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва саривақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирии содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, пешбинӣ намудааст.
Вобаста бар ин, дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷиноятҳои хусусияти террористӣ боз як қатор моддаҳои дигаре ҷой доранд, ки онҳоро «ҷиноятҳои дорои тамоюли экстремистӣ» меноманд. Ин, пеш аз ҳама, м.3071 («Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)») мебошад. Барои даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ тибқи ин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар диспозитсияи моддаи 3072 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳ таркиби ҷинояте ишора шудааст, ки онҳоро расман ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта меноманд:
«Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта) пешбинамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯятҳи иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта».
Аз рӯи мазмуни моддаи 3072 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумлаи ҷиноятҳои хусусияти экстримистидошта инҳо дохил мешаванд: м.157 («Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ»); м.158 («Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»); м.160 («Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»); м.185 («Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ»); м.188 («Бандитизм»); м.189 («Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ»); м.237 («Авбошӣ»); м.2371 («Вандализм»); м. 242 («Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг»); м.243 («Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо»).
Чуноне аз мазмун ва моҳияти таркибҳои мазкур бармеояд, онҳо ягон хел «хусусияти» («тамоюли») барои бандубаст аҳамиятнок надоранд. Мувофиқи м.3073 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Иловаи муҳим ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ворид намудани м.3074 («Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта») мебошад. Дар он барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи эзоҳи м. 3072 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Эзоҳи м. 3073 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озод карданро бо чунин тартиб пешбинӣ кардааст: шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” таҳти мафҳуми экстремизм изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ ва мазҳабиро мефаҳмад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад. Моҳияти аслии фаҳмиши экстримистиро дар қонунгузории миллӣ тавассути амали экстремистӣ ва мақсадҳои он хеле муфассал дарк намудан мумкин аст. Фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳои (кирдорҳои) эстремистӣ мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:
Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешаванд инҳоянд:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
- даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
Барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқӣ-гражданӣ кашида мешаванд.
Бо мақсади таъмини бехатарии давлативу ҷамъиятӣ бо тартибу асосҳои пешбининамудаи қонун бо қарори суд коркунӣ ва фаъолият ба шахси дар фаъолияти экстремистӣ иштироккарда дар хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва машғул шудан ба фаъолияти хусусии ҳуқуқӣ маҳдуд карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар роҳбар ё корманди мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ё ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо рӯирост барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ даъват мекунад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки қарори суд нисбати ин шахс барои ҷинояти равиши экстремистидошта ба ҳукми қонун даромадааст, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати панҷ рӯз аз рӯзе, ки ариза дода шудааст, рӯирост дар бораи розӣ набуданашон ба гуфтаҳо ё кирдорҳои чунин шахсон хабар диҳанд.
Ҳангоми гузаронидани маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ ва дигар намоишҳои оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ роҳ дода намешавад. Ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ барои риоя накардани талаботҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби гузаронидани намоишҳои оммавӣ дахл доранд, ба роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин ба пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.
Ба иштирокчиёни намоишҳои оммавӣ бо худ гирифтани яроқ ва дигар чизҳое, ки махсус тайёр карда шудаанд ва барои расонидани зиён ба саломатии шаҳрвандон ё зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода шуданаш мумкин аст, манъ аст. Ҳамин тавр, агар меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ (аз 15 июни соли 2001) бо ҳам муқоиса намоем, номувофиқатӣ байни онҳо ошкор мешавад. Мафҳуми экстремизм хеле васеъ дар қонунгузории миллӣ муқаррар шуда, аз аломатҳои аслии он, ки бо зӯроварӣ алоқаманд аст, берун баромадааст. Дар натиҷа меъёрҳои коллизионии зиёд ба вуҷуд меояд.
Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, мо чунин мешуморем, ки мутобиқат байни фаҳмиши экстримизм бояд ҷой дошта бошад. Ҷиноятҳои ба истилоҳ тамоюли (хусусияти) экстримистидошта ҷиноятҳои мураккаб набуда, чунин «хусусият» ба қоидаи бандубасти ҷиноятҳо таъсир намерасонад. Ин ҷиноятҳо бо меъёрҳои худиашон бандубаст гардида, маҷмӯи ҷиноятҳоро ба вуҷуд намеоранд.
Бо мақсади мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидошта ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани чунин кирдорҳо соли 2018 ба моддаи 57 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд[9], ки тибқи он "ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ» илова карда шуд, ки минбаъд судҳо ҳангоми таъини ҷазои асосӣ нисбати шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир менамоянд, инчунин ҷазои иловагиро дар намуди мусодираи молу мулк таъин менамоянд.
Дар қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост, ки мафҳуми ташкилоти ҷиноятӣ ҷой дорад, аз ҷумла, “ташкилоти террористӣ”. Дар Қонуни ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» “Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ”, “Ҷавобгарӣ барои маблағгузории фаъолияти террористӣ” ҷой дода шудаанд. Масалан, «Моддаи 38. Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ.
- Таъсисдиҳӣ ва амалисозии фаъолияти ташкилоте, ки мақсад ё амалҳояш ба тарғиб, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст, манъ аст.
- Ташкилот бо қарори суд дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат террористӣ ҳисобида, фаъолияташ манъ карда мешавад, агар ташкил, тайёр ва содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ аз ном ва ба манфиати ташкилот анҷом дода шавад, инчунин, агар амали мазкурро шахси воқеие содир намояд, ки ташкилот таҳти назорати ӯ бошад. Қарори дахлдори суд дар бораи манъи фаъолияти ташкилот ба сохторҳои маҳаллӣ ва сохторҳои дигари он низ паҳн мешавад.
- Барои аз ҷониби суд террористӣ эътироф гардидани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он) маводи мавҷудбуда ва ё тибқи шартномаи байналмилалӣ ё дар асоси мутақобила маводи пешниҳодкардаи давлати дахлдор, ки алоқамандии ташкилотро ба фаъолияти террористӣ тасдиқ менамоянд, асос шуда метавонанд.
- Дар сурати террористӣ эътироф шудани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он), фаъолияти ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар манъ мегардад ва он барҳам дода мешавад, молу мулки ба ин ташкилот тааллуқдошта ва ё бевосита ё бавосита дар ихтиёри он қарордошта мусодира карда мешавад. Ҳамчунин, молу мулке, ки барои кумак расондан ба ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалии мазкур дар фаъолияти террористӣ истифода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира мегарданд ё Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои маблағгузории фаъолияти террористӣ
- Шахсони воқеӣ, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Фаъолияти ташкилотҳое, ки фаъолияти террористиро маблағгузорӣ мекунанд, бо қарори суд манъ шуда, молу мулки онҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. Роҳбарон ва кормандони шахсони ҳуқуқии фаъолиятшон манъшуда, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ бевосита иштирок намудаанд, мувофиқи қисми 1 ҳамин модда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Тартиби танзими муносибатҳои шаҳрвандони, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ташкилотҳо оид ба гузаронидани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва молу мулки дигар, инчунин, мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигарро бо мақсади муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ назорат мекунанд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
Чунин муқарраротро дар муқаррароти моддаи 57 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вохурдан мумкин аст, аммо дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҷавобгарӣ барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ карда нашудааст, яъне то имрӯз ташкилотҳо ҳамчун субъекти ҷиноят эътироф нашудаанд, ки ба андешаи мо ин нигарон аст. Чунин таҷриба дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷой дошта, он барои муқовимат бо экстремизм ва терроризм мусоидат менамояд. Ба андешаи мо вақте расидааст, ки мо низ ба ин масъала рӯ оварда, таркибҳои ҷиноят барои содир кардани ҷиноят аз ҷониби ташкилотҳоро дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намоем.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн –
мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
[1]Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон // http: // www. рresident.tj. / ru / node / 13739 (Санаи мурољиат: 20.09.2023).
[2]Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм(ифротгарої)» аз 08.12.2003 // Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон — 2003. — №12. — С.697; 2007. — № 3, м. 158 [Захираи электронї] — Рељаи дастрасї: http:// mmk.tj / ru / legislation / legislation — base /2003/. (Санаи мурољиат: 15.10.2023).
[3]Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1-уми июни соли 2021 тањти №187 «Дар бораи тасдиќи Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020» — Душанбе: ЉДММ «Контраст», 2016. — С. 1.
[4]Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12.11.2016, № 776 «Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025» ва Наќшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025. — Душанбе, 2021. — 122с. (ба забонњои тољикї ва русї).
[5] Қурбонзода Б.Ш. Ҷавобгарии љиноятї барои ташкили иттињоди экстремистї ифротгарої) дар Ҷумњурии Тољикистон. Автореферати дисс. барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї. Душанбе, 2017. С.3.
[6] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2003, №12, мод.697; с.2007, № 3, мод.158; Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1146.
[7] Қонуни ҶТ “Дар бораи муќовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020 №1655. https://www.google.com/search (санаи мурољиат 15.10. 2023).
[8] Қонуни ЉТ аз 23 декабри соли 2021 №1808[8] «Дар бораи муқовимат ба терроризм». https://www.google.com/search. (санаи мурољиат 15.10. 2023).
[9] Ќонуни ЉТ аз 17 майи соли 2018, № 1515. http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=33769. (санаи ворид 14.10.2023).
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон