Қадамҳои нахустини бунёди сохтори конститутсионии Тоҷикистон
- Ҷумъа, Сен 01 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Орзӯи деринаи ҳар миллати рӯ ба инкишоф бо роҳи дастрас ва шакли мувофиқ ноил гардидан ба давлатдории хеш, яъне соҳибдавлат гаштан ва аз самти сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба расмият даровардани он мебошад. Шакли шартномавию ҳуқуқӣ-конститутсионии ба расмият даромадан ва ифодаи амали гаштани ин орзӯ, қадами аввали таҷассуми соҳибихтиёрии миллат ба ҳисоб меравад. Ин иқдом дар вазъ ва муҳити гуногун сурат мегирад. Тарзу воситаи ягонаи раванди мазкур вуҷуд надорад.
Ҳар миллат тибқи сатҳи иҷтимоӣ-сиёсии рушди худ, дар ҳайати кадом шакли сохти давлат қарор доштан, асосҳои ҳуқуқӣ-сиёсии алоқаи халқу миллати мазкур бо миллати соҳибдавлат, дар кадом минтақаи ҷуѓрофӣ ҷойгир шудани ҳудуди сукунати миллат, дар кадом ҳолати вазъи байналмиллалӣ ба вуқӯъ пайвастани кушиши миллат ба худмуайянкунӣ, дар кадом сатҳ қарор доштани муносибати қишрҳои гуногуни миллат, мавқеи нерӯҳои миллӣ-озодихоҳӣ ба ѓояи соҳибихтиёрии миллӣ, сатҳи омодагии ин нерӯҳо барои муборизаи қатъӣ барои ноил гаштан ба соҳибихтиёрӣ ва омилҳои дигар ба раванди соҳибихтиёргардӣ таъсир доранд.
Дар арафаи ҷорӣ кардани сохтори идораи шӯравӣ дар миқёси Русия ва давлатҳои атрофи он, халқи тоҷик қисман дар ҳайати вилоятҳои аз тарафи Русия забтшуда, ки дар ҳайати кишвари Туркистон идора мешуданд, ҷойгир буданд. Ҳамчунин шумораи зиёди тоҷикон дар ҳайати аморати Бухоро қарор доштанд. Дар рафти татбиқи сиёсати ба ном тақсимоти миллии ҳудудии Осиёи Миёна (соли 1924) дар натиҷаи баҳсу талошҳо дар минтақаҳои кӯҳистон, ки аз марказҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дур афтодаанд, барои тоҷикон мухторият муқаррар карда шуд. Ин минтақа ҳанӯз аз давраи истилои русҳо тибқи ҳайати этникии он ҳамчун воҳиди ҷудогонаи маъмурӣ сиёсии Бухоро, бо номи Бухорои Шарқӣ ном гирифта мешуд. Дар ин минтақа аксари кулли аҳолиро тоҷикон ташкил медоданд. Дар ин хусус ҳайати этникии вакилони Анҷумани Шуроҳои Бухорои Шарқӣ, ки 19-20 сентябри соли 1924 баргузор гардид ва дар он аксари вакилонро тоҷикон ташкил медоданд, шаҳодат медиҳад. Дар татбиқи сиёсати тақсимоти миллӣ-давлатии Осиёи Миёна, муайян кардани сарҳади давлатдории мухтории тоҷикон ба омилҳои миллатгароӣ ва нодида гирифтани манфиати ин халқ роҳ дода шуданд.
Дар хусуси беадолатии таърихии татбиқи сиёсати тақсимоти миллӣ-давлатии Осиёи Миёна нисбати тоҷикон дар адабиёт ва воситаҳои ахбор, хусусан солҳои охир бисёр мулоҳизаҳо баён мегарданд. Воқеан, манфиати миллии тоҷикон дар зери омилҳои гуногун нобаробарона ифода ёфт. Ва таҳқиқотчиёни ватании мо дар шарҳи саҳифаи таърихии соҳибихтиёр гаштанамон ва масоилҳои он, бештар ҳамин омилро асосӣ мешуморанд ва дигар ҳолатҳоро сарфи назар мекунанд, ки ба воқеият чандон созгор намебошад.
Дар ин ҷо ба чандин омилҳо, ки ба назари мо дар марҳилаи масъулиятноки соҳибдавлат гаштанамон, монеаи ҷиддӣ буданд, ба онҳо эътибори хонандаи арҷмандро ҷалб карданро муҳим мешуморем.
- Бо сабабҳои гуногуни таърихӣ халқи тоҷик дар чандин асрҳои нимаи дуюми ҳазорсолаи дуюм аз ифодаи ѓояи миллӣ дурр монда, нерӯи интелектуалӣ ва бунёдкоронаи он дар хизмати дигар халқу миллатҳои ҳоким дармонда буд. Дар ҷанини он барои озодандешӣ, худшиносоии миллӣ ва худфидоӣ барои манфиати миллӣ ҷой намонда буд. Хусусан, барои дар шакли дастаҷамъӣ ифода кардани манфиати миллӣ, сафарбар гаштан ба ҳимояи шаъну эътибори гумкардаи миллӣ фишанге намонда буд. Бо сабаби аз воқеият ва ҳодисаҳои сатҳи байналмиллалӣ дур мондан, роҳ наёёфтани ѓояҳои иҷтимоӣ-сиёсии муттаҳидкунанда, бехабар аз гардиши давр ва аз ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои дар зери асорат буда, ҳаёти мардуми тоҷик дар қолаби сохтори патриархалии асримиёнагӣ қарор ёфта буд. Бинобар ин, ягон иттиҳоди ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва тавассути онҳо роҳ кушодан барои ифодаи манфиати миллӣ ва ҳифзи он имконе набуд ва кушише ҳам зоҳир намешуд. Баъзе ҳодисаҳои нодири норизоии мардум, ки дар деҳоти тоҷикнишин дар фазои иҷтимоӣ-сиёсии аморати Бухоро рӯй медоданд, хислати маҳаллӣ пайдо карда, аз дастгирии тамоми мардум бархӯрдор набуда, ба шикаст маҳкум буданд.
- Монеаи ҷиддии аз худшиносию ифтихори миллӣ барканор мондани тоҷикон, зудбоварӣ ва фирефта шудан ба шиори ягонагии тамоми мусулмонони дунё сарфи назар аз ҳамагуна тафовути миллӣ, забонӣ, иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсӣ, инчунин вафодорӣ ба ѓояҳои «бародарии халқҳо», «бародари калонӣ», «ягонагии вайроннашавандаи халқу миллатҳо», дӯстии абадии халқҳо ва ҳоказо. Дар муҳити сиёсии зӯриву таъдӣ ва поймолгардии ҳуқуқи инсон дар Бухорои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, ки аз инкишофи ҷаҳонӣ дур афтода, реҷаи ортодоксӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро дар қолаби маҳдудият пойбанд карда буд, албатта ҳеҷ гуна ѓояи неки қуръонии «мусулмон бародари мусулмон» таъсири мусбӣ надошт. Кушиши баъзе ходимони давлатӣ, ҷамъиятӣ, илму фарҳанг барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ-сиёсии аморат, беҳбудии ҳаёти мардум бадбинона қабул гашта, равшанфикрон таъқиб карда мешуданд. Аз ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нишоне набуд.
- Бо сабаби дар шаҳрҳо маҳдуд гаштани амали марказҳои илму фарҳанг ва бесаводии аксари мардуми деҳот, дар аморати Бухоро қишри равшанфикрони тоҷик камшумору бештар манфиати ҳукуматдорон ва аҷнабиёнро ифода мекарданд, ҳифзи адлу адолат ва ҳуқуқи бенавоён ба камтарини онҳо муяссар мегардид. Аҳъён-аҳъён олимону равшанфикрони тоҷик фикру андешаҳои худро аксар вақт пинҳонӣ ё ба тариқи рамзӣ ифода мекарданд ва то доираи васеи омма рафта намерасиданд. Ба хонандаи имрӯза асарҳои олим, муттафакир, равшанфикр ва сиёсатмадори асри Х1Х Аҳмади Дониш дастрас шудааст ва аз фикру андеша ва мулоҳизаҳои ӯ оид ба беҳтар гардонидани тарзи идоракунии аморат маълумот доранд. Гарчи ин андешаю таклифҳо хеле бо тамкин ва мулоҳиза баён меёфтанд, бо вуҷуди ин ҷасорати ӯ амир ва ҳукуматдорони ӯро ба ҳарос андохта, аз сиёсат дур карданашро зарур медонистанд. Ва воқеан дар айни камолоти таҷрибаи иштирок дар муоширати хориҷии аморати Бухоро, таклифҳои ӯ дар бораи ислоҳоти тарзи идораи баъзе соҳаҳои аморат бе ҷавоб монда, худи ӯро аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ маҳрум намуданд. Равшанфикрони дар муҳити аморати Бухоро кору фаъолият ва эъҷодкорони тоҷик аксаран то ҳадди андешаҳои озодии миллӣ ва ифодаи майли соҳибихтиёрии он нарасида буданд. Сарфи назар аз ин омилҳо, аксари олимони муосири мо дар тартиби идоракунӣ, ҳуҷҷатгузорию коргузории дарбори амир ва мақомоти маҳаллӣ саҳм доштани тоҷикон андеша меронанд. Воқеан, чунин омил ҷой дошт, аммо онро то ҳадди дар идоракунии аморат мавқеи мустақил доштани тоҷикон расонидан хаёлпарастӣ аст. Бухоро аз тарафи туркон идора шуда, иродаю манфиати онҳоро ифода мекард.
- Омили дигаре, ки иттиҳод ва ваҳдати миллии тоҷиконро халалдор месохт, ин ноаҳлӣ ва бетафовутӣ нисбати тақдири ҳамдигар, ҳисси бадбинӣ ва рақобати гумроҳона буд. Тоҷиконро бо якдигар ситезонидан, манфиати маҳаллу авлодро аз арзишҳои миллӣ боло гузоштан, ба аҷнабиён итоати бечуну чаро ва мутеъ гардидан ба қоидаи ахлоқии мо мубаддал гашта буд. Бо таасуф имрӯз ҳам аз офати маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ пурра халос нагаштаем.
Бо назардошти ин омилҳо сиёсати давлатии пеш гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пойдор гардонидани сулҳу ваҳдат, устувор гардонидани иттиҳоду якдилӣ ва сафарбар гаштан ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳадафи ниҳоии ҷомеа ва давлат қарор дода шудааст. Дар ҳамин замина ва кушишҳои бесобиқаи Сарвари давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рафт устувор ва нашунамо меёбад.
Оѓози раванди гузариши Тоҷикистон ба сохтори конститутсионӣ ба маҷрои ҳамроҳ кардани мулкҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ба Русияи подшоҳӣ ва таъсиси кишвари Туркистон дар ҳайати он алоқаманд аст. Ба ҳайати ин кишвар вилоят ва ноҳияҳои тоҷикнишини Самарқанд, Фарѓона, Бадахшон ва шаҳрҳои Хуҷанд, Истарафшон, Конибодом, Исфара, Панҷакент ҳамроҳ карда шуданд. Бо ин сабаб дар ин мулкҳо амали қонунҳои Русия, тартиби идоракунӣ ва сохтори маъмурӣ-ҳудудии он ҷорӣ карда шуданд. Баъди ѓалабаи инқилоби октярии соли 1917 дар Русия, дар кишвари Туркистон амали қонунҳои инқилобӣ ва Конститутсияи ҶШФС Русия (РСФСР) соли 1918 татбиқ гаштанд.
Қайд кардан лозим аст, ки тибқи ҳамин омил қадамҳои нахустинӣ ошноӣ ба ѓояи конститутсия ва риояи қонунҳои инқилобӣ дар мулкҳои номбаршудаи тоҷикнишин оѓоз ёфтааст. Марҳилаи дуюми ошноӣ бо қонунҳои конститутсионӣ бо сарнагун шудани сохтори аморати Бухоро (соли 1920) ва дар Бухорои Шарқӣ ҷорӣ кардани Ҳокимияти шӯравӣ робита дорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Халқии Бухоро дар асоси қонунҳои ҶШФС Русия қабул гардида, ба таври расмӣ ҳамаи фуқарои аморати Бухороро шаҳрванд эълон кард ва ба ин муносибат ҳуқуқу вазифаҳои онҳо муқаррар карда шуд. Дар конститутсияҳои ҶХШБ (аз 23 сентябри соли 1921) ва ҶШСБ (1924) тарзи идораи воҳидҳои марзию маъмурӣ, низоми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тартиби таъсис ва фаъолияти онҳо ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон муайян карда шуданд. Дар фазои ҷуѓрофии паҳн шудани ҳокимияти шӯравӣ давлатҳои ҷойгиршуда бо якдигар дар заминаи шартномаҳои байниҳамдигарӣ робита доштанд. Ҷумҳуриҳои халқии Бухоро ва Хива (минбаъд Ҷумҳурии Хоразм) дар ҳамин заминаҳо низоми қонунгузориро ба роҳ монда низоми ҳукуқиро ҷорӣ ва рамзҳои давлатии худро муайян карданд.
Қадамҳои минбаъдаи халқи тоҷик дар раванди гузариш ба сохтори конститутсионӣ бо амали намудани сиёсати миллии ҳокимияти шӯравӣ ва гузаронидани тақсимоти миллӣ давлатии Осиёи Миёна алоқаманд аст. Давлати федеративии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар ҳайати ҶШФС Русия, Ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия ва Ҷумҳурии Федеративии Кавказ (Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон) таъсис ёфт. Давлатҳои Бухоро ва Хоразм тавассути ҶШФС Русия ба ҳайати ИҶШС дохил шуданд. Яъне вазъи ҳуқуқии ҳардуи ин давлатҳо ба вазъи ҶШФС Русия дар ҳайати ИҶШС вобаста гардид. Бо гузаронидани тақсимоти миллӣ давлатӣ дар Осиёи Миёна ду ҷумҳуриҳои иттифоқӣ - ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Туркманистон, ду ҷумҳуриҳои мухторӣ – ҶМШС Тоҷикистон ва ҶМШС Қирѓизистон ташкил ёфтанд. ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда шуд ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил буд. Вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухторӣ дар Шартномаи ташкилёбии ИҶШС (соли 1922) ва Конститутсияи ИҶШС соли 1924 танзим карда шуд.
Дар ҷараёни тақсимоти миллӣ-давлатӣ дар Осиёи Миёна баъзе масъалаҳои ҳассос ба монанди муайян кардани сарҳадҳои хушкӣ ва обии ҷойгиршавии давлатҳои нав, қароргоҳи пойтахти онҳо ва ѓайраҳо мувофиқи сиёсати ҳизбӣ-давлатии шӯравии сотсиалистӣ ба таври омирона ҳал карда шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳим муайян кардани номи давлатҳои нав дар Осиёи Миёна буд. Дар таърихи давлатҳои теократии ин кишварҳо ва таҷрибаи сохтмони давлатӣ, ҳайати воқеии этникии аҳолӣ ба эътибор гирифта намешуд ва ё бартарии халқҳои туркзабон бебаҳс дониста мешуд. Акнун дар давраи нави воқеияти таърихӣ бояд субъектони давлати иттифоқии шуравӣ бо номҳои хоси худ ба иттифоқ дохил мешуданд. Тибқи ин омилҳо комиссияҳои дахлдори шӯравӣ ба мувофиқа омаданд, ки аз рӯи таъсиру нуфузи миллат ва халқҳои ин кишвар онҳоро ба ҷумҳуриҳои шуравии сотсиалистии Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ҷудо кунанд. Дар хусуси бо кадом ном ташкил кардани давлати нави қазоқҳо ва қирѓизҳо баҳсҳои бардавом идома ёфта, бо сабаби душвории муайян кардани сарҳадҳои ҷойгиршавии онҳо даставвал комиссия ба хулоса омад, ки ҷумҳурии мухтории шуравии сотсиалистии Қирѓизистон таъсис дода шавад. Бо гузашти чандин сол дар ин минтақа ду ҷумҳурӣ: Қазоқистон ва Қирѓизистон дар ҳайати ИҶШС ташкил карда шуданд. Бо ҳамаи нуқсу камбудиҳо, дар ҳамон давра масъалаи давлатдории халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати ИҶШС дар ҳамон тарҳе, ки муайян карда шуд, ҳал гардиданд.
Рушди минбаъдаи ҳуқуқӣ-конститутсионии давлатдории халқи тоҷик дар заминаи бунёд кардани асосҳои таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба роҳ мондани қонунгузории миллии сотсиалистӣ идома ёфт. Дар миқёси Тоҷикистон дар давоми ду сол кори гузариш ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама ташкили мақомоти маҳаллӣ ва олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва бо ин мақсад дар асоси низоми интихоботи шуравии сотсиалистӣ ташкил ва баргузор кардани интихоботи Шуроҳои маҳаллии вакилон соли 1926 асосан ба анҷом расид. Анҷумани таъсискунандаи Шуроҳои Тоҷикистон моҳи декабри соли 1926 баргузор гардид ва мувофиқи қарорҳои он: Кумитаи Иҷроияии Марказии Тоҷикистон (КИМ-и Тоҷикистон), Раёсати КИМ-и Тоҷикистон, Шурои Комиссарони халқи Тоҷикистон (ШКХ-и Тоҷикистон) ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ карданд. Санадҳои Анҷуманҳо ва мақомоти онҳо таъсисдода, дар он давра дар шакли Эъломияҳо, Қарорҳо, қарордодҳо қабул карда мешуданд. Қабули қонунҳо ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳанӯз расм нагардида буд.
Анҷумани якуми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон дар қатори ҳалли дигар масъалаҳо оид ба таҳияи лоиҳаи конститутсияи якуми Тоҷикистон ба Раёсати КИМ ва Шурои Комиссарони Халқ супориш дод, ки лоиҳаи конститутсияи ҷумҳуриро то даъвати Анҷумани дуюми Шуроҳои Тоҷикистон таҳия намуда ба муҳокимаи он пешниҳод намоянд. Лоиҳаи Конститутсияи якуми ҶМШС Тоҷикистон ба қабули Анҷумани дуюми Шуроҳои ҷумҳурӣ, ки моҳи апрели соли 1929 баргузор гардид, пешниҳод карда шуд. Бо қабули он масъалаҳои ба расмияти ҳуқуқӣ даровардани таъсиси давлатдории халқи тоҷик асосан ҳал шуда, асосҳои сохтори конститутсионии ҶМШС Тоҷикистон муайян карда шуданд. Мувофиқи Конститутсияи мазкур чунин хусусиятҳои ҳуқуқӣ-сиёсии давлатдории миллии тоҷик равшанӣ пайдо карданд.
- Давлати тоҷикон расман номи Тоҷикистонро гирифт;
- Шакли идораи он Ҷумҳурӣ муайян гардид;
- Шакли сохтори давлатии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мухтории шӯравии сотсиалистӣ муқаррар шуд;
- Пойтахти ҶМШС Тоҷикистон шаҳри Душанбе тасдиқ шуд;
- Моҳияти ҶМШС Тоҷикистон давлати диктатураи пролетариат муайян гардид;
- Низоми нави мақомоти давлатии ба давраи гузариш аз сохтори феодалӣ ба сохти сотсиалистӣ хос ташкил карда шуд;
- Мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар шаклҳои Анҷумани Шӯроҳо, КИМ-и Шуроҳо, Раёсати КИМ бо салоҳияти хоси онҳо ташкил ёфт;
- Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон – Шӯрои Комиссарони халқ ташкил карда шуд;
- ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфта, тавассути он дар ҳайати ИҶШС бо вазъи ҷумҳурии мухторӣ қарор гирифт;
- Ҳуқуқҳои мухтории ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС аз инҳо иборат буд: намояндаги худро дар ҳайати мақомоти олии доштан, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар КИМ-и ИҶШС, ҳуқуқи аз ҳайати як ҷумҳурии иттифоқӣ ихтиёрона баромадан ва дохил шудан ба ҳайати ҷумҳурии иттифоқии дигар дар ҳайати ИҶШС ва ѓайра.
Ҳамаи ин ҳолатҳо дар Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929 муайян шуданд. Дар он ваколатҳои дар конститутсияҳои ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 ва ИҶШС соли 1924 - ҳуқуқҳои ба ҷумҳуриҳои мухторӣ муайян карда шуда, инъикос карда шуданд.
Дар тараққиёти босуръати ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҶМШС Тоҷикистон, дар соли 1929 ба ҳайати он ҳамроҳ шудани округи маъмурии дар сатҳи баланди рушд қарордоштаи Хуҷанд вазъи Тоҷикистонро дар ҳамаи самтҳои ҳаёту фаъолият таѓйир дод. Дар ҳамин замина баҳору тобистони соли 1929 масъалаи ташкили ҷумҳурии иттифоқии шуравии сотсиалистӣ дар ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, оммаҳои васеи меҳнаткашон муҳокима ва маъқул дониста шуда, дар назди мақомоти олии ваколатдори ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС масъала дар бораи вазъи Тоҷикистонро аз мухторӣ ба иттифоқӣ табдил додан гузошта шуд. Ба ҳамин муносибат масъалаи Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро ба тасдиқи мақомоти олии ҶШС Ӯзбекистон пешниҳод кардан мавқуф гузошта шуд. Бо ба тарзи мусбӣ ҳал гардидани масъалаи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС масъалаи аз самти ҳуқуқии конститутсионӣ ба расмият даровардан ва амали Конститутсияи соли 1929 аз байн бардошта шуд.
Иқдоми хотимавии ба расмият даровардани сохтори давлатии Тоҷикистон қарорҳои КИМ-и Шуроҳои ИҶШС, КИМИ Шуроҳои Ӯзбекистон, Анҷумани сеюм ва чоруми Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи аз ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Раванди мазкур бо қабули Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 ба анҷом расид. Рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳамчун субъекти давлати иттифоқии шуравии сотсиалистӣ дар заминаи фаъолияти мақомоти давлатии он ва ба сайю кушиши халқи ҷумҳурӣ вобаста гардид.
Баробари ин қайд кардан лозим аст, ки давраҳои рушди минбаъдаи сохтори конститутсионии Тоҷикистон ба таърихи инкишофи тамоми ҷумҳуриҳоии иттифокии шӯравии сотсиалистӣ яксон гашта, мувофиқи даврабандии рушди сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии шӯравии сотсиалистӣ ду марҳиларо аз сар гузаронид. Давраи ѓалабаи сотсиализмро тавассути Конститутсияи ИҶШС соли 1936, Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937, давраи сотсиализми муттарақиро тавассути Конститутсияи ИҶШС соли 1977, Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 ба расмият дароварда шуд. Ва онҳо конститутсияҳои охирини давлатҳои шӯравии сотсиалистӣ буданд.
Асосҳои нави сохтори конститутсионии Тоҷикистон ба давраи пошхӯрии давлати шӯравӣ, соҳибихтиёр гардидани давлати миллии Ҷумҳурии Точикистон ва қабули Конститутсияи соли 1994 рост меояд.
А. Имомов
сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ, н.и.ҳ., профессор
сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ, н.и.ҳ., профессор
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон