casino malaysia
casino malaysia
Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ

wrapper

  Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Баъд аз ин санаи муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ҳамчун давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи баромад намудан дар арсаи ҷаҳонӣ ва имконияти шомил гардидан ба ташкилотҳо ва созмонҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайдо намояд ва бевосита манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварро ҳимоя намояд.
  Аз нигоҳи назариявӣ ду нишонаи асосии давлати соҳибихтиёр муайян гардидааст, ки он тамомияти арзию ҳудудӣ ва истиқлоли давлатӣ мебошад. Яъне он давлат соҳибихтиёр пазируфта мешавад, ки ҷавобгӯи ҳамин ду меъёр бошад, ки хушбахтона кишвари мо ба он ноил гардидааст. Ҳамин тариқ, истиқлоли давлатии Тоҷикистон — ин рамзи барҷастаи пойдории давлат, дастоварди муқаддас ва бузургтарини таърихи муосири Тоҷикистон буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат шароит фароҳам овард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷойи худро пайдо намояд.
  Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар пешбурди сиёсати дохилии кишвар ва баҳри тақвияти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги ниёгони тоҷик дар ин муддат бузургдошт ва ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 90-солагии академик Б.Ғафуров, Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо дигар ҷашн таҷлил гардиданд. Ин ҷашнҳо аз як тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки ниёгони онҳо чунин таърихи воло ва фарзандони барӯманд доранд ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи худшиносии миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои замони муосир мебошад.
  Бояд зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри эҳёи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғ. корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд.
  Дар ин ҷо чанд нуқтаро оид ба ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ метавон зикр намуд, ки иборат аст:
  1. Эҳтироми хосса зоҳир намудан ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллат, чунки забон яке аз сарчашмаҳои худшиносии миллист. Ҳамзамон, тақвияти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми қаламвари кишвар ва таваҷҷуҳи хосса ба он зоҳир намудан, чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
  2. Ба роҳ мондани чопи асарҳои безаволи фарзонафарзандон ва мутафаккирони халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки он беҳтарин василаест барои маърифатнокӣ ва худшиносии миллии насли муосир.
  3. Муаррифии таърихи халқи тоҷик, ки он рукни муҳимми худшиносии миллӣ мебошад. Ин иқдоми наҷиб бевосита аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд. Дар таҳрири нав бознашр намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар як оила ройгон тақсим намудани он иқдоми беҳтарин баҳри таҳкими худшиносии миллӣ аст.
  4. Эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ ва таҷлил кардани онҳо дар асоси санадҳои таърихӣ ба монанди ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз. Ин иқдоми бузург барои тақвияти худшиносии миллӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ муосидат менамояд.
  5. Тарғиби идеяҳои ободкорӣ, шаҳрсозӣ, боғпарварӣ, кабудизоркунӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки аз беҳтарин хислатҳои мардуми ориёитабор дар дарозои таърих будааст, ки имрӯз эҳё гардидааст. Маҳз дар фазои соҳибистиқлолӣ миллати созандаву ободкор метавонад корхонаҳо ва шаҳрҳои нав бунёд кунад ва нерӯгоҳҳое ба монанди НБО «Роғун» бунёд намояд, ки имрӯзу ояндаи кишварро нуронӣ намояд.
  6. Роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва маърифатнокии ҷомеа равона гардидааст. Албатта тарғиби илму дониш аз фазилатҳои халқи бузурги тоҷик аст, ки фарзонагонаш дар даврони таърих шоҳасарҳои безаволро оид ба илму адаб ба ҷаҳониён боқӣ гузоштаанд.
  Ҳамин тариқ, истиқлоли давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем ва ҳисси худшиносии миллиро тақвият диҳем. Маҳз дар замони муосир насли бомаърифат, босавод, бофарҳангу дониш ва худшиносу худогоҳ метавонад дар набардҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намуда, баҳри пойдории Ватан ва бақои миллат мубориза барад.
 
Нусратулло Зокирзода
номзади илмҳои фалсафа, ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia