Моҳияти илм, ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши онҳо дар рушди шахс ва ҷомеа (роҳнамо барои муҳаққиқони ҷавон)
- Панҷшанбе, Июн 15 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Дар баробари маърифати рӯзмарраи муқаррарӣ, мифологӣ, динӣ ва образию тахайюлӣ (адабиёт ва санъат) ба инсон маърифати илмӣ ё тафаккури илмӣ низ хос аст. Асоси маърифати илмиро, чунонки аз номи он бармеояд, илм ҳамчун шакли олии ба таври назариявӣ асоснокшудаи маърифати воқеият ташкил медиҳад. Илм чунин навъи фаъолияти маърифатӣ аст, ки барои таҳия ва муназзам гардонидани донишҳои айнӣ, объективӣ дар бораи воқеият аз ҷиҳати назариявӣ хизмат мекунад.
Моҳияти илмро ҳамчун навъи олии маърифати воқеият мафҳумҳо, қонунҳо, назария ва фарзияҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Ҷиҳати фарқкунандаи илм аз дигар шаклҳои маърифат дар он зуҳур мекунад, ки он тамоми хулосаҳои худро бо далелу фактҳо асоснок намуда, тахайюл ва хурофотро эътироф намекунад. Илм ба далелу фактҳои воқеӣ такя карда, дар асоси онҳо хулосаи дахлдор мебарорад. Чунонки маълум аст, илми муосир эътироф менамояд, ки он чӣ, ки ҳамчун эътиқод қабул мешавад, вуҷуд надорад,аз ин рӯ бояд мавриди таваҷуҷуҳ қарор нагирад. Ин маънӣ принсипиалӣ буда, дар ҳама илмҳо эътибор дорад, яъне тасдиқоте, ки ба таври назариявӣ исбот нагардидаанд ё ба таври таҷрибавӣ асоснок нашудаанд, бояд дар илм мавриди таваҷҷуҳ қарор нагиранд.
Зарур ба таъкид аст, ки маърифат ё тафаккури инсоният се навъ дорад, ки ҳаргиз бо ҳамдигар омехта намудани онҳо имкон надорад: 1) тафаккури илмӣ ё мантиқию ақлонӣ; 2) тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ, ки бештар ба адабиёти бадеӣ ва тамоми намудҳои санъат хос аст; 3) тафаккури динӣ ва ирфонӣ. Бо ҳамин сабаб илм аз навъҳои дигари тафаккур ва маърифат, аз ҷумла аз маърифати муқараррӣ бо чунин аломатҳо тафовут дорад: 1) бо объекти маърифат; 2) бо забон ва воситаҳои таҳқиқ; 3) бо муназзамӣ (системавӣ) ва асоснок будан; 4) бо методҳои маърифат.
Илмро ҳамчун таҳқиқи муназзам, системаноки воқеияти моро иҳотакунанда ҳисобидан мумкин аст, ки ҳадафи он фаҳмиш ва фаҳмонидани воқеият мебошад. Аз ҷониби дигар, илм ҳам раванди омӯзиши олам ва ҳам натиҷаи ин раванд маҳсуб аст. Натиҷаҳои илм дар шакли мафҳум, қонун, назария ва фарзияҳои илмӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Илм объект, предмет ва субъекти худро дорад. Ба ҳайси объекти илм он соҳаи воқеият шинохта шудааст, ки илм онро таҳқиқ мекунад. Предмет ба илмҳои алоҳида хос буда, усули таҳқиқи объектро аз нуқтаи назари ягон илми мушаххас ва он ҷанбаҳои воқеиятро, ки ин илми мушаххас онҳоро ҷудо карда, меомӯзад, фаро мегирад. Ба сифати субъекти илм муҳаққиқони алоҳида, ҷомеа ё ҷамъияти илмӣ, коллективи илмӣ, муассисаи илмӣ ва ҷомеа дар маҷмуъ баромад мекунанд. Субъекти илм бояд барои фаъолияти илмӣ омодагии қаблӣ дошта бошад, аз дастовардҳои илм дар гузашта, дар замони муосир ва дурномаи рушди он иттилоии зарурӣ дошта бошад, методология, метод ва усулу воситаҳои таҳқиқоти илмиро донад ва дар амалия татбиқ карда тавонад. Ба ибораи дигар, субъекти илм бояд соҳиби салоҳиятҳои илмӣ бошад, яъне фаъолияти илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо нишон додани донишҳои заминавии умумиилмӣ, фаҳмиши далелҳои асосӣ, консепсияҳо, принсипҳои назариявии бо илм алоқамандбуда гузаронида тавонад. Инчунин, муҳаққиқ бояд қобилияти бадастоварии донишҳои нави илмӣ ва касбӣ тавассути истифодабарии технологияи муосири иттилоотиро дошта бошад, қобилияти фаҳмиш ва истифода бурдани дастгоҳи муосири илмро дар фаъолияти таҳқиқотӣ ва амалӣ соҳиб бошад, қобилияти дар ҳайати илмӣ-таҳқиқотӣ ва коллективи истеҳсолӣ ҳал намудани масъалаҳои ба фаъолияти касбӣ дахлдоштаро дошта, хулосабарории интиқодӣ аз таҷрибаи бадастоварда, тағйирдиҳии намуд ва характери фаъолияти касбии худро дар зарурат анҷом диҳад ва ғайра.
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки маърифати илмӣ ду дараҷа дорад - таҷрибавӣ ва назариявӣ, онҳо агарчӣ аз ҳамдигар тафовут доранд, вале бо ҳам дар алоқамандии қавӣ қарор доранд. Аз ҷониби дигар, илм ҳамчун соҳаи истеҳсоли дониш ва системаи донишҳо шинохта шудааст. Бо ҳамин сабаб ҳамчун соҳаҳои дигари истеҳсолот илм ҳам идоракунии босамарро тақозо мекунад.
Дар бораи моҳияти илм сухан ронда, бояд дар бораи махсусиятҳои илм дар замони муосир иттилои комил дошта бошем. Чунонки маълум аст, яке аз хосиятҳои илми муосир тамоюл ба ягонагии дониши илмӣ мебошад. Ин амал дар рушди таҳқиқоти байнифаннӣ, интегратсияи донишҳо, истифодаи ақида ва идеяҳои як илм ва самти илмӣ дар илми мушаххас ва самтҳои дигар ва амсоли он ифода меёбад.
Вобаста ба махсусиятҳои дар боло зикршуда, аз хусусиятҳои илми муосир дар чунин самтҳо сухан мекунанд:
1) системанок будан. Дар шароити кунунӣ тамоми ашё, зуҳурот ва ҳодисаҳои табиию иҷтимоӣ ҳамчун система, ки аз унсурҳои зиёд ва гуногунхосият таркиб ёфтааст, таҳқиқ карда мешаванд;
2) дар баробари диалектика дар илм аз синергетика ҳамчун методология ва методи таҳқиқи илмӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Синергетика (аз калимаҳои юнонии «фаъолият» ва «якҷоя») - равияи байнифаннӣ дар илм буда, қонуниятҳои умумии зуҳурот ва равандҳоро дар системаҳои бо ҳам нобаробари физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дар асоси принсипҳои ба онҳо хосбудаи худташаккулёбӣ ва дур аз баробарии термодинамикӣ меомӯзад;
3) дар омӯзиши олам ва афлок коэволютсияи табиат, материяи зинда ва материяи иҷтимоӣ ё инкишофи аз ҳамдигар вобастаи онҳо фаҳмиши нави худро пайдо мекунад;
4) меъёри муҳимтарини кашфиёти илмӣ таносуби он бо арзиш ва идеалҳои умумиинсонӣ, ташхиси амиқу дақиқи лоиҳаҳои илмӣ аз нуқтаи назари экологӣ, ахлоқӣ ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳисоб карда мешавад ва ғайра.
Ба ҳамин тариқ, илм соҳаи хеле ҷиддии фаъолияти инсонӣ буда, муносибати ҷиддӣ ва тулонию ботаҳаммулро барои расидан ба натиҷаҳои мусбат талаб мекунад. Дар баробари ин, бояд ба назар гирифт, ки фаъолияти илмӣ як навъи фаъолияти эҷодӣ буда, сарсупурдагӣ ва муносибати навоваронаро тақозо дорад. Беҳуда нест, ки адиби машҳури фаронсавӣ О. Балзак (1799-1850) олимонро инсонҳои орзупарвар донистааст. Физики машҳур И. Жолио-Кюри (1900-1958) бошад, муҳаббат ба илмро як шарти муҳими муваффақият шумурдааст. Ба ҳамин монанд, физики бузург А. Эйнштейн (1879-1955) пайваста таъкид менамуд, ки дар тафаккури илмӣ “ҳамеша унсурҳои шеърият ҳузур доранд. Илми ҳақиқӣ ва мусиқии ҳақиқӣ раванди якхелаи тафаккурро талаб мекунанд”. Ба ибораи шоири машҳури тоҷик Носири Хусрав (1004-1088) “Тан ба ҷон зиндасту ҷон ба илм”. Аз ин рӯ, мо бояд илмро ҳамчун омили муҳимтарини бақои ҳаёти инсонӣ дониста, ба рушди тамоми паҳлӯҳои он ва самараноктар сохтани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, таваҷҷуҳи хосса дошта бошем.
Аз замони пайдоиши худ илм дар рушди ҷомеаи инсонӣ саҳми назаррасе доштааст. Вобаста ба ин нақши илм таърихи онро ба чунин марҳилаҳо ҷудо мекунанд:
- аз ҳазорсолаи I то мелод - то асри XVI, ки давраи тоилмӣ номгузорӣ шудааст. Дар ин марҳила тамоми илмҳо дар дохили фалсафа ва ё натурфалсафа бо ҳам муттаҳид буданд;
- асрҳои XVI-XVII, ки давраи инқилоби илмӣ номгузорӣ шудааст. Дар ин давра бо таҳқиқоти Н. Коперник (1473-1543) ва Г. Галилей (1564-1642,) асосу бунёди табиатшиносии муосир гузошта шуданд;
- асрҳои XVIII-XIX (давраи классикӣ). Дар ин марҳила илмҳои алоҳида пайдо шуда, назарияҳои бунёдии математика, физика, химия, геология, биология, психология ва илмҳои дигар ба вуҷуд омаданд;
- асри XX (давраи ғайриклассикӣ). Дар ин давра назарияҳои ғайриклассикӣ чун назарияи нисбият, ақидаҳои нав дар механика ва физикаи квантӣ рушд ёфта, бунёди илмҳои классикӣ аз нав дида баромада шуд;
- нимаи дуюми асри ХХ-ибтидои асри ХХI (давраи постғайриклассикӣ). Дар ин давра илм бо амалия сахт алоқамандӣ пайдо карда, инсоният на танҳо тавоноии илм, балки хатари онро низ дарк намуд.
Пайдоиши илм дар ҷомеа дар давраҳои зикршуда бо фаъолияти олимони алоҳида ва бо пайдоишии муассисаҳои илмӣ сахт иртибот дорад. Дар таърихи фарҳанги инсоният даставвал илми донишгоҳӣ рушд намуда, баъдан ҷомеаҳои илмӣ, чун Ҷамъияти шоҳии Лондон (1660), Академияи илмҳои Париж (1666), академияҳои Берлин (1700), Санкт-Петербург (1724) ва ғайра пайдо шуданд.
Бо рушди илм ва ҷамъиятҳои илмӣ масъалаи муносибати он бо дин, ахлоқ ва сиёсат хеле тезутунд гардид. Аз ин рӯ, баъзе принсипҳои нави муносибати байниҳамдигарии онҳо коркард шуданд, ки яке аз онҳо бо номи нейтрализм дар Оинномаи Ҷамъияти шоҳии Лондон дарҷ гардида, тибқи он илм бояд ба ин се соҳаи дар боло зикршуда дахолат накунад. Вале чунонки маълум аст, баҳогузории илмӣ ба шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ҳамеша яке аз роҳҳои асосии рушди ҷомеа будааст.
Нақши илм дар рушди ҷомеа аз иҷрои вазифаҳои он иборат аст, ки аз чунин унсурҳо таркиб ёфтаанд:
- вазифаи маърифатӣ – илм ягона роҳи воқеию объективии фаҳмиши табиат, ҷамъият ва инсон буда, барои дарки ақлонию назариявии олам, кушодани қонунҳо ва қонуниятҳои он равона шудааст;
- ташаккули ҷаҳонбинӣ – таҳияи манзараи аз ҷиҳати назариявӣ асосноки олам ва муносибати ақлонӣ ба он;
- вазифаи истеҳсолӣ-технологӣ – аз ҷиҳати ақлонӣ таҳким бахшидани истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ, таъмини рушди техникию технологӣ ва татбиқи навгониҳо;
- вазифаи идоракунӣ ва танзим – таҳияи асосҳои назариявӣ ва методологии идоракунӣ ва танзими зуҳурот ва равандҳои иҷтимоӣ;
- вазифаи фарҳангӣ ва тарбиявӣ – таълиму тарбияи инсон дар асоси дастовардҳои илмӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият ба роҳ монда мешавад;
- интиқол ва бамеросгузории ғояҳо – ҷамоварӣ, системанок сохтан ва ба наслҳои оянда интиқол додани дониши илмии донишмандони алоҳида, коллективҳои илмӣ ва наслҳои олимон ва ғайра.
Бо мақсади он, ки нақши илмро дар рушди ҷомеа ба таври айёнӣ нишон диҳем, чанд мисоле меоварем. Дастовардҳои илмӣ дар соҳаи тиб ва гигиена, кашфи антибиотикҳо дар садсолаҳои охир барои 30-40 сол дароз гаштани умри инсон мусоидат намуданд. Кашфи барқ, ки аз ҷониби олими англис Майкл Фарадей (1791-1867) тавассути генератори барқӣ сурат гирифт, дар ибтидо ҳамчун бозичаи шавқоваре шинохта мешуд, вале имрӯз ҳаёти инсонро бе истифодаи барқ тасаввур кардан душвор аст. Ё худ, эҷоди муҳаррикҳои бӯғӣ, карбюраторӣ, дизелӣ, реактивӣ, ки бо номи олимони машҳур алоқаманданд, нақши илмро барои инсоният амалан нишон медиҳанд.
Рушди ҷомеа ибтидо аз асри ХУП таҳти таъсири назарраси илм қарор дошт, вале кашфиётҳои бузургтарини олимон дар ду садаи охир ҳаёти инсонро тамоман дигаргун сохтанд. Имрӯз бошад, рушди соҳаҳои информатика ва зеҳни сунъӣ, генетика, экология, энергетика, тиб (махсусан, омӯзиши майнаи сари инсон), маводшиносӣ ва ғайра метавонад инсониятро ба қуллаҳои нави дониш ва таҳаввулоти бесобиқаи ҷомеа баранд.
Дар баробари ин, бояд дар назар дошт, ки баъзан рушди илм ба пайдоиши мушкилот низ сабабгор мегардад. Аз ҷумла, дар солҳои охир ин мушкилот дар соҳаи экология ва ахлоқ ё муоширати одамон бо сабаби рушди информатика хеле зиёд гардидаанд. Барои ҳалли мушкилоти экологии сайёра имрӯз тамоми давлатҳо, ҷомеаи инсонӣ дар якҷоягӣ бо олимон мубориза бурда истодаанд. Аз мушкилоти ахлоқӣ бошад, чунин мисолҳоро хотиррасон месозем: зарурат надоштани ба хотир гирифтани далелҳои зиёд бо сабаби дастрасии онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ); бо ҳамдигар бевосита муошират накардани одамон, балки тавассути техника; кам шудани меҳнати ҷисмонӣ, ки онро аксаран техника иҷро мекунад; ба таври куллӣ тағйир ёфтани моҳияти инсон, хусусан аз ҷиҳати ахлоқӣ ва муошират ва ғайра. Албатта, ин масъалаҳои гузошта баҳсноканд, вале дар ҳар сурат, нишон медиҳанд, ки рушди илм метавонад ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ низ расонад.
Ба ҳамин тариқ, илм ҳамчун яке аз самтҳои фаъолияти эҷодии инсон вазифаи коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои обективӣ оид ба воқеиятро иҷро намуда, онро ҳамчун тарзи махсуси дарёфти донишҳо низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунанда оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ буда, на танҳо ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки ба сифати нишондиҳандаи асосии фарҳанг ва кафолати рушди бемайлони он низ баромад мекунад.
Ба ибораи дигар, илм имрӯз дар тамоми кишварҳои олам мавқеи беш аз пеш болотарро пайдо карда, бе рушди он пешрафти миллату давлатҳои муосирро тасаввур кардан хеле душвор аст. Аз ҷониби дигар, мақом ва моҳияти илм низ дар даврони муосир дар қиёс бо замонҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфта, хусусиятҳои дигарро касб кардааст. Дар ин росто ҷоизи зикри хос аст, ки қарни гузашта ва даврони мо дар таърихи илми ҷаҳонӣ марҳалаи табаддулоту таҳаввулоти куллӣ буда, ба тағйирот дар он вусъати тоза бахшиданд. Имрӯз манзараи илмии олам ва парадигмаҳои илмӣ дар тамоми соҳаҳо дар тафовут аз қарнҳои пешин зудтар тағйир ёфта, ҷаҳони зудтағйирёбанда ба илм низ ҳамин хосиятро бахшидааст. Аз ин рӯ, дастгоҳи категориявии фаҳмиши ашёву зуҳурот дар илмҳо ба куллӣ бозсозӣ гардида, фаҳмишҳои анъанавӣ метавонанд дигар ба марҳалаи кунунии рушди илму техника созгор набошанд. Дар ин замина идеалҳои илмӣ низ тағйир пазируфта, онҳо бештар ба шароити иҷтимоию фарҳангӣ вобастагӣ пайдо кардаанд.
Дар баробари ин, дар илми муосир таҳқиқоти байнифаннӣ тавсеа ёфта, ҳамгирошавӣ ва ё баръакс, таҷзияи илмҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тамоми равандҳои зикршуда, инчунин истифодаи ҳамагонии технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми соҳаи илм ва дигаргуниҳои дигари илмӣ имрӯз масъалаи нақши илмро дар ҳаёти инсон ва нақши инсонро дар рушди илм хеле мубрам гардонида, онро ба мушкилоти ҳаёту мамоти инсоният ва бақои тамаддуни инсонӣ дар рӯи замин мубаддал сохтаанд. Бо ҳамин сабабҳо, дар даврони муосир тамоми мавзуъҳои ба илм дахлдошта ва ё аз он вобастабуда таваҷҷуҳи хоссаро аз ҷониби давлат, ҷомеаҳои илмӣ ва тамоми аъзои ҷамъият тақозо мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолияти давлатӣ илм ҷойгоҳи хоссаи худро касб намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Пешвои муаззами миллат дар суханронияшон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санаи 1 сентябри соли 2022 иброз намудаанд: “Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем”.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи кишвар бо такя ба илм тақвият мебахшанд ва имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони кишвари мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештаре гузоранд.
Фарҳод Раҳимӣ – доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АМИТ
Хуршед Зиёӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон