Дар ин мақола ба шакли иқтибосҳои баргузида сухан аз бузургдошти ҷашни бостонии Наврӯз чун ҷашни оғози соли нав (баробаршавии шабу рӯз) ва анҷумани бузурги милливу расму русуми марбут ба он дар осори аллома, ҳаким ва донишманди зуфунуни тоҷику форси давраи Сомониён Абурайҳони Берунӣ (Абу́ Рейха́н Муҳаммад ибн Аҳмад ал- Берунӣ - 973-1048), ки осори худро ба забони арабӣ ва форсӣ иншо намудааст, хоҳад рафт. Алалхусус, инҷо асарҳои зерини ӯ - «ал-Осору-л-боқия» ва «Қонуни Масъудӣ» дар назаранд.
Хоразмиён ба мисли қавмҳои сакоӣ ва суғдиҳои қаламрави Авруосиё, аз қавли Абурайҳони Берунӣ, яке аз шохаҳои бузурги қавми эронии шарқианд ва аз нигоҳи баромади таърихӣ онҳо ба порсиён (аҳди Кайхусрав ва Сиёвуш) қаробат доранд. Ин эрониёни шарқӣ дар кулл дар замони ислом аз тарафи бегонагон ба мисли дигар эрониён ба худ номи умумии «тоҷик» (яъне на арабу на турк)-ро пазируфтанд ва онро касб кардаанд. Бояд гуфт, ки дар Хоразм пеш аз ислом илми ситорашиносӣ хеле зиёд тараққӣ карда буд, ки онро дар инҷо ба унвони «ахтарвеник» (ахтар-ситора) мешинохтанд. Осори фарҳангии хоразмиён (китобу набиштаҳо) дар вақти истилоъи араб аз тарафи сарлашкар Кутайба ибни Муслим (669-715)- волии Хуросони аҳди хилофати Умавиён (с.712) нест карда шуд. Бо вуҷуди ин дар замони Сомониён дар инҷо Академияи Маъмун фаъолият мекард ва Беруниву Ибни Сино аъзои фаъоли он буданд. Ба ин сабаб Абурайҳони Берунӣ - ин лашкаркаши ислом,Ибни Кутайбаро мавриди таънаву мазаммат қарор додааст ва дар ҷавоб ба ӯ дониши ахтаршиносии арабро дар муқоиса ба донишҳои хоразмиён на бештар аз дониши як деҳкони хокпоши хоразмӣ дониста ва баҳогузорӣ кардааст.
Олими зуфунуни хоразмӣ Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Қонуни Масъудӣ» ва китоби «ал-Осору-л-боқия» оид ба ҷашни Наврӯз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди мардуми муқимии тоҷики Хуросону эрониён, суғдиён ва хоразмиён (тоҷикон) ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзӯи Наврӯз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад.
- Иқтибосҳо аз китоби «Қонуни Масъудӣ» и Абурайҳони Берунӣ дар бораи Наврӯз:
Агарчи замон муғонро байни даврони яҳудиён ва насрониён қарор додааст, аммо оини онҳо ононро аз назари тақвимӣ (хронологӣ) вопас мебарад, зеро порсиён худро мансуб ба уммати пайғамбаре медонанд, ки дигарон пайғамбарии онро эътироф намекунанд. Порсиён дар ҳеч ҳол аз китобҳои осмонии машҳур пайравӣ намекунанд, ба ҷуз мавридҳое, ки дар осори қадимии онон бозтоб дошта бошад. Мо ( инҷо сухан аз забони Берунӣ аст!) ҳар чи тавонистем дар боби ҷашнҳои муғони Форс ва Хуросон ва рӯзҳое, ки онон бузург медоранд, маълумот гирд овардем ва дар ҷадвале таҳия сохтем, то истифода ва фаро гирифтани он осон гардад.
Ҷашнҳои порсиён дар оини муғон ва рӯзҳои бузургдошти онон
|
Номи ин рӯз дар моҳ
|
Моҳе, ки дар он иттифоқ меафтад
|
Сана дар ин моҳ
|
Наврӯзи шоҳон
Наврӯзи бузург, ки Наврӯзи ашрофон меноманд
Оғози замзама
Фарвардагон
|
Ҳурмуз
Хурдод
Суруш
Фарвардин
|
Фарвардинмоҳ
|
1
6
17
19
|
Урдибиҳиштгон
Оғози гоҳанбори севум
Анҷоми гоҳанбори севум
|
Хурдад
Аштаз
Анирон
|
Хурдадмоҳ
|
6
26
30
|
Тирагон, ки ин ҷашни вузуъ аст
|
Тир
|
Тирмоҳ
|
13
|
Мурдодгон
|
Мурдод
|
Мурдодмоҳ
|
7
|
Шаҳриваргон, ки Озарҷашн меноманд
Оғози гоҳанбори панҷум
Анҷоми гоҳанбори панҷум
|
Шаҳривар
Меҳр
Баҳром
|
Шаҳривармоҳ
|
4
16
20
|
Меҳргон
Ромрӯз, яъне Меҳргони бузург
|
Меҳр
Баҳром
|
Меҳрмоҳ
|
16
20
|
Обонгон
Оғози Фарвардигон ва анҷоми гоҳанбори шашум
|
Ахнуд
Вахишт
|
Андармоҳ
|
1
5
|
Баҳорҷашн, ки ин берун омадани кӯсариш аст
Озарҷашн
|
Ҳурмуз
Озар
|
Озармоҳ
|
1
9
|
Ҷашни Хуррамрӯз, ки Навад рӯз меноманд
Ҷашни якуми Дай
Оғози гоҳанбари якум
Сирсова
Ҷашни дуюми Дай ва анҷоми гоҳанбари якум
Пайкон
Шаби Ялдо (Гуакил)
Ҷашни сеюми Дай
|
Ҳурмуз
Дай бо Озар
Хур
Ҷусӣ
Дай бо Меҳр
Дай бо Меҳр
Меҳр
Дай бо дин
|
Даймоҳ
|
1
8
11
14
15
15
17
23
|
Баҳмангона
Бор Сада
Шаби Сада
Обрезагон дар Исфаҳон
|
Баҳман
Исфандармаз
Обон
Анирон
|
Баҳманмоҳ
|
2
5
10
30
|
Навиштани тумори каждумкуш
Оғози гоҳанбори дуюм
Анҷоми гоҳанбори дуюм
|
Исфандармаз
Хур
Дай бо Меҳр
|
Исфандармазмоҳ
|
5
11
15
|
/Оини/ пайравони ин дин мухолифи Китобҳои осмонӣ аст, агарчи баъзе аз онҳо инҳироф доранд, аммо муҳтавои онҳо, ки аз тариқи расму анъана расидаанд, пазируфтанашон барои касе, ки дар боби онҳо аз таассуб озод аст, сахт душвор аст. Ба ҳамин сабаб барои мо дар ин ҷо овардани ҳамаи он чи ки аз тариқи назарпурсӣ дар бораи ин дин ба даст омадааст, мувофиқи мақсад нест, аммо вазифаи мо тақозо мекунад, ки асоси ҳар кадом таълимоти диниро дар шакли ривоят биоварем. Вазифаи мо ин нест, ки аз назари интиқодӣ /ҳар кадом оинро/ баррасӣ ва таҳлил намоем, ки ин корест сахт душвор, ки аз уҳдаи дарку ҳаллу фасли он танҳо касе мебарояд, ки Худованди бузург ӯро ёрӣ ва бо ҳидояташ раҳнамоӣ кунад.
Дар робита ба Наврӯз ҳаминро мегӯем, ки номи он баёнкунандаи аҳамияти он аст, зеро он «Рӯзи нав»-ро ифода мекунад, чун ин рӯз оғозгари сол ва ибтидои давраи солонаи гардиши Хуршед мебошад. Мавқеи он усулан, аз дарозтарин рӯзи сол ба шумор меояд. Ин рӯзро ба ин сифат ба хотири он баргузидаанд, ки барои касоне, ки муайян намудани онро мехоҳанд, бе доштани донишу малакаҳои ситорашиносӣ, аз рӯи сояи ватад дар девор ва гузаштани рушное, ки аз сӯрохӣ ба хона сурат мегирад, осон аст. Ин рӯз оғози гирдоварии хироҷ бинобар расидани ҳосили ғалладонаҳо мебошад. Порсиён ба ин боваранд, ки Ҷамшед дар ин рӯз бар тавсан нишаст ва ба самти ҷануб ба размгоҳи девон худро расонд, ки манзури онҳо аз девон гӯё неруҳои сиёҳ ва зангиёнанд.
Дар мавриди Наврӯзи бузург порсиён чунин мегӯянд, ки дар ин рӯз Ҷамшед бо пирӯзӣ баргашт ва нури Хуршед бар тахти ӯ, ки бо зару ҷавоҳир ороста буд, афтод ва онро дурахшон гардонд. Ва ин рӯзро онон Шид ном карданд, ки маънии «дурах-шид-ан» дорад. Ва дар ин рӯз дар порсиён расме даромад, ки дар он об мепошиданд, зеро он рӯз ба номи фариштае буд, ки молики Об медонистанд. Дар ин рӯз бо бозгаштани Ҷамшед ва ба андоза гирифтани тамомии чизҳо, ки то он замон муайян набуданд, борони раҳмат ва ҳосилхезии /замин/ дубора сурат пазируфт.
Ва он чи ба рӯзи Суруш иртибот дорад, гӯянд, ки ин номи фариштаест нерумандтарин дар муқобили девон, ки ин рӯз дар ҳар кадом моҳ муборак дониста мешавад. Ва номи моҳҳо назди порсиён баргирифта аз номи фариштагон аст. Замзама – ин овозгунае баровардан аст, овозгунае бо димоғ, на бо калимоти қобили фаҳм. Замзамаро ба он манзур истифода мекарданд, то дуову намоз қатъ нагардад ва намоз назди порсиён сипоси Худованд ба ҷо овардан барои ҳар неъмате аст, ки доим ба бандагонаш ато мефармояд. Ба ин хотир аст, ки порсиён ҳангоми тановули таом даҳан ба сухан боз намекунанд, зеро дар ин ҳол шукри беҳтарин неъматеро ба ҷо меоранд, ки Худованд ато фармудааст.
Рӯзи нуздаҳуми Фарвардинмоҳ ба хотири он ҷашн гирифта мешавад, ки номи ин рӯз ба номи моҳ – Фарвардин мувофиқат дорад. Ва ин як расми порсиён аст, ки рӯзе, ки номи он ҳамноми ҳамон моҳ бошад, ҷашн мегиранд ва бузург медоранд. Ба ҳамин манзур рӯзи сеюми урдибиҳиштмоҳро ҷашн мегиранд, ки ин номи фариштаи молики оташ дониста мешавад. Ҳамчунин дар боқимонда моҳҳо низ ҷашнҳо сурат мегиранд.
Он чи гоҳанбор гуфта мешавад, ин аст, ки гоҳанборҳо шаштоанд ва ҳар кадоме аз онҳо шомили панҷ рӯз аст. Гоҳанборонро Зартушти Озарбодагон, ки онро паёмбар медонанд, бунёд гузоштааст ва онҳо дар баробари шаш рӯзе, ки Худованди бузург ҷаҳонро халқ фармудааст, қарор дода мешаванд, ки тафсилоти бештари ин амр дар оғози Таврот баён ёфтааст (ғараз инҷо дар шаш рӯз офарида шудани олам аст!). Ба бовари муғон Худованди бузург осмонро дар гоҳанбори аввал, обро, дар дар гоҳанбори дуюм, Заминро, дар дар гоҳанбори сеюм, гиёҳу рустаниҳоро дар дар гоҳанбори чаҳорум, ҷонваронро дар дар гоҳанбори панҷум, ва бани Одамро дар дар гоҳанбори шашум халқ фармудааст. Гоҳанборҳо ба забоне номгузорӣ шудаанд, ки барои навиштани онҳо лозим омад ва онро забони Авасто гӯянд.
Бо он чи дар боло гуфта омад, бинобар мувофиқ омадани номҳо шашуми Хурдодмоҳ ҷашн дониста мешуд. Ҳамчунин рӯзи ёздаҳуми Тирмоҳ ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз инчунин тир андохтани Ораш ба муносибати сулҳ миёни Манучеҳр ва Афросиёб иттифоқ афтод. Шарти сулҳ ин буд, ки то он нуқтае, ки тири Ораш мерасад, қаламрави Манучеҳр дониста шавад. Порсиён ба ин бовар ҳастанд, ки Ораш аз болои кӯҳи Руёна тир андохт ва тири ӯ ба решаи дарахти чормағзе афтод, ки дар байни Фарғона ва Тохаристон воқеъ буд. Онон рӯзи дигарро пас аз он низ ҷашн мегиранд, ба ин бовар ки дар он рӯз паём дар бораи тири Ораш интишор ёфт. Дар рӯзи Тиргон порсиён обварзӣ мекунанд ва ошхонаву оташдони худро вайрон мекунанд. Ва ин корро ба хотири бузургдошти рӯзе анҷом медиҳанд, ки мардумон аз муҳосираи лашкари Афросиёб берун омаданд ва имкони бозгаштан ба кору бори худ барояшон фароҳам омад. Он чи ба обварзии онон иртибот мегирад, ин аст, ки ба бовари порсиён, Кайхусрав ҳангоми бозгашт аз ҷанг бо Афросиёб назди чашмаи обе фурӯд омад ва дар ҳоле, ки аз лашкар ҷудо буд, аз ғояти хастагӣ беҳуш афтод. Ин вақт писари Гударз – Виҷн назди ӯ расид ва ба рӯйи Кайхусрав об пошид, то замоне, ки ӯ ба ҳуш омад. Аз он ҳангом расми обварзӣ назди порсиён бузург дониста мешавад.
Шаҳриваргонро Озарҷашн меноманд, зеро дар ин рӯз, ки охири рӯзҳои гоҳномаи порсиён аст, ҳаво дигаргун шуда ба сардӣ мегарояд ва мардумон барои гарм кардани хонаҳо ниёзманди сӯзишворӣ мегарданд. Дар моҳи Шаҳривар, дар миёнаи он – рӯзи Меҳр – рӯзи ҷашни тохариён аст, на порсиён, вале он дар айёми мо ба рӯзи аз ҳама бузург /ва барои ҳамаи муғон муштарак/ дониста мешавад ва онро оғози фасли поиз медонанд. Ва ин рӯзро «Ганҷури аввал» гӯянд ва аммо рӯзе, ки баъди понздаҳ рӯзи он фаро мерасад, «Ганҷури дуюм» меноманд. Эҳтимол дорад, ки ин рӯзҳо мутаносибан, ба хоссон ва мардуми авом нисбат дода мешуданд.
Аммо Меҳрагон рӯзест, ки ба бовари порсиён Афридун бар Байварасп, ки бо номи Заҳҳок машҳур аст, пирӯз омад ва ӯро ба асорат гирифт ва дар кӯҳи Дунбованд бандӣ кард. Аммо гуфтаанд, ки ин амр дар рӯзи Ромрӯз иттифоқ афтод ва Зардушт амр бар ин намуд, ки ҳар кадоме аз ин ду рӯз бузург дошта шаванд. Таносуби онҳо чунон аст, ки миёни ду Наврӯз воқеъ гаштааст.
Дар рӯзи Обонгон Зав - писари Таҳмосп обро дар рӯдхонаҳое, ки Афросиёб хокрез карда буд, ҷорӣ сохт. Дар ин рӯз инчунин паёми поён ёфтани ҳукмронии Байворасп ба иқлимҳо расид, ки онҳо ҳамчун қаламрави кишварҳо ҳастанд. Ва ҳар кас ҳокими хонаву хонаводаи худ гашт пас аз он ки замоне ҳеч кас ҳокими хонаву хонавода набуд, ба сабаби миёни одамон тасаллут доштани девони бадхӯ.
Аммо Фарвардингон – ин панҷ рӯз аст, ки порсиён хӯрданиву нӯшиданиҳоро барои арвоҳи даргузаштагони худ арза медоранд, зеро ин рӯзҳо ба темордории арвоҳ ихтисос доранд. Инҳо рӯзҳои охирини Обонмоҳанд. Валекин ҳангоме ки рӯзҳои «дуздидашуда» дар ҳаштумин кабисаи пас аз Зардушт дар поёни Обонмоҳ қарор дода шуданд, замони хотимаи моҳ афзуд ва аз панҷ рӯз бештар гардид. Ба ин сабаб дар нисбати Фарвардингон ихтилофҳо ба миён омад, яъне оё Фарвардингон панҷ рӯзи поёнии Обонмоҳ аст, ё панҷ рӯзи «дуздидашуда».
Аммо Баҳорҷашн – ин оғози баҳор дар гоҳномаи Хусравон буд. Дар ин рӯз дар замонҳои пешин одами кусарише савори маркаб бодбезакро алвонҷ дода аз рафтани сармо ва фаро расидани гармиҳо паём медод, дар айёми мо низ ҷиҳати шодмон сохтани одамон ин маросимро барпо медоранд. Бодбезак ин ҷо рамз ва нишонаи ҷон бохтани сармо мебошад. Дар ин рӯз ба бовари порсиён хуросонхара ба зуҳур омад, ки онҳо рӯбоҳҳои парронанд. Дар замони Каёниён хуросонхара рамзу нишони саодатмандии онҳо буд, ки бо заволи Каёниён инқирз ёфтанд.
Дар рӯзи Озарҷашн порсиён ба оташкадаҳо мерафтанду дар он ҷо қурбониҳо карда садақа медиҳанд. Он чи ба Аҳурорӯз иртибот мегирад ин аст, ки чун порсиён Даймоҳро моҳи бузургдошти Яздон медонанд, пас рӯзи оғозини ин моҳ ки номи Яздонро дорад, рӯзи фархунда ва хуҷаста дониста мешавад. Ин рӯзро Навадрӯз низ мегӯянд, чун ин шумораи рӯзҳост миёни он ва Наврӯз. Се рӯзе, ки дар таркиби номи ҳар кадом вожаи «дай» мавҷуд аст, бузург дониста мешаванд ва ин ба сабаби мувофиқати онҳо бо номи моҳ мебошад.
Аммо рӯзи Сирсаво он аст, ки дар он рӯз тамоми хӯрданиҳоро бо сирпиёз мехуранд, то аз зиёни девон дар амон бошанд. Порсиён ба ин боваранд, ки девон дар ин рӯз, ки куштори Ҷамшед иттифоқ афтод, бар одамиён пирӯз омаданд. Ва он чи ба рӯзи Пайкон иртибот дорад ин аст, ки порсиён дар ин рӯз аз гил ё хамир пайкари одамӣ сохта дар дами дару дарвозаҳо мегузоштанд. Акнун ин расму анъана канор гузошта шудааст, чун он ба рамзҳое алоқамандӣ дорад, ки ҳамчун нишонаҳои бутпарастӣ ислом манъ кардааст.
Аммо он чи ба шаби Ялдо нисбат медиҳанд, ин аст, ки шаби Ялдо пас аз рӯзи понздаҳум меояд. Дар ин шаб порсиён говҳоро ороста таъзими онҳоро ба ҷо меоранд. Сабаби ин амр ба бовари порсиён он аст, ки пас аз синаи модар боз кардан Фаридун бар пушти гов нишаст ва низ дар ҳамин рӯз буд, ки пас аз муддате, ки Байварасп говонро дар банд медошт ва бо онҳо бархурди бераҳмона мекард, говҳои Асфион – падари Фаридун озод карда шуданд. Ва мардум бинобар муносибати меҳрубононае, ки Асфион нисбат ба говҳои хушхӯ зоҳир намуд, он шабро бузург доштанд ва ҷашн мегирифтанд.
Дар ҷашни Баҳманҷа порсиён дар кӯзаҳо аз тариқи бо ҳам омехтани гиёҳҳои хӯрданӣ, донакҳо, тухмиҳо ва гӯшти ҳар гуна ҷонварон ғизо таҳия месозанд ва дар ин ҷашн онҳо баҳмани сапед ва шири аз ҳама сапедтаринро менӯшанд, ба ин бовар, ки ононро аз чашми бад дар амон медорад.
Барсадак маънии Садаи пешинро дорад, чун он панҷ рӯз пеш аз Сада меояд. Барсадакро Навсада низ мегӯянд. Дар иртибот бо Садак низ гӯянд, ки дар ин рӯз шумораи насл аз Меша ва Мешон ба сад расид ва ин ду ба бовари порсиён нахустодамон буданд. Аз ин рӯ Садаро чунин номгузорӣ кардаанд. Ва низ мегӯянд, ки миёни ин Сада ва Наврӯз сад рӯзу шаб аст, агар ҳар кадом /рузу шаб/ ҷудо шуморида шавад. Ин ном ба номи Навад рӯз мемонад, ба ҳамин хотир калимаи «рӯз» ҳамроҳ бо Сада корбурд надорад.
Дар робита бо он ки дар баландиҳо дар шабе, ки пас аз рӯзи даҳум меояд, оташ равшан мекунанд, ривоят ин аст, ки Азмоил – вазири Байварасп марди некусирате буд ва кӯшиш мекард, ки одамонеро, ки Байварасп амр бар куштани онҳо медод, бештар зинда гузорад. Ӯ одамони наҷотдодаашро дар ҳудуди Думбованд пинҳон нигоҳ медошт. Ва ҳангоме ки Фаридун ба Байварасп пирӯз омад Азмоил, ки ин корро анҷом дода буд хост ба ин васила мулозимати Фаридун кунад. Аммо Фаридун ба ӯ бовар накард ва Азмоилро бо шахсони мӯътамади худ равон кард, то онҳо бо чашми сар наҷотдодагони Азмоилро бибинанд. Дар ҳамон рӯз буд ки шабонгоҳ ба назди наҷотёфтагон расиданд ва Азмоил аз наҷотдодагонаш дархост намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо болои боми худ оташ равшан кунанд. Ва аз оташҳои афрухта осмон равшан гардид. Пас Фаридун Азмоилро ҳокимии Думбованд фармуд ва ба ӯ унвони «Масмоган» арзонӣ дошт.
Аммо дар рӯзи Обрезагон мардум ба ҳамдигар об мепошанд, ба хотири талаби борон дар Ироншаҳр муддати ҳафт сол дар айёми Фирӯз – падарбузурги Анушервон. Он замон Фирӯз ба оташкада рафт, ки Озархурра мегуфтанд ва бо як тавозуъу ихлос дар он қурбонӣ дод. Ба ин васила ҳамзамон бо борон мардум наҷот ёфтанд ва ҳар касе ки борон ба ӯ расид он рӯзро ҷашн мегирифт. Дар Исфаҳон ҷашни ин рӯз расм гардид, чун дар ин рӯз борон ба исфаҳониён расида буд.
Он чи ба рӯзи панҷуми Исфандармазмоҳ иртибот дорад, ин аст, ки номи он номи фариштаест молики замин ва пушту паноҳи бонувони покдоман. Дар гузаштаи дур ин ҷашн махсуси бонувон буда Муждгирон ном доштааст, ба маънии «Тақозои бонувон». Акнун ин рӯз ҳамчун рӯзи навиштани паёмҳо машҳур аст, зеро мардуми авом дар ин рӯз паёмҳо навишта дар девори хонаҳо мебанданд, ки ин ба бовари онҳо зиёни ҳашарот ва ба хусус каждумро аз хонаҳо дур месозад.
Ин буд нахустин сабабҳои ҷашнҳои порсиён, ки ёдовар шудем ва онро мувофиқ бо маълумоте баён намудем, ки аз донандагони он гирдоварӣ кардем. Ва Худованд донотарини доноён аст.
Манбаъ: Абурайхон Беруни. Избранные сочинения. – Ташкент, 1973, том V, часть первая «Канон Мас’уда», книга вторая. – С.236-242. Тарҷумаи Аҳмад Ҳоҷизода
- Шарҳи порчаҳо роҷеъ ба Наврӯз аз «ал-Осору-л-боқия»-и Берунӣ:
Аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ чунин меорад, ки :
«Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса (ба истилоҳ – высокосный год) мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва Фарвардинмоҳ аввали тобистон ва Тирмоҳ аввали поиз ва Меҳрмоҳ аввали зимистон ва Даймоҳ аввали баҳор буд. Берунӣ баён медорад, ки бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури маънавию рӯҳонӣ мебошанд. «Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рӯзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони рӯҳ онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дӯстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рӯзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рӯзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми рӯҳониро диноварон ва шоирон аз пешвоёни миллат ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рӯзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рӯзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».
Ниг.: Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с.324.2
- Наврӯз дар аҳди Ислом. Гузориши Берунӣ
Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони мо, ки ҷашни Наврӯзро бо тамаддуни ислом муқобил мегузоранд, осори тоисломиро нишонаи ҷоҳилият ва бадавият медонанд, инҷо чанд мисол мезанем. Гап дар сари он аст, ки дар тафовут аз дигар халқу қабоил мардумони ориёии тоҷику эронӣ қабл аз ислом тамаддуни пешрафтае доштанд, ки ҷаҳонро ба ларза дароварда буд, гузашта аз ин он барои дигарон дарси ибрат буд. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврӯз сухан оғоз мекунад. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврӯз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд. Барои собит сохтани дар аҳди бостон фарогиранда будани Наврӯз Берунӣ ду ривоят оид ба Наврӯз ва суннатҳои онро ёдоварӣ менамояд. Яке ин аст, ки:
Сулаймон пайғамбар чун ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт. Ва мурғон бар гирди ӯ гирд омаданд, эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад», яъне рузи тоза биомад. Ва парасту бо минқори хеш қадре об овард ва бар рӯи Сулаймон пошидва як рони малах низ ҳадия овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашҳо ба назди ҳам мефиристанд. Ривояти дигар ба ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (С) иртибот мегирад, ки ровиён онро ба Ибни Аббос нисбат медиҳанд. Нақл кардаанд, ки дар Наврӯз зарфи нуқрагин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар (С) ҳадия оварданд. Ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд. Ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред. Ва мурданд, сипас ононро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онон биборад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шудааст. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва зарфро миёни асҳоби худ қисмат карду гуфт: Кош, ҳар рӯзе барои мо Наврӯз буд!».
Манбаъ: Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377. – 324 с.
Таҳияи Аҳмад Ҳоҷиев
н.и.ф.,ходими пешбари илмии
Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ