21 март – рӯзи байналмилалии Наврӯз
- Душанбе, Мар 13 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Дар таърихи башарият 23 феврали соли 2010 рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар ин рӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатъномаеро таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо ризоият қабул намуд.
Тарҳи ин қатъномаро ҳайатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Эрон якҷоя омода карда, ба Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод карданд.
Дар матни қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ омадааст:
«1) 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф карда шавад;
2) Аз талошҳои давлатҳои узв, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ҷиҳати ҳифз ва рушди фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба Наврӯз истиқбол мекунад;
3) Давлатҳои узвро ташвиқ мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба Наврӯз ва дар ҳолати зарурӣ ҳамасола чорабиниҳои барои таҷлили ин ҷашн ташкил карда шаванд;
4) Давлатҳои узвро, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ташвиқ мекунад, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то донишҳоро дар бораи мероси Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн кунанд;
5) Давлатҳои манфиатдори узв ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла муассисаҳои дахлдори махсусгардонидашуда, фондҳо ва барномаҳои дахлдори он, бахусус Созмон оид ба маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), созмонҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматиро дар чорабиниҳое, ки давлатҳое баргузор мекунанд, ки Наврӯз дар онҳо таҷлил мешавад, барои иштирок даъват менамояд».
Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз, ки 21-уми март таҷлил мешавад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Ба шарофати Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз мақоми байналмилалии як замон фаромӯшшудаашро барқарор кард. Наврӯз ба таври дуруст мақоми байналмилалӣ гирифт: ҳар бистумин сокини рӯи замин (беш аз 400 миллион нафар) фарорасии соли навро бо ҷашни баҳор алоқаманд медонад. Наврӯз таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад ва ин гувоҳ аз он аст, ки мардуми мо бо ҳисси эҳтиром ва сарфакорӣ ин ҷашни зебои аҷдодии худро то замони мо ҳифз кардаанд.
Бисёре аз давлатҳо аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯзро эътироф кардаанд. Ҳамин тавр, рӯзи 15 марти соли 2010 Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 384 раъйи ҷонибдорӣ, қатъномаи рақами 267 дар бораи Наврӯзро қабул кард, ки бо ибораи «Эътироф кардани аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯз...» оғоз мешавад.
30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият шомил карда шуд. Қарор дар бораи ворид кардани ин унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 кишвари узви Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ дар ҷаласаи худ, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2009 дар Абу-Даби баргузор гардид, қабул карда шуд.
Вожаи «Наврӯз» аз забони тоҷикӣ-форсӣ ба унвони «рӯзи нав» тарҷума шудааст. Решаи Наврӯз ба замонҳои қадим меравад. Ин қадимтарин ҷашни кишоварзист, ки пайдоиши он бо пайдоиши тақвими кишоварзӣ алоқаманд аст. Наврӯз – рӯзи аввали солшумории эронӣ, оғози баҳор, мувофиқ ба рӯзи Ҳурмузи моҳи Фарвардин (мувофиқ ба 21 март), баробаршавии шабу рӯз, ибтидои мавсими нашъунамо ва шукуфоӣ рост меояд.
Ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ бо санадҳои қонунгузории худ Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ тасдиқ карданд. Дар Тоҷикистон Наврӯз рӯзи ид аст ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 он 4 рӯз, аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.
Аҳамияти байналмилалӣ ва умумифарҳангии Наврӯз дар он аст, ки мисли дигар ҷашнҳои миллӣ, он ибтидои муттаҳидкунанда дорад, зеро онро ҳама – чӣ пиру чӣ ҷавон ҷашн мегиранд. Вижагии таърихӣ ва аҳамияти умумии фарҳангии Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар ду далели ҷолиби таърихӣ ифода ёфтааст.
Нахуст, дар он аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни солинавии мардуми эронитабор дуртар аз сарзамини таърихии худ, яъне ба ҷашни миллии як қатор кишварҳо ва халқҳои дигар табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони имрӯз ҷуғрофиёи ҷашни Наврӯз васеътарин буда, кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби Чин оғоз ёфта, то қаламрави Осиёи Марказӣ, сарзамини Ҳинд, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз ва Русия, марзҳои Аврупо, Осиёи саѓир, Балкан, Ховари Миёна, мамлакатҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ тӯл мекашанд. Яъне, имрӯз ин ҷашн на танҳо бо мардумони эрониву тӯронӣ иртибот дорад, чунон ки дар қадим буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Сониян, дар худи тавзеҳ додани пайдоиш ва моҳияти ин ид аз ҷониби ворисони бузурги фарҳанги классикии тоҷику форс ва пештар аз ҳама дар тафсири устуриявии Умари Хайём нуҳуфта аст, ки рӯҳан дар чаҳорроҳаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб ба воя расидааст. Тибқи рисолаи маъруфи ӯ «Наврӯзнома», Наврӯзро шоҳи Эрон Ҷамшед мувофиқи як падидаи умумиҷаҳонии астрономӣ – фарорасии баробарии шабу рӯз муқаррар кардааст. Аммо гап танхо дар асоси табиӣ доштани ин ид нест. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки суннати маънавии форсу тоҷик шоҳ Ҷамшедро ба унвони ҳокими «ҳафт кишвар», яъне тамоми қисматҳои сарзамин муаррифӣ мекунад.
СММ аз кишварҳои узв, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ташвиқ ба амал меорад, то таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то дониш дар бораи осори Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардад. Дар ин росто бояд гуфт, ки илми Наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишмандони тоҷик роҷеъ ба таъриху суннатҳои Наврӯз ва таҷлили он дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар матолиби зиёде мунташир карда, ҷиҳати омӯзиши мақоми байналмилалии Наврӯз корҳои илмӣ бурда истодаанд ва ин натиҷаи судманд бахшида истодааст. Дар сатҳи байналмилалӣ Наврӯз бори нахуст соли 2012 дар Душанбе бо ширкати ҳайатҳои баландпояи беш аз 30 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.
СММ ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узв даъват мекунад, ки дар ҷашнҳо ширкат кунанд. Ин самараи мусбат дошта, ба мустахкам шудани ҳамфикрӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу амонии байни халқҳо ҳиссаи сазовор мегузорад. Наврӯз пули иртибот ва ҳамкориҳои фарҳангӣ, пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳост. Вай мақоми иди умумиҷаҳонӣ гирифта, ба фикри мо, халқҳоро боз ҳам зичтар муттаҳид мекунад, дӯстӣ ва бародариро инкишоф медиҳад, сулҳу вахдатро мустаҳкам мекунад, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан мекунад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони мо ин ҷашнро бо ниятҳои олӣ, ки муҷассамаи меҳру вафодорӣ, покиву садоқат, зебоӣ ва нозукӣ, меҳнатдӯстӣ ва бедорӣ мебошад, офаридаанд. Таҷлили он бо рӯҳияи интегративии Созмони Милали Муттаҳид, ки барои муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери идеалҳои бузурги сулҳ ва ҳамбастагии ҳамаи фарзандони Одам, дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу ваҳдати байни мардум саҳми арзанда мегузорад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳамкоронро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамчун ҷашни умумибашарӣ таҷлил мегардад, табрику муборакбод гуфта, барои ҳар яки онҳо саодати зиндагиро орзу менамоям.
Саидумар Раҷабов
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ