Масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷумъа, Мар 03 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Маълум аст, ки масъалаҳои иҷтимоӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи хеле паст қарор дошт ва вазъияти гурўҳҳои иҷтимоии аҳолии кишвар тоқатфарсо буд. Дар натиҷаи кўшишҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол кишвари Тоҷикистон тавонист ин вазъияти ногуворро паси сар кунад. Маҳз дар Паёми Пешвои миллат ҳама сола ба ин масъалаи ҳаётан муҳим диққати махсус дода мешавад, чунки бе ҳалли самараноки масъалаи иҷтимоӣ, ки ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа таъсиррасон аст, рушди ҷомеаро таъмин кардан ғайри имкон аст.
Чи тавре ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, масъалаи таъмини шуғли гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, баланд бардоштани сифати тахассусии ҷавонон, бунёди ҷойҳои нави корӣ, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст. Бояд зикр кард, ки низоми маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ омили асосии пешравии ҷанбаҳои ҳаётан муҳими ҷамъият буда, бе дастгирии самараноки давлат ба муваффақият ноил шуда наметавонад. Аз тарафи дигар, ҳар як омўзгорро, ки дар системаи маориф ба таълиму тадрис машғул аст, водор мекунад, ки мутахассисони касбиеро тайёр намояд, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў бошанд. Аз ин лиҳоз дар Паём ба ниҳоди маориф ҳамчун соҳаи муҳим барои фардҳои алоҳида ва тамоми ҷомеа, аҳамияти махсус дода шудааст. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар давраи соли 2022 беш аз 900 ҳазор, ҷойи кории нав таъсис дод, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, дар муқоиса ба соли 2018 дар соли 2022, 62 фоиз зиёд гардидааст.
Илова ба ин, чи тавре ки дар Паём омадааст, дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Соҳаи тандурустӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, нишондиҳандаи асосии саломатии аҳолӣ ва қобилияти кории онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ нишон медиҳад.
Маълум аст, ки соҳаи илм воситаи асосии пешравии истеҳсолот буда, рушди соҳаи саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба он алоқаи бевосита дорад ва дар Паём ин масъала хеле хуб баррасӣ шудааст. Бинобар ин, ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ин соҳа аҳамияти хоса дорад, зеро он омили асосии рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Умуман Паёми соли ҷорӣ баррасии масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолиро дар бар гирифта, барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи босамар мегузорад.
Қаҳҳоров Ғ.Ғ.
д.и.ф., сарходими Шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
д.и.ф., сарходими Шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции